Эзро боби 4

Душманон саъю кӯшиш менамоянд ба сохтмон монеъ шаванд.

  1. ВА душманони Яҳудо ва Биньёмин шуниданд, ки аз асирӣ гашта омадагон барои Худованд Худои Исроил маъбад бино мекунанд;
  2. Ва назди Зарубобил ва сардорони хонаводаҳо омада, ба онҳо гуфтанд: «Мо ҳамроҳи шумо бино хоҳем кард, чунки мо, мисли шумо, аз айёми Эсар-Ҳадун, подшоҳи Ашшур, ки моро ба ин ҷо оварда буд, ба Худои шумо муроҷиат менамоем ва барои Ӯ қурбонӣ меоварем».
  3. Вале Зарубобил ва Ешуа ва дигар сардорони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: «Шумо бо мо хонаи Худои моро бино нахоҳед кард, балки танҳо мо барои Худованд Худои Исроил, чунон ки подшоҳ Куруш, подшоҳи Форс, ба мо амр фармудааст, бино хоҳем кард».
  4. Ва мардуми он кишвар дастҳои қавми Яҳудоро суст мекарданд ва онҳоро аз бино кардан метарсониданд;
  5. Ва бар зидди онҳо мушовиронро киро мекарданд, то ки иқдоми онҳоро вайрон кунанд, — ин ҳол дар тамоми айёми Куруш, подшоҳи Форс, то вақти подшоҳии Дорьёвеш, подшоҳи Форс, давом ёфт.
  6. Ва дар замони подшоҳии Аҳашверӯш,  дар ибтидои подшоҳии ӯ, бӯҳтоне дар ҳаққи сокинони Яҳудо ва Ерусалим навиштанд.

Ба Артаҳшасто нома мефиристанд.

  1. Ва дар айёми Артаҳшасто Бишлом, Митредот, Тобъил ва дигар рафиқони онҳо ба Артаҳшасто, подшоҳи Форс, на-виштанд; ин нома бо хату забони арамӣ навишта ва аз арамӣ тарҷима карда шуда буд.
  2. Раҳуми фармондеҳ   ва   