Эзро боби 5

Бо ҷидду ҷаҳди Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьёи набӣ аз нав ба кор шурӯъ карданд.

  1. ВА Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьё ибни Иддӯи набӣ ба яҳудиёне ки дар Яҳудо ва Ерусалим буданд, ба  исми  Худои Исроил дар ҳаққи онҳо нубувват карданд.
  2. Он гоҳ Зарубобил   ибни   Шаалтиил   ва   Ешуа ибни Юсодоқ бархоста, ба бино кардани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, шурӯъ намуданд, ва анбиёи Худо бо онҳо буда, ба онҳо ёварӣ мекарданд.
  3. Дар он вақт Татнай, волии Мовароуннаҳр, ва Штар-Бузнай, ва рафиқонашон назди онҳо омада, ба онҳо чунин гуфтанд: «Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?»
  4. Он гоҳ мо ба онҳо номҳои касонеро гуфтем,  ки  ин иморатро бино мекарданд.
  5. Ва чашми Худои онҳо бар пирони яҳудиён буд, ва кори онҳо қатъ карда нашуд, то даме ки ин масъаларо ба Дорьёвеш равона карданд, ва дар ин бора ҷавобе расид.

Хабаркашӣ ба подшоҳ Дорьёвеш.

  1. Ин аст мундариҷаи номае ки Татнай, волии Мова-роуннаҳр, ва Штар-Бузнай ва рафиқонашон, афраксиёне ки дар Мовароуннаҳр буданд, ба подшоҳ Дорьёвеш фиристо-даанд;
  2. Номае ба ӯ фиристодаанд, ва андаруни он чунин на-вишта шудааст: «Ба подшоҳ Дорьёвеш осоиштагии комил бод!
  3. Подшоҳро маълум бод, ки мо ба кишвари Яҳудия, ба хонаи Худои муаззам рафтем; ва он аз сангҳои бузург бино карда мешавад, ва чӯб бар деворҳояш гузошта мешавад, ва ин кор дар дасти онҳо ба сурати мукаммал ва бомуваффа-қият ба ҷо оварда мешавад.
  4. Он гоҳ мо ба пирони онҳо савол дода, гуфтем: «Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?»
  5. Ва низ номҳои онҳоро пурсидем, то ба ту хабар диҳем ва номҳои касонеро, ки ба онҳо сардорӣ мекунанд, бинави-сем.
  6. Ва онҳо дар ҷавоби мо чунин суханонро гуфтанд: «Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем, ва хонаеро бино мекунем, ки чандин сол пеш аз ин бино ёфта буд, ва под-шоҳи бузурги Исроил онро бино карда ва ба анҷом расонда буд.
  7. Аммо, вақте ки падарони мо Худои осмонро ба ғазаб оварданд, Ӯ онҳоро ба дасти Набукаднесари калдонӣ, подшо-ҳи Бобил, таслим намуд, ки вай ин хонаро хароб кард, ва ин қавмро ба Бобил ба асирӣ бурд.
  8. Лекин дар соли якуми Куруш, подшоҳи Бобил, подшоҳ Куруш фармон дод, ки ин хонаи Худоро бино кунанд;
  9. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар аз маъбади Ерусалим гирифта, ба маъбади Бобил оварда буд, — онҳоро подшоҳ Куруш аз маъбади Бобил берун оварда, ба Шешбасар ном шахсе дод, ки варо волӣ таъин намуд.
  10. Ва ба вай гуфт: ин зарфҳоро бардошта бирав ва онҳоро дар маъбаде ки дар Ерусалим аст, бигузор, ва хонаи Худо дар ҷояш бино карда шавад.
  11. Пас, ин Шешбасар омада, буньёди хонаи Худоро, ки дар Ерусалим аст, ниҳод, ва аз он вақт то кунун бино карда мешавад, ва ҳанӯз анҷом наёфтааст».
  12. Ва алҳол, агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор дар ганҷхонай подшоҳ, ки дар Бобил аст, ҷустуҷӯ намоянд, ки оё под-шоҳ Куруш ҳақиқатан фармон дода будааст, ки ин хонаи Худоро дар Ерусалим бино кунанд; ва иродаи подшоҳ дар ин бора бигзор ба мо фиристода шавад».

© IBT 1992

Реклама