Якум Вақоеънома боби 4

Насли Яҳудо ва Шимъӯн.

  1. ПИСАРОНИ Яҳудо: Форас,  Ҳесрӯн  ва  Кармӣ ва Ҳур ва Шубол.
  2. Ва Раоё ибни Шубол Яҳатро ба дуньё овард, ва Яҳат — Аҳумай ва Лоҳадро; инҳоянд оилаҳои соръотиён.
  3. Ва инҳо писарони падари Эйтом мебошанд: Изреъил ва Ишмо ва Идбош; ва номи хоҳарашон Ҳаслелфӯнӣ буд.
  4. Ва Фануил падари Ҷадур ва Эзар падари Ҳушо; инҳо писарони Ҳур, нахустзодаи Эфрат, падари Байт-Лаҳм буданд.
  5. Ва Ашҳур, падари Тақӯо, ду зан дошт: Ҳелъо ва Нааро.
  6. Ва Нааро барои ӯ Аҳуззом ва Ҳефар ва Темнӣ ва Ҳоаҳашториро зоид, — инҳо писарони Нааро буданд.
  7. Ва писарони Ҳелъо: Сорат ва Сӯҳар ва Этнон.
  8. Ва Қӯс Онуб ва Субибо ва  оилаҳои Аҳарҳил ибни Ҳорумро ба дуньё овард.
  9. Ва Яъбис аз бародарони худ   мӯҳтарамтар   буд,   ва модараш ӯро Яъбис ном ниҳода, гуфт: «Зеро ки  ман ӯро бо андӯҳ зоидаам».
  10. Ва Яъбис сӯи Худои Исроил хонда, гуфт: «Кошки Ту маро баракат медодӣ, ва ҳудуди маро афзун менамудӣ, ва дастӣ Ту бо ман мебуд, ва маро аз офат маҳфуз медоштӣ, то ки андӯҳгин набошам!» Ва Худованд ба вай он чи тала-бида буд, ато намуд.
  11. Ва Қалуб, бародари Шуҳо, Маҳирро, ки падари Эштӯн бошад, ба дуньё овард,
  12. Ва Эштӯн Байт-Рофо ва Фосияҳ ва Таҳинно, падари шаҳри Ноҳошро ба дуньё овард, — инҳо мардуми Рико мебо-шанд.
  13. Ва писарони  Қеназ: Отниил  ва Сароё; ва писари Отниил: Ҳатат.
  14. Ва Маӯнӯтай Офроро ба дуньё овард, ва Сароё Юоб, падари Дараи косибонро ба дуньё  овард,  зеро ки косиб буданд.
  15. Ва писарони Колеб ибни Ефунне: Иру, Эло ва Ноам; ва писари Эло: Қеназ.
  16. Ва писаронн Еҳалелъил:   Зиф  ва  Зифо,  Тирьё   ва Асаръил.
  17. Ва писарони Эзро: Ётар ва Морад ва Эфар ва Ёлӯн; ва Мирьём ва Шаммай ва Ишбаҳ, падари Эштемӯаро зоид.
  18. Ва зани яҳудияи ӯ Ёрад, падари Ҷадур, ва Ҳобар, падари Сукӯ, ва Яқутиил, падари Зонӯаҳро зоид;   ҳаминҳо писарони Битьё бинти фиръавн, ки Морад  гирифта  буд, мебошанд.
  19. Ва писарони зани ӯ Ҳӯдиё, ки хоҳари Ноҳам, падари Қаило буд, Ҷармӣ ва Эштемӯаи маъкотӣ буданд.
  20. Ва писарони Шимӯн: Амнӯн ва Ринно, Бен-Ҳанан ва Тилӯн; ва писарони Йишъӣ: Зӯҳит ва Бен-Зӯҳит.
  21. Писарони Шело ибни  Яҳудо:  Эр, падари Лико, ва Лаъдо,  падари Морешо,  ва оилаҳои корхонаи катонбофӣ аз хонадони Ашбеа,
