Ҳастӣ боби 6

Тӯфон. Сабабҳои ғазаби Худо.

  1. ВА чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
  2. Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
  3. Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
  4. Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.

Сарнавишт дар бораи доварӣ.

  1. Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
  2. Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
  3. Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».

Сарнавишт дар бораи файз.

  1. Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
  2. Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
  3. Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
  4. Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
  5. Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
  6. Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
  7. Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
  8. Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
  9. Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
  10. Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
  11. Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
  12. Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
  13. Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт-ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
  14. Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
  15. Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий