Эзро боби 6

Дорьёвеш фармони Курушро тасдиқ мекунад.

  1. ОН гоҳ подшоҳ Дорьёвеш фармон дод, ва дар китобхонаи Бобил, ки ганҷҳоро дар он ҷо мегузоштанд, ҷустуҷӯ карданд.
  2. Вале дар Аҳмато, дар қасре ки дар кишвари Модай буд, тӯморе ёфт шуд, ва андаруни он чунин навишта шудааст: «Барои хотира.
  3. Дар соли якуми подшоҳ Куруш, подшоҳ Куруш дар бораи хонаи Худо дар Ерусалим фармон дод, ки ин хона — ҷое ки қурбониҳо забҳ карда мешавад, — бино ёбад, ва буньёдаш мустаҳкам бошад; баландии он шаст зироъ, фарохии он шаст зироъ шавад,
  4. Бо се қатор сангҳои бузург ва як қатор чӯби нав; ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад.
  5. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар онҳоро аз маъбади Ерусалим гирифта, ба Бобил оварда буд, баргардонида, ба маъбади Ерусалим, дар ҷои худашон, бурда шаванд, то ки онҳо дар хонаи Худо гузошта шаванд».
  6. «Ва алҳол, эй Татнай,  волии  Мовароуннаҳр, Штар-Бузнай ва рафиқони шумо, ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, аз он ҷо дур шавед!
  7. Ба кори ин хонаи Худо мудохила накунед:   бигзор волии яҳудиён ва пирони яҳудӣ ин хонаи Худоро дар ҷои он бино кунанд.
  8. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки шумо бо ин пирони яҳудӣ дар бобати бино кардани ин хонаи Худо чӣ гуна бояд рафтор намоед: аз молу мулки подшоҳӣ, аз закоти Мовароуннаҳр, фавран ба ин одамон барои хароҷот дода шавад, то ки корашон лат нахӯрад;
  9. Ва тамоми чизи даркориашон: гӯсолаҳо ва қӯчқорҳо ва барраҳо аз баҳри қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худои осмон, гандум, намак, шароб ва равған, аз рӯи гуфтаи коҳиноне ки дар Ерусалим ҳастанд, рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад,
  10. То ки онҳо ҳадияҳои хушбӯй барои Худои осмон қур-бонӣ намоянд ва барои ҳаёти подшоҳ ва писаронаш дуо гӯ-янд.
  11. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки ҳар одаме ки ин амрро тағьир диҳад, аз хонаи вай ғӯлачӯбе гирифта, вай бар он бардошта овехта хоҳад шуд, ва хонаи вай ба ин сабаб вайрон карда хоҳад шуд.
  12. Ва Худое ки исмаш дар он ҷо сокин аст, ҳар подшоҳ ва қавмро, ки дасти худро барои тағъир додани ин амр бар зарари ин хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дароз мекунад, вожгун хоҳад сохт. Ман, Дорьёвеш, ин фармонро додаам, то ки фавран ба ҷо оварда шавад».
  13. Он гоҳ Татнай, волии Мовароуннаҳр, Штар-Бузнай ва рафиқони онҳо мувофиқи он чи подшоҳ Дорьёвеш фиристода буд, фавран амал карданд.
  14. Ва пирони яҳудӣ, мувофиқи нубуввати Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьё ибни Иддӯ,  бино  мекарданд   ва муваффақият меёфтанд; ва бар ҳасби ҳукми Худои Исроил ва аз рӯи фармони Куруш ва Дорьёвеш ва Артаҳшасто, подшоҳони Форс, онро бино карданд ва барпо намуданд.

Анҷоми сохтмони маъбад ва тақдис кардани он.

  1. Ва ин хона то рӯзи сеюми моҳи адор, дар соли шашуми салтанати подшоҳ Дорьёвеш ба анҷом расид.
  2. Ва банӣ-Исроил, коҳинон, левизодагон ва дигар касоне ки аз асирӣ баргашта буданд, ин хонаи Худоро бо шодмонӣ тақдис карданд.
  3. Ва барои тақдиси ин хонаи Худо сад гов, дусад қӯч-қор, чорсад барра, ва барои кафорати гуноҳҳои тамоми Исро-ил — мувофиқи шумораи сибтҳои Исроил — дувоздаҳ нарбуз қурбонӣ карданд.
  4. Ва коҳинонро дар шӯъбаҳошон, ва левизодагонро дар навбатҳошон ба ибодати Худо дар Ерусалим, бар тибқи он чи дар китоби Мусо навишта шудааст, таъин карданд.
  5. Ва онҳое ки аз асирӣ баргашта буданд, иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳи якум ба ҷо оварданд,
  6. Зеро ки коҳинон ва левизодагон саросар таҳорат карданд, ҳамаашон тоҳир шуданд; ва барои ҳамаи онҳое ки аз асирӣ баргашта буданд, барои бародарони худ коҳинон ва барои худашон барраҳои фисҳро забҳ карданд.
  7. Ва банӣ-Исроил, ки аз асирӣ баргашта буданд, ва ҳамаи касоне ки аз наҷосати халқҳои он замин ҷудо шуда ба онҳо пайваста буданд, то ба Худованд Худои Исроил рӯ оваранд, онро хӯрданд.
  8. Ва иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонӣ ба ҷо оварданд, зеро ки Худованд онҳоро шод кард ва дили подшоҳи Ашшурро ба онҳо моил намуд, то ки дастҳои онҳоро дар кори хонаи Худо, Худои Исроил, пурзӯр созад.

© IBT 1992

Реклама