  22. Ва Юқим ва мардуми Кузибо ва Юош ва Сороф, ки амлокдорони Мӯоб буданд ва бо ҷанг ҷавоб мегардонданд; ва ин вақоеи қадим аст.
  23. Онҳо кулолгар   буданд  ва  дар  Натоим  ва   Ҷадеро сукунат доштанд, аз ҷониби подшоҳ барои иҷрои кори ӯ дар он ҷо сокин буданд.
  24. Писарони Шимъӯн: Намуил ва Ёмин, Ёриб,  Зораҳ, Шоул;
  25. Писараш Шаллум, писараш Мибсом, писараш Мишмоъ.
  26. Ва писарони   Мишмоъ:   писараш Ҳаммуил, писараш Заккур, писараш Шимъӣ;
  27. Ва Шимъӣ шонздаҳ писар ва шаш духтар дошт, вале бародаронаш писарони бисьёр надоштанд, ва тамоми оила-ашон мисли банӣ-Яҳудо сершумор нашуда буд.
  28. Ва онҳо дар Беэр-Шобаъ ва Мӯлодо ва Ҳасар-Шуол сукунат доштанд,
  29. Ва дар Билҳо ва Осам ва Тӯлод,
  30. Ва дар Батуил ва Ҳормо ва Сиқлоҷ,
  31. Ва дар Байт-Маркобӯт ва Ҳасар-Сусим ва Байт-Биръӣ ва Шаароим; ин шаҳрҳо то вақти подшоҳии Довуд аз они онҳо буд.
  32. Ва қасабаҳои онҳо: Эйтом ва Айин, Риммӯн ва Тӯкин ва Ошон — панҷ шаҳр,
  33. Ва ҳамаи  қасабаҳои  онҳо,   ки дар  гирду  пеши  ин шаҳрҳо то Боал буд; ҳамин аст масканҳои онҳо ва насабно-маҳое ки онҳо доштанд.
  34. Ва Машубоб ва Ямлик ва Юшо ибни Амасьё,
  35. Ва Юил ва Еҳу ибни Юшибьё, ибни Сароё, ибни Асиил,
  36. Ва Элюэнай ва Яъқубо ва Юшуҳоё ва Асоё ва Адиил ва Ишмиил ва Баноё,
  37. Ва Зизо ибни Шифъӣ, ибни Аллӯн, ибни Ядоё, ибни Шимрӣ, ибни Шамаъё, —
  38. Инҳо, ки номҳошон зикр ёфтааст, сардорони оилаҳои худ буданд, ва хонаводаи  падаронашон  бағоят   сершумор гардида буд.
  39. Ва онҳо ба даромадгоҳи Ҷадур, то тарафи шарқии дара рафтанд, то ки барои рамаҳои худ чарогоҳ пайдо кунанд.
  40. Ва чарогоҳи   сералафи   хубе   ёфтанд,   ва  он замин фарох ва ором ва осоишта буд, ки дар он ҷо пештар ҳомиён сукунат доштанд.
  41. Ва онҳое ки дар айёми Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ном ба  ном  навишта  шуда  буданд,   омада,  хайманишинон   ва маӯниёни дар он ҷо ёфтшударо зарба заданд ва то имрӯз онҳоро маҳв намуда, дар ҷояшон сокин шуданд,  зеро ки чарогоҳ барои рамаҳошон дар он ҷо буд.
  42. Ва аз миёни онҳо, аз банӣ-Шимъӯн, панҷсад  нафар ба кӯҳи Сеир рафтанд, ва Фалатьё ва Наарьё ва Рафоё ва Узиил, писарони Йишъӣ, сардорашон буданд;
  43. Ва бақияи  растагорони Амолеқро  зарба  заданд,  ва то имрӯз дар он ҷо сукунат доранд.

© IBT 1992