Якум Вақоеънома боби 25

Шумораи муғанниён ва вазифаҳои онҳо

  1. ВА Довуд ва сардорони  лашкари хизмат  писарони Ософ ва Ҳеймон ва Едутунро ҷудо карданд, то ки бо барбатҳо, удҳо ва санҷҳо сурудгӯӣ кунанд; ва шумораи онҳо, ки дар хизмати худ моҳир буданд, ин аст:
  2. Аз писарони Ософ: Заккур ва Юсуф ва Натаньё ва Асарэло; ин писарони Ософ дастпарварди Ософ буданд, ки ӯ бо ҳидояти подшоҳ сурудгӯӣ мекард.
  3. Аз Едутун, писарони Едутун: Ҷадальёҳу, Сарӣ, Ешаъёҳу, Ҳашабьёҳу ва Маттитьёҳу — шаш нафар, ки дар таҳти роҳбарии падарашон Едутун барбат навохта, дар ҳамд ва ситоиши Худованд сурудгӯӣ мекарданд.
  4. Аз Ҳеймон, писарони Ҳеймон: Буққиёҳу, Маттаньёҳу, Уззиил, Шабуил, Еримӯт, Ҳананьё, Ҳанонӣ, Элиото, Ҷиддалтӣ, Ромамтӣ-Озар, Ёшбеқошо, Маллӯтӣ, Ҳӯтир ва Маҳазиӯт.
  5. Ҳамаи онҳо писарони Ҳеймон буданд, ки ӯ пешбини подшоҳ дар ҳамду санои Худо буд, то ки ҷалоли Ӯро баланд бардорад; ва  Худо ба Ҳеймон   чордаҳ писар  ва  се духтар дода буд.
  6. Ҳамаи инҳо дар таҳти роҳбарии падарашон бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо дар хонаи Худованд сурудгӯӣ мекарданд, ва ин хизмати хонаи Худоро бо ҳидояти подшоҳ ва Ософ ва Едутун ва Ҳеймон ба ҷо меоварданд.
  7. Ва шумораи онҳо бо бародаронашон, ки сурудгӯиро барои Худованд таълим гирифта буданд, яъне ҳамаи касоне ки дар ин кор маҳорат доштанд, дусаду ҳаштоду ҳашт нафар буд.

Бо қуръа тақсим кардани онҳо ба 24 навбат.

  1. Ва онҳо барои муқаррар кардани навбатдорӣ, — хурд дар баробари калон, моҳир дар баробари шогирд, — қуръа партофтанд.
  2. Ва қуръаи якуми  банӣ-Ософ  барои Юсуф  баромад; дуюм — барои Ҷадальёҳу, ки у ва бародаронаш  ва писаро-наш дувоздаҳ нафар буданд;
  3. Сеюм — барои Заккур, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  4. Чорум — барои Йисрӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  5. Панҷум — барои Натаньёҳу, писаронаш ва бародаро-наш, дувоздаҳ нафар;
  6. Шашум — барои Буққиёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  7. Ҳафтум — барои Есарэло, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  8. Ҳаштум — барои Ешаъёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  9. Нӯҳум — барои Маттаньёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  10. Даҳум — барои Шимъӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  11. Ёздаҳум — барои Азаръил, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  12. Дувоздаҳум — барои Ҳашабьё,   писаронаш ва баро-даронаш, дувоздаҳ нафар;
  13. Сездаҳум — барои Шубоил, писаронаш ва бародаро-наш, дувоздаҳ нафар;
  14. Чордаҳум — барои Маттитьёҳу, писаронаш ва баро-даронаш, дувоздаҳ нафар;
  15. Понздаҳум — барои Еримӯт, писаронаш ва бародаро-наш, дувоздаҳ нафар;
  16. Шонздаҳум — барои Ҳананьёҳу, писаронаш ва баро-даронаш, дувоздаҳ нафар;
  17. Ҳафдаҳум — барои Ёшебқошо, писаронаш ва бародаро-наш, дувоздаҳ нафар;
  18. Ҳаждаҳум — барои Ҳанонӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  19. Нуздаҳум — барои Маллӯтӣ, писаронаш ва бародаро-наш, дувоздаҳ нафар;
  20. Бистум — барои Элиёто, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  21. Бисту якум — барои Ҳӯтир, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
  22. Бисту дуюм — барои Ҷиддалтӣ, писаронаш ва баро-даронаш, дувоздаҳ нафар;
  23. Бисту сеюм — барои Маҳазиӯт, писаронаш ва  баро-даронаш, дувоздаҳ нафар;
  24. Бисту чорум — барои Рӯмамтӣ-Озар, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар.

© IBT 1992