Такрори Шариат боби 19

Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.

  1. «ҲАНГОМЕ ки Худованд Худои ту халқҳоеро, ки Худованд Худои ту заминашонро ба ту медиҳад, маҳв намояд, ва ту вориси онҳо гардида, дар шаҳрҳо ва хонаҳои онҳо сокин шавӣ, —
  2. Се шаҳрро барои худ андаруни замини худ, ки Ху-дованд Худоят онро барои тасарруф кардан ба ту медиҳад, ҷудо кун.
  3. Роҳе барои худ бисоз, ва ҳудуди замини худро, ки Худованд Худоят онро ҳамчун мулк ба ту медиҳад, ба се қисм тақсим намо, то ки ҳар қотил ба он ҷо бигрезад.
  4. Ва ин аст қонун барои қотиле ки метавонад ба он ҷо гурехта, зинда бимонад: касе ки ёри худро нодониста куш-тааст, дар сурате ки пештар ба вай душман набуд;
  5. Масалан, касе ки бо ёри худ  барои  дарахтбурӣ ба ҷангал омадааст, ва дасташ табарро барои буридани дарахт қулоч кашида задааст, вале оҳан  аз табардаста  баромада, ба ёри вай хӯрдааст, ва  ӯ  кушта шудааст, — бигзор вай ба яке аз ин шаҳрҳо бигрезад, то ки зинда бимонад;
  6. Мабодо хунхоҳ дар вақти гармии дили худ қотилро таъқиб кунад,  ва бо  вуҷуди дурии роҳ,  ба ӯ расида ги-рифта, ӯро бикушад, ва ҳол он ки ӯ сазовори қатл нест, зеро ки пештар ба вай душман набуд.
  7. Бинобар ин ман ба ту амр фармуда, мегӯям: се шаҳр-ро барои худ ҷудо кун.
  8. Ва ҳангоме ки Худованд Худоят ҳудуди туро, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст, васеъ кунад, ва тамоми за-минеро, ки ба падаронат додани онро ваъда кардааст, ба ту бидиҳад, —
  9. Ва ту тамоми ин аҳкомро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, то ки Худованд Худои худро дӯст дошта, тамоми айём бо роҳҳои Ӯ биравӣ, — он гоҳ бар ин се шаҳр барои худ се шаҳри дигар илова намо,
  10. Ва бигзор андаруни замини ту, ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, хуни ноҳақ рехта нашавад: гуноҳи он хун бар гардани ту хоҳад буд.
  11. Валекин агар касе ба ёри худ душман шуда, бар вай камин гирад, ва ба зидди вай бархоста,  варо зарба  зада бикушад, ва ба яке аз ин шаҳрҳо бигрезад, —
  12. Он гоҳ пирони шаҳри вай бояд фиристода, варо аз он ҷо бигиранд, ва ба дасти хунхоҳ варо бисупоранд, то ки ба қатл расонида шавад.
  13. Бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад, то ки хуни ноҳақро аз Исроил барҳам диҳӣ, ва барои ту некӯ бошад.
  14. Марзаи ёри худро, ки аҷдод дар мулки ту кашидаанд, вайрон накун, — дар  мулке ки ба даст  хоҳӣ  овард  дар замине ки Худованд Худоят барои тасарруф кардани он ба ту медиҳад.
  15. Бигзор ба муқобили касе дар бобати ҳар хато ва ҳар ҷиноят, дар бобати ҳар гуноҳе ки вай карда бошад, як шоҳид баромад накунад, балки бо гувоҳии ду шоҳид, ё бо гувоҳии се шоҳид мурофиа ба амал ояд.
  16. Агар шоҳиди козибе ба муқобили касе баромад карда, дар ҳаққи вай тӯҳмат кунад, —
  17. Бигзор он ду касе ки дар миёнашон даъвое мавҷуд аст, ба ҳузури Худованд, ба ҳузури коҳинон ва довароне ки дар он рӯзҳо бошанд, ҳозир шаванд;
  18. Ва доварон  дурустакак   тафтиш   кунанд,   ва   инак, маълум шудааст, ки он шоҳид шоҳиди козиб аст, яъне дар ҳаққи бародари худ шаҳодати бардурӯғ додааст, —
  19. Пас, дар ҳаққи вай ончунон  амал  кунед,  чунон ки вай қасди бад дошт, ки дар ҳаққи бародари худ амал кунад; ва ту шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  20. Ва дигарон инро  шунида,  ҳаросон хоҳанд  шуд,  ва минбаъд чунин кори бад дар миёни ту нахоҳанд кард.
  21. Бигзор чашми ту раҳм накунад: ҷон дар ивази ҷон, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой».

© IBT 1992