Ибодат боби 26

Ваъдаи баракат ва огоҳӣ.

  1. «БУТҲО барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред; зеро ки Ман Худо-ванд Худои шумо ҳастам.
  2. Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро эҳтиром кунед. Ман Худованд ҳастам.
  3. Агар бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба ҷо оваред, —
  4. Ман боронҳои шуморо саридарвақт хоҳам дод, ва замин ҳосили худро хоҳад овард, ва дарахтони саҳро меваи худро хоҳанд дод.
  5. Ва хирманкӯбии шумо то вақти ангурканӣ давом хоҳад кард, ва ангурканӣ то вақти кишт давом хоҳад кард, ва нони худро ба серӣ хоҳед хӯрд, ва дар замини худ ба амният су-кунат хоҳед намуд.
  6. Ва ба замин сулҳу осоиштагӣ хоҳам дод, ва ҳангоме ки мехобед, касе шуморо ташвиш нахоҳад дод; ва ҳайвоноти бадро аз заминатон маҳв хоҳам сохт, ва шамшер аз заминатон гузар нахоҳад кард.
  7. Ва душманони худро таъқиб хоҳед намуд, ва онҳо пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.
  8. Ва панҷ нафар аз шумо сад нафарро таъқиб хоҳанд кард, ва сад нафар аз шумо як беварро бадар хоҳанд ронд, ва душманонатон пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.
  9. Ва Ман ба шумо назари нек хоҳам кард, ва шумороборвар хоҳам гардонид, ва шуморо афзун хоҳам сохт, ва аҳди Худро бо шумо мустаҳкам хоҳам намуд.
  10. Ва ҳосилоти кӯҳнаи поринаро хоҳед хӯрд, ва кӯҳнаро барои нав берун хоҳед овард.
  11. Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.
  12. Ва дар миёни шумо қадамгузор хоҳам шуд, ва Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд.
  13. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз за-мини Миср берун овардам, то ки барои онҳо ғулом набошед; ва бандҳои юғи шуморо шикастам, ва шуморо бо сарбаландӣ пеш бурдам.
  14. Валекин агар ба Ман гӯш надиҳед, ва тамоми ин аҳком-ро ба ҷо наоваред,
  15. Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷона-тон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —
  16. Он гоҳ Ман ҳам нисбат ба шумо чунин амал хоҳам кард; ва бар шумо чизҳои даҳшатангез, яъне сил ва таблар-заро хоҳам фиристод, ки онҳо чашмонро хира мекунад ва ҷонро мекоҳонад; ва тухмии худро барабас кишт хоҳед кард, ва онро душманонатон хоҳанд хӯрд.
  17. Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шу-мо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.
  18. Ва агар бо ин ҳама ба Ман гӯш надиҳед, Ман ҷазои шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зиёд хоҳам кард;
  19. Ва кибри қудрати шуморо дарҳам хоҳам шикаст, ва осмонатонро монанди оҳан ва заминатонро монанди мис хо-ҳам гардонид.
  20. Ва қуввати шумо барабас сарф хоҳад шуд, ва заминатон ҳосили худро нахоҳад дод, ва дарахтони замин меваи худро нахоҳанд овард.
  21. Ва агар бар хилофи Ман рафтор намоед ва аз гӯш до-дан ба Ман гардан тобед, Ман зарбаро барои ҳар гуноҳатон ҳафтчандон афзун хоҳам кард.
  22. Ва ҳайвоноти саҳроро бар шумо хоҳам фиристод, то ки фарзандони шуморо нобуд кунанд, ва чорпоёни шуморо талаф намоянд, ва шуморо камшумор гардонанд, ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.
  23. Ва агар бо вуҷуди ин ҳам тавба накунед, ва бар хилофи Ман рафтор намоед, —
  24. Он гоҳ Ман низ бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зарба хо-ҳам зад.
  25. Ва бар шумо шамшери қасосгире хоҳам овард, ки қасо-си аҳдро бигирад; ва ҳангоме ки дар шаҳрҳои худ ҷамъ ша-вед, вабое дар миёни шумо хоҳам фиристод, ва шумо ба дасти душман таслим хоҳед шуд.
  26. Вақте ки асои нони шуморо бишканам, даҳ зан нони шуморо дар як танӯр хоҳанд пухт, ва нони шуморо ба тарозу баркашида хоҳанд дод, ва шумо онро хӯрда, сер нахоҳед шуд.
  27. Ва агар баъд аз ин ҳам ба Ман гӯш надиҳед, ва бар хило-фи Ман рафтор намоед, —
  28. Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.
  29. Ва гӯшти писарони худро хоҳед хӯрд, ва гӯшти духта-рони худро хоҳед хӯрд.
  30. Ва баландиҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва санамҳои Ҳамони шуморо маҳв хоҳам намуд, ва лошаҳои шуморо бар шикастапораҳои бутҳои шумо вожгун хоҳам сохт, ва ҷони Ман аз шумо кароҳат хоҳад дошт;
  31. Ва шаҳрҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва қудсҳои шу-моро валангор хоҳам намуд, ва атри гуворои қурбониҳои шуморо нахоҳам бӯид.

