Якум Подшоҳон боби 10

Самуил Шоулро тадҳин намуд.

  1. ВА Самуил зарфи равғанро гирифта, бар сари ӯ рехт ва ӯро  бӯсида,   гуфт:   «Инак,  Худованд  туро  бар мероси Худ тадҳин намуд, то ки раиси он бошӣ.
  2. Имрӯз, вақте ки аз пеши ман меравӣ,  назди  қабри Роҳел,   дар  ҳудуди   Биньёмин,   дар   Селсаҳ,   ба   ду   одам дучор хоҳӣ омад, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт:   «Модахарҳо, ки  барои  ҷустуҷӯяшон  рафта  будӣ, ёфт шудааст, ва инак падарат масъалаи  модахарҳоро   аз  хотир   бароварда,   ғами шуморо мехӯраду мегӯяд:  «Дар хусуси писарам чӣ кунам?»
  3. Ва аз он ҷо зуд гузашта рафта, ба булути Тобӯр хоҳӣ расид, ва дар он ҷо ба ту се мард дучор хоҳанд омад, ки сӯи Худо ба Байт-Ил мераванд; яке аз онҳо се бузғоларо бардошта мебарад, дигаре се қурси нонро бардошта мебарад, ва сеюмӣ машки шаробро бардошта мебарад.
  4. Ва онҳо саломатии туро хоҳанд пурсид, ва ду нон ба ту хоҳанд дод, ки аз дасташон хоҳӣ гирифт.
  5. Пас аз он ту ба Ҷибъои Худо хоҳӣ омад, ки дар он ҷо фавҷи фалиштиён ҳастанд; ва ҳангоме ки дар он ҷо ба шаҳр дароӣ, ба дастаи анбиё дучор хоҳӣ омад, ки аз баландӣ фурӯд меоянд, ва пешопеши онҳо уд  ва  даф  ва  най  ва барбат ҳаст, ва онҳо нубувват мекунанд.
  6. Ва Рӯҳи Худованд бар ту нозил шуда, бо онҳо нубув-ват хоҳӣ кард, ва ту шахси дигаре хоҳӣ гардид.
  7. Ва ҳангоме ки ин аломатҳо бо ту рӯй диҳад, ҳар он чи аз дастат ояд, бикун, зеро ки Худо бо туст.
  8. Ва пеш аз ман ба Ҷилҷол   фурӯд  ой,  ва инак  ман назди  ту   фурӯд   хоҳам   омад,  то  ки  қурбониҳои  сӯхтанӣ биёрам,  ва  қурбониҳои  саломатӣ  забҳ  намоям;   ҳафт   рӯз мунтазир бош, то ки назди ту биёям, ва он гоҳ туро огоҳ хоҳам намуд, ки чӣ бояд бикунӣ».
  9. Ва чун ӯ пушти худро гардонид, то ки аз пеши Самуил биравад, Худо   ба  ӯ  дили   дигаре   бахшид;   ва ҳамаи  он аломатҳо дар он рӯз ба амал омад.
  10. Ва ҳангоме ки онҳо ба тал расиданд, инак дастаи анбиё ба пешвози ӯ пайдо шуданд; ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуд, ва ӯ дар миёни онҳо нубувват намуд.
  11. Ва ҳамаи онҳое ки пеш аз ин ӯро мешинохтанд, чун диданд, ки инак ӯ бо анбиё нубувват менамояд, дар миёни қавм ба ҳамдигар гуфтанд: «Ба писари Қиш чӣ ҳодиса рӯй додааст? Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?»
  12. Ва яке аз касони он ҷо ҷавоб гардонида, гуфт: «Пас, падари онҳо  кист?»  Бинобар ин мақоле  пайдо  шуд:   «Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?»
  13. Ва ӯ аз нубувват кардан фориғ шуда, ба болои баландӣ баромад.
  14. Ва амаки Шоул ба ӯ ва навкари ӯ гуфт: «Куҷо рафта будед?» Ӯ гуфт: «Барои кофта ёфтани модахарҳо, вале чун дидем, ки нестанд, пеши Самуил даромадем».
  15. Ва амаки Шоул гуфт: «Лутфан, ба ман ҳикоят кун, ки Самуил ба шумо чӣ гуфт?»
  16. Ва Шоул ба амаки худ гуфт: «Ӯ ба мо хабар дод, ки модахарҳо ёфт шудааст». Вале дар бораи масъалаи подшоҳӣ, ки Самуил гуфта буд, ба вай хабар надод.
  17. Ва Самуил қавмро сӯи Худованд ба Мисфо   даъват намуд.
  18. Ва ба банӣ-Исроил гуфт: «Худованд Худои  Исроил чунин мегӯяд: «Ман Исроилро аз Миср берун овардам; ва шуморо аз  дасти  мисриён ва аз дасти  ҳамаи  мамлакатҳое ки шуморо ба танг меоварданд, раҳо кардам».
  19. Ва шумо имрӯз  Худои худро,  ки шуморо аз ҳамаи тангиҳо ва мусибатҳои шумо  наҷот  медиҳад,  рад  намуда, ба Ӯ гуфтед:   «Подшоҳе   бар   мо таъин  намо».    Ва  алҳол мувофиқи  сибтҳо  ва  қабилаҳои  худ  ба ҳузури Худованд ҳозир шавед».
  20. Ва Самуил  ҳамаи   сибтҳои   Исроилро   барои  қуръа наздик овард; ва қуръа ба сибти Биньёмин афтод.
  21. Ва сибти Биньёминро мувофиқи қабилаҳои он наздик овард, ва қуръа ба қабилаи Матрӣ афтод; ва қуръа ба Шоул ибни Қиш афтод; ва ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд.
  22. Ва бори дигар аз Худо пурсиданд:   «Оё   боз  марде ба ин ҷо хоҳад омад?» Ва Худованд гуфт: «Инак, ӯ андаруни ашьё пинҳон шудааст».
  23. Ва онҳо давида, ӯро аз он ҷо гирифтанд, ва ӯ дар миёни қавм биистод, ва аз тамоми қавм як сару гардан ба-ланд буд.
  24. Ва Самуил ба тамоми қавм гуфт: «Оё шумо мебинед, ки Худованд   киро   интихоб   намудааст?  Зеро ки дар та-моми қавм касе мисли ӯ нест». Ва тамоми қавм нидо карда, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»
  25. Ва Самуил таомули подшоҳиро ба қавм баён намуда, дар китобе навишт, ва онро пеши Худованд гузошт; ва Са-муил тамоми қавмро равона кард, то ки ҳар яке ба хонаи худ биравад.
  26. Ва Шоул низ ба хонаи худ ба Ҷибъо рафт; ва мардуми адолатпеша, ки тарси Худо дар дилашон ҷойгир буд, ҳам-роҳи ӯ  рафтанд.
  27. Валекин мардуми сафил гуфтанд: «Оё ин одам метавонад моро наҷот диҳад?» Ва ӯро  хор  дида,  ҳадияе барояш наоварданд; вале ӯ худро ба нофаҳмӣ зад.

© IBT 1992