Эзро боби 8

Номгӯи ҳамроҳони Эзро.

  1. ВА инҳоянд сардорони хонаводаҳо ва насабномаи онҳое ки дар салтанати подшоҳ Артаҳшасто ҳамроҳи ман аз Бобил баромаданд:
  2. Аз зодагони Финҳос — Ҷершум; аз зодагони Итомор — Дониёл; аз зодагони Довуд — Ҳаттуш;
  3. Аз зодагони Шаканьё, аз зодагони Фаръуш —  За-карьё ва бо ӯ саду панҷоҳ нафар аз мардон ба насабнома дароварда шудаанд;
  4. Аз зодагони ҳокими Мӯоб — Эльёҳуэнай ибни Зараҳьё, ва бо ӯ дусад нафар аз мардон;
  5. Аз зодагони* … — Шаканьё ибни Яҳазиил, ва бо ӯ сесад нафар аз мардон;
  6. Ва аз зодагони Один — Обид ибни Юнотон, ва бо ӯ панҷоҳ нафар аз мардон;
  7. Ва аз зодагони Элом — Ишаъё ибни Атальё, ва бо ӯ ҳафтод нафар аз мардон;
  8. Ва аз зодагони Шафатьё — Забадьё ибни Микоил, ва бо ӯ ҳаштод нафар аз мардон;
  9. Аз зодагони Юоб — Убадьё ибни Еҳиил, ва бо ӯ дусаду ҳаждаҳ нафар аз мардон;
  10. Ва аз зодагони*… — Шалумит ибни Юсифьё, ва бо ӯ саду шаст нафар аз мардон;
  11. Ва аз зодагони Бебай — Закарьё ибни Бебай, ва бо ӯ бисту ҳашт нафар аз мардон;
  12. Ва аз зодагони Азҷод — Юҳонон ибни Ҳақоттон, ва бо ӯ саду даҳ нафар аз мардон;
  13. Ва аз зодагони Адуниқом — касони охиринашон, ва ин аст номҳои онҳо: Элифолат, Яиил ва Шамаъё, ва бо онҳо шаст нафар аз мардон;
  14. Ва аз зодагони Биҷвай — Утай ва Заккур, ва бо онҳо ҳафтод нафар аз мардон.

Эзро левизодагон ва тобеонро даъват менамояд.

  1. Ва онҳоро назди наҳре ки ба Аҳаво ҷорӣ мешавад, ҷамъ овардам, ва дар он ҷо се рӯз истодем, ва чун қавм ва коҳинонро аз назар гузарондам, аз зодагони Левӣ дар он ҷо наёфтам.
  2. Ва назди Элиэзер, Ариэл, Шамаъё, Элнотон, Ёриб, Элнотон, Нотон, Закарьё ва Машуллом, ки сардор буданд, ва назди Юриб ва Элнотон, ки омӯзгор буданд, фиристодам,
  3. Ва онҳоро назди Иддӯ, ки дар мавзеи Каспиё сардор буд, равона кардам, ва ба даҳонашон суханонеро гузоштам, ки бояд ба Иддӯ ва бародаронаш — тобеони мавзеи Каспиё — бигӯянд, то ки хизматгузоронро барои хонаи Худои мо назди мо биёранд.
  4. Ва азбаски дасти некӯи Худои мо бар мо буд, онҳо марди хирадмандеро аз зодагони Маҳлӣ ибни Левӣ ибни Исроил барои мо оварданд, яъне Шарибьёро бо писаронаш ва бародаронаш, ки ҳаждаҳ нафар буданд;
  5. Ва Ҳашабьёро, ва бо ӯ аз зодагони Марорӣ Ишаъёро, ва бародарони ӯ ва писарони онҳоро, ки бист нафар буданд;
  6. Ва аз тобеон, ки Довуд ва мирон барои хизмати леви-зодагон дода буданд, дусаду бист нафар тобеон, ки ҳамаашон номбар шудаанд.

Эълон кардани рӯзадорӣ назди наҳри Аҳаво.