Пешгӯӣ дар бораи парокандагӣ.

  1. Ва Ман ин заминро валангор хоҳам намуд, ба тавре ки душманони шумо, ки бар он маскан гирифта бошанд, аз аҳволи он мутааҷҷиб хоҳанд шуд.
  2. Ва шуморо дар миёни халқҳо пароканда хоҳам намуд, ва аз паи шумо шамшер хоҳам кашид; ва замини шумо валан-гор, ва шаҳрҳои шумо хароб хоҳад шуд.
  3. Он гоҳ замин дар тамоми айёми харобияш, вақте ки шумо дар замини душманони худ бошед, аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард; он гоҳ замин оромӣ хоҳад ёфт, ва аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, —
  4. Дар тамоми рӯзҳои харобии худ оромӣ хоҳад ёфт, он қадар оромӣ, ки дар шанбеҳои шумо, вақте ки дар он сокин будед, наёфта буд.
  5. Ва дар дилҳои бақияи шумо, дар кишварҳои душмано-натон, беҷуръатӣ хоҳам андохт, ва шувваси барги ҷавлонку-нанда онҳоро хоҳад гурезонид, ва онҳо мисли касе ки аз шамшер мегурезад, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва фурӯ хо-ҳанд ғалтид, дар сурате ки таъқибкунандае набошад.
  6. Ва мисли он ки аз дами шамшер бошад, ба якдигар дакка хоҳанд хӯрд, ва ҳол он ки таъқибкунандае нест; ва шумо маҷоли он нахоҳед дошт, ки пеши душманони худ истодагӣ намоед.
  7. Ва дар миёни халқҳо нест хоҳед шуд, ва замини душма-нонатон шуморо фурӯ хоҳад бурд.
  8. Ва бақияи шумо барои гуноҳи худ дар замини душма-нони худ фано хоҳанд шуд, ва барои гуноҳҳои падарони худ низ бо онҳо фано хоҳанд шуд.
  9. Он гоҳ ба гуноҳи худашон ва ба гуноҳи падаронашон, ки ба Ман хиёнат карданд, ва ҳатто бар хилофи Ман рафтор карданд, иқрор хоҳанд шуд.
  10. Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд.
  11. Ва Ман аҳди Худро, ки бо Яъқуб бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди Худро, ки бо Исҳоқ бастаам, ва аҳди Худро, ки бо Иброҳим бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва ин заминро ба ёд хоҳам овард.
  12. Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷо-нашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —44. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душ-манони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо кароҳат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.
  13. Ва Ман барои онҳо аҳдеро, ки бо аҷдодашон бастаам, ба ёд хоҳам овард, ки онҳоро дар пеши назари халқҳо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои онҳо бошам. Ман Худованд ҳастам».
  14. Ин аст фароиз ва аҳком ва дастурҳое ки Худованд дар миёни Худаш ва банӣ-Исроил, дар кӯҳи Сино, ба воси-таи Мусо қарор додааст.

© IBT 1992