Ададҳо боби 22

Билъом.

  1. ВА банӣ-Исроил кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, дар он тарафи Ӯрдун, дар наздикии Ериҳӯ ӯрду заданд.
  2. Ва Болоқ ибни Сипӯр ҳар он чиро, ки Исроил ба амӯриён карда буд, дид;
  3. Ва Мӯоб аз ин қавм бағоят ҳаросон шуд, зеро ки онҳо сершумор буданд; ва Мӯоб аз банӣ-Исроил дар изтироб афтод.
  4. Ва Мӯоб ба пирони Мидьён гуфт «Алҳол ин ҷамоат ҳар он чиро, ки дар атрофи мост, хоҳанд лесид, чунон ки барзагов сабзаи саҳроро мелесад». Ва Болоқ ибни Сипӯр дар он замин подшоҳи Мӯоб буд.
  5. Ва ӯ қосидонро ба Фатӯр, ки дар соҳили наҳр аст, назди Билъом ибни Баӯр, ба замини писарони қавми вай фиристод, то ки варо хонда, бигӯянд: «Инак, қавме аз Миср берун омадаанд, ва онҳо рӯи заминро пӯшонидаанд, ва рӯ ба рӯи ман маскан гирифтаанд.
  6. Ва алҳол, лутфан, омада, ин қавмро лаънат намо, зеро ки онҳо аз ман қавитаранд: шояд, комьёб шавам, ва мо онҳоро зарба занем, ва ман онҳоро аз ин замин бадар ронам; зеро ки медонам: ҳар киро ту баракат диҳӣ, муборак хоҳад буд, ва ҳар киро лаънат намоӣ, малъун хоҳад буд».
  7. Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.
  8. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Имшаб дар ин ҷо бимонед, ва чӣ тавре ки Худованд ба ман бигӯяд, ба шумо ҷавоб хоҳам гардонид». Ва сарварони Мӯоб назди Билъом монданд.
  9. Ва Худо назди Билъом омада, гуфт: «Кистанд ин касоне ки назди ту мебошанд?»
  10. Ва Билъом ба Худо гуфт: «Болоқ ибни Сипӯр, под-шоҳи Мӯоб, назди ман фиристодааст, ки:
  11. «Инак, қавми аз Миср баромадае рӯи заминро пӯшо-нидаанд; акнун омада, онҳоро аз барои ман лаънат намо: шояд, комьёб шавам, ки ба онҳо ҷанг карда, онҳоро бадар ронам»».
  12. Ва Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав, он қавмро лаънат нанамо, зеро ки онҳо қавми мубораканд».
  13. Ва Билъом бомдодон бархоста, ба сарварони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Худованд намехоҳад ба ман изн диҳад, ки бо шумо биравам».
  14. Ва сарварони Мӯоб бархостанд, ва назди Болоқ омада, гуфтанд: «Билъом розӣ нашуд, ки бо мо биёяд».
  15. Ва Болоқ боз сарваронеро фиристод, ки назар ба инҳо бештар ва мӯҳтарамтар буданд.
  16. Ва онҳо назди Билъом омада, ба вай гуфтанд: «Болоқ ибни Сипӯр чунин мегӯяд: «Лутфан, аз омадан назди ман рӯй нагардон.
  17. Зеро ки туро бағоят иззату икром хоҳам кард, ва ҳар он чи ба ман бигӯӣ, ба ҷо хоҳам овард; лутфан, омада, аз барои ман ин қавмро лаънат намо»».
  18. Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба бандагони Болоқ гуфт: «Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худованд Худои худро наметавонам пой-мол намуда, кори хурде ё бузурге бикунам;
  19. Ва алҳол, лутфан, шумо низ имшаб дар ин ҷо бимонед, то бидонам, ки Худованд ба ман боз чӣ хоҳад гуфт».
  20. Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки Ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».
  21. Ва бомдодон Билъом бархост, ва модахари худро зин карда, бо сарварони Мӯоб равона шуд.
