Сеюм Подшоҳон боби 5

Сулаймон   барои   сохтани   маъбад   тайёрӣ   мебинад.

  1. ВА Ҳиром, подшоҳи Сӯр, навкарони худро назди Сулаймон фиристод, зеро шунида буд, ки ӯро ба ҷои па-дараш ба подшоҳӣ тадҳин намудаанд; чунки Ҳиром ҳама вақт дӯсти Довуд буд.
  2. ­Ва Сулаймон назди Ҳиром фиристода, гуфт:
  3. «Ту медонӣ,   ки  падари  ман  Довуд натавонист хонае ба исми Худованд Худои худ бино  кунад,  ба сабаби ҷанги душманоне ки ӯро иҳота менамуданд,  то  вақте ки Худованд   онҳоро   зери  кафи пойҳои ӯ гузошт.
  4. Вале алҳол   Худованд   Худои   ман   маро   аз  гирду атрофам оромӣ додааст: ҳеҷ монеае ва ҳеҷ мусибате нест.
  5. Ва инак, ман ният дорам, ки хонае ба исми Худо-ванд Худои худ бино кунам, чунон ки Худованд ба пада-ри ман Довуд сухан ронда, гуфтааст: «Писари ту, ки варо ба ҷои ту бар тахти ту хоҳам нишонид, хонае ба исми Ман бино хоҳад кард».
  6. Ва алҳол амр фармо, ки барои ман арзҳо аз Лубнон бибуранд; ва навкарони ман ҳамроҳи навкарони ту хоҳанд буд, ва ман музди навкаронатро бар тибқи ҳар он чи бигӯӣ, ба ту хоҳам. дод; зеро ту медонӣ, ки дар миёни мо касе нест, ки дар кори дарахтбурӣ мисли сидӯниён моҳир бошад».
  7. Ва ҳангоме ки Ҳиром суханони Сулаймонро шунид, бағоят шод гардида, гуфт: «Муборак аст имрӯз Худованд, ки ба Довуд писари хирадманде бар ин  қавми  сершумор ато намудааст!»
  8. Ва Ҳиром назди Сулаймон фиристода,  гуфт: «Он чи назди ман фиристодӣ, шунидам; ман тамоми хоҳиши туро дар бораи дарахтони арз ва дарахтони  сарв  ба амал хоҳам овард.
  9. Навкарони ман  онҳоро  аз   Лубнон  ба   баҳр  фурӯд хоҳанд овард, ва ман онҳоро ба шакли амадҳо бо роҳи баҳр ба маконе ки барои ман таъин намоӣ, расонида, дар он ҷо аз ҳам ҷудо хоҳам кард, ва ту  онҳоро   хоҳӣ бурд; ту низ хоҳиши маро ба ҷо оварда, барои хонаи ман хӯрокворӣ  бидеҳ».
  10. Ва Ҳиром ба Сулаймон дарахтони арз ва дарахтони сарвро, ҳар қадар, ки ӯ хоста буд, медод.
  11. Ва Сулаймон ба Ҳиром бист ҳазор кӯр гандум барои таъминоти хонаи ӯ, ва бист кӯр равғани пок медод; Сулаймон ҳар сол ба Ҳиром ҳамин қадар медод.
  12. Ва Худованд ба Сулаймон,   чунон   ки   ба ӯ гуфта буд, ҳикмат ато намуд. Ва дар миёни Ҳиром ва Сулаймон сулҳу осоиштагӣ буд, ва ҳар дуи онҳо иттифоқ бастанд.
  13. Ва подшоҳ Сулаймон бар тамоми  Исроил ӯҳдадорӣ муқаррар намуд, ва ин ӯҳдадорӣ аз сӣ ҳазор одам иборат буд.
  14. Ва аз онҳо ҳар моҳ даҳ ҳазор   нафарро бо навбат ба Лубнон мефиристод, ки онҳо як моҳ дар Лубнон ва ду моҳ дар хонаи худ мемонданд.  Ва Адӯниром ба ин ӯҳда-дорӣ сардорӣ менамуд.
  15. Ва Сулаймон ҳафтод ҳазор нафар боркаш, ва ҳаштод ҳазор нафар сангтарош дар кӯҳистон дошт,
  16. Ба ғайр аз сардороне ки Сулаймон дар сари кор гузошта буд, ки се ҳазору сесад нафар буда, ба мардуми иҷро-кунандаи кор назорат мекарданд.
  17. Ва подшоҳ амр фармуд, ва сангҳои бузург, сангҳои гаронбаҳо, сангҳои тарошидашуда барои гузоштани буньёди хона кашонда меоварданд.
  18. Ва онҳоро   бинокорони   Сулаймон    ва   бинокорони Ҳиром  ва   ҷабалиён  суфта мекарданд, ва дарахтону   сангҳоро   барои   сохтмони   хона   тайёр мекарданд.

© IBT 1992