  1. Ва дар он ҷо, назди наҳри Аҳаво, ман рӯзадорӣ эълон кардам, то ки дар ҳузури Худои мо тавозӯъ намуда, аз Ӯ барои худамон ва барои кӯдаконамон ва барои тамоми молу мулкамон роҳи рост талаб кунем,
  2. Зеро ман ор донистам, ки аз подшоҳ сарбозон ва саво-рон талаб кунам, то ки моро дар роҳ аз душман нигаҳбонӣ кунанд, чунки мо ба подшоҳ сухан ронда, гуфта будем: «Дасти Худои мо ба ҳар касе ки ба Ӯ рӯ меоварад, ба некӯист, вале кудрати Ӯ ва ғазаби Ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки Ӯро тарк мекунанд».
  3. Ва мо рӯза доштем ва аз Худои мо дар ин бора талаб кардем, ва Ӯ моро иҷобат намуд.

Ионатҳо барои маъбад ба дасти дувоздаҳ коҳин супурда шуд.

  1. Ва дувоздаҳ нафар аз сардорони коҳинон: Шарибьё, Ҳашабьё ва бо онҳо аз бародаронашон даҳ нафарро ҷудо кардам,
  2. Ва нуқра ва тилло ва зарфҳои ионати хонаи Худои моро, ки подшоҳ ва мушовиронаш ва ҳамаи исроилиёни он ҷо ионат карда буданд, ба онҳо баркашида додам,
  3. Ва баркаш карда ба дасташон супурдам: шашсаду пан-ҷоҳ киккар нуқра; ва, илова бар он, сад киккар зарфҳои нуқра; сад киккар тилло;
  4. Ва бист тоси тилло, илова бар ҳазор дирҳам; ва ду зарфи миси покиза ва зебо, ки мисли тилло гаронбаҳо буд.
  5. Ва ба онҳо гуфтам: «Шумо барои Худованд муқаддас мебошед, ва ин зарфҳо низ муқаддас аст, ва ин нуқра ва тилло ионат аст барои Худованд Худои падарони шумо.
  6. Пас, ҳушьёр бошед ва нигаҳбонӣ намоед, то даме ки ба ҳузури сардорони коҳинон ва левизодагон ва сардорони хонаводаҳои Исроил дар Ерусалим ба ҳуҷраҳои хонаи Худованд баркаш карда бисупоред».
  7. Ва коҳинону левизодагон нуқра ва тилло ва зарфҳоро бо баркаш қабул карданд, то ки ба Ерусалим, ба хонаи Худои мо биёранд.

Ба Ерусалим омадани Эзро.

  1. Ва дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи якум аз наҳри Аҳаво роҳсипор шудем, то ба Ерусалим биравем, ва дасти Худои мо бар мо буд, ва моро аз дасти душманон ва роҳзанон халос кард.
  2. Ва чун ба Ерусалим расидем, се руз дар он ҷо истодем.
  3. Ва дар рӯзи чорум нуқра ва тилло ва зарфҳо дар хонаи Худои мо бо баркаш ба дасти Маримут, ибни Уриёи коҳин супурда шуд, ва Элъозор ибни Финҳос бо вай буд, ва леви-зодагон Юзобод ибни Ешуа ва Нуадьё ибни Бинуй бо онҳо буданд;
  4. Ҳамааш шумурда ва баркаш карда шуд, ва тамоми баркаш дар он вақт навишта шуд.
  5. Ҷалои ватан шудагоне ки аз асирӣ баргашта буданд, барои Худои Исроил қурбониҳои сӯхтанӣ забҳ карданд: ду-воздаҳ гов барои тамоми Исроил; наваду шаш қӯчқор; ҳаф-тоду ҳафт барра; дувоздаҳ нарбуз барои кафорати гуноҳҳо; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.
  6. Ва фармонҳои подшоҳро ба ҳокимони подшоҳ ва ба волиёни Мовароуннаҳр доданд, ва инҳо қавм ва хонаи Худоро ёварӣ карданд.

*5   ва  10. Дар ин ҷо номи хонавода афтодааст.

© IBT 1992

Реклама