  22. Ва хашми Худо барои рафтани ӯ аланга зад, ва фариш-таи Худованд дар роҳ истод, то ки ба ӯ мамониат расонад; ва ӯ бар модахараш савор буд, ва ду навкараш ҳамроҳаш буданд.
  23. Ва модахар фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳнааш дар дасти ӯст, — ва модахар аз роҳ тоб хӯрда, ба киштзор рафт; ва Билъом мо-дахарро зад, то ки онро ба роҳ баргардонад.
  24. Ва фариштаи Худованд дар пайроҳае дар миёни токзор истод, ки деворе ба ин тарафаш ва деворе ба он тарафаш буд.
  25. Ва модахар фариштаи Худовандро дида, худро ба де-вор часпонид, ва пои Билъомро ба девор фушурд; ва ӯ боз онро зад.
  26. Ва фариштаи Худованд онсӯтар гузашта, дар макони танге истод, ки барои гаштан ба тарафи рост ё чап роҳе набуд.
  27. Ва модахар фариштаи Худовандро дида, зери Билъом хобид; ва хашми Билъом аланга зад, ва ӯ модахарро бо таё-қаш задан гирифт.
  28. Ва Худованд даҳони модахарро кушод, ва он ба Бил-ъом гуфт: «Ба ту чӣ кардаам, ки маро ин се карат задӣ?»
  29. Ва Билъом ба модахар гуфт: «Зеро ки ту маро ба хашм овардӣ; агар шамшер дар дастам мебуд, алҳол туро мекуштам».
  30. Ва модахар ба Билъом гуфт: «Ман, охир, модахари ту ҳастам, ки дер вақт боз ва то имрӯз ту бар ман савор мешавӣ; оё ягон вақт ман одат доштам, ки бо ту чунин рафтор ку-нам!» Ва ӯ гуфт: «Не».
  31. Ва Худованд чашмони Билъомро кушод, ва ӯ фариш-таи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ; ва ӯ хам шуда, пеши вай саҷда кард.
  32. Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Аз барои чӣ мо-дахари худро ин се карат задӣ? Инак, ман баромадаам, то ки ба ту мамониат расонам, зеро ки ин роҳ ба муддаои табъи ман нест;
  33. Ва модахар маро дида, ин се карат худро аз ман канор гирифт; агар он худро аз ман канор намегирифт, ман ҳатто туро алҳол мекуштам, вале онро зинда мегузоштам».
  34. Ва Билъом ба фариштаи Худованд гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро надонистам, ки ту ба пеши ман дар сари роҳ истодаӣ; ва алҳол, агар ин дар назарат бад бошад, ман хоҳам баргашт».
  35. Ва фариштаи Худованд ба Билъом гуфт: «Бо ин ода-мон бирав, валекин фақат суханеро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, бигӯ». Ва Билъом бо сарварони Болоқ рафт.
  36. Ва Болоқ омадани Балъомро шунида, ба пешвози ӯ ба шаҳри Мӯоб, ки дар сарҳади Арнӯн, дар канори ҳуду-даш буд, берун омад.
  37. Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ман, охир, барои хонданиту фиристода будам; пас, чаро назди ман наомадӣ? Оё ҳақи-қатан гумон мекунӣ, ки ман наметавонам туро иззату икром намоям?»
  38. Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳо-нам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».
  39. Ва Билъом бо Болоқ рафт, ва онҳо ба Қирьят-Ҳусӯт расиданд.
  40. Ва Болоқ говон ва гӯсфандон забҳ кард, ва назди Бил-ъом ва сарвароне ки бо ӯ буданд, фиристод.
  41. Ва бомдодон Болоқ Билъомро гирифт, ва ӯро ба балан-диҳои Баал баровард; ва ӯ аз он ҷо як қисми қавмро мушо-ҳида намуд.

© IBT 1992