Чорум Подшоҳон боби 13

Бар Исроил подшоҳ шудани Еҳӯоҳоз.

  1. ДАР соли бисту сеюми Еҳӯош ибни Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, Еҳӯоҳоз ибни Еҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуда, ҳафдаҳ сол подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари  Худованд   бад   буд,   ба  амал овард; ва аз паи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафта, аз онҳо дур нашуд.
  3. Ва ғазаби Худованд бар Исроил аланга зад, ва онҳоро ба дасти  Ҳазоил,   подшоҳи  Арам, ва ба дасти Бин-Ҳадад ибни Ҳазоил ба тамоми айём супурд.
  4. Ва Еҳӯоҳоз пеши Худованд тазаррӯъ кард, ва Худованд ӯро иҷобат намуд, зеро ки аҳволи табоҳи Исроилро дид, ки онҳоро подшоҳи Арам ба танг меовард.
  5. Ва Худованд раҳокунандае ба Исроил дод, ва онҳо аз зери дасти Арам берун омаданд, ва банӣ-Исроил дар хаймаҳои худ мисли дирӯз ва парирӯз сокин шуданд.
  6. Аммо аз гуноҳҳои хонадони Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуданд: аз паи онҳо рафтанд; Ашера низ дар Сомария истода буд.
  7. Ва аз сипоҳи Еҳӯоҳоз фақат панҷоҳ савора, даҳ ароба ва даҳ ҳазор пиёда боқӣ монда буд, зеро ки подшоҳи Арам онҳоро ба ҳалокат расонида, мисли ғуборе поймол карда буд.

Фавти Еҳӯоҳоз.

  1. Ва бақияи аъмоли Еҳӯоҳоз, ва ҳар чи ӯ кард, ва кор-намоие ки нишон дод, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  2. Ва Еҳӯоҳоз бо падарони худ хобид, ва ӯро дар Сомария дафн карданд. Ва писараш Юош ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳ шудани Юош.

  1. Дар соли сию ҳафтуми Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, Юош ибни Еҳӯоҳоз бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуда, шонздаҳ сол подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, аз ҳамаи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд, балки дар онҳо рафтор кард.
  3. Ва бақияи аъмоли Юош, ва ҳар чи ӯ кард, ва кор-намоии ӯ, ки бо Амасьё, подшоҳи Яҳудо, ҷанг карда буд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  4. Ва Юош бо  падарони  худ хобид,   ва  Ёробъом  бар тахти ӯ нишаст. Ва Юош дар Сомария, бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд.

Бемории Элишоъ. Подшоҳ Юош назди ӯ меояд.

  1. Ва Элишоъ ба беморие ки аз он мурд, гирифтор шуд; ва Юош, подшоҳи Исроил, назди ӯ фурӯд омада, ба ҳоли ӯ гирья кард, ва гуфт: «Эй падарам, эй падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!»
  2. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Камон ва тирҳоро бигир». Ва ӯ барои худ камон ва тирҳоро гарифт.
  3. Ва ба подшоҳи  Исроил  гуфт:   «Дастатро бар камон бимон». Ва ӯ дасташро монд. Ва Элишоъ дасти худро бар дастҳои подшоҳ монд,
  4. Ва гуфт: «Тирезаро ба тарафи шарқ яла кун». Ва ӯ яла кард. Ва Элишоъ гуфт: «Тир биандоз!» Ва ӯ тир ан-дохт. Гуфт: «Ин тири наҷот аз ҷониби Худованд аст, яъне тири наҷот аз дасти Арам аст, ва ту арамиёнро дар Афиқ ба таври қатъӣ мағлуб хоҳӣ кард».
  5. Ва гуфт: «Тирҳоро бигир». Ва ӯ гирифт. Ва ба подшоҳи Исроил гуфт: «Заминро бизан». Ва ӯ се карат зада, бозистод.
  6. Ва марди Худо бар ӯ хашм намуда, гуфт: «Мебоист панҷ ё шаш карат мезадӣ, он гоҳ арамиёнро ба таври қатъӣ мағлуб мекардӣ, ва алҳол ба арамиён се карат шикаст хоҳӣ расонид».

Фавти Элишоъ.

  1. Ва Элишоъ мурд, ва ӯро дафн карданд. Ва фавҷҳои Мӯоб дар аввали сол ба мамлакат даромаданд.
  2. Ва чунин воқеъ шуд, ки мардум касеро дафн мекар-данд, ва  инак, фавҷеро   диданд,   ва  мурдаро бар  қабри Элишоъ   партофтанд,   ва   мурда   ғелида,    ба   устухонҳои Элишоъ расид, ва зинда шуда, ба поҳои худ бархост.
  3. Ва Ҳазоил, подшоҳи Арам, исроилиёнро дар тамоми айёми Еҳӯоҳоз ба танг меовард.
  4. Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.
  5. Ва Ҳазоил, подшоҳи Арам, мурд, ва писараш Бин-Ҳадад ба ҷои ӯ подщоҳ шуд.
  6. Ва Юош ибни Еҳӯоҳоз шаҳрҳоеро, ки Ҳазоил аз дасти падараш Еҳӯоҳоз ҷанг карда гирифта буд, аз дасти Бин-Ҳадад ибни Ҳазоил гардонида гирифт. Се карат Юош ба ӯ шикаст расонида, шаҳрҳои Исроилро баргардонид.

© IBT 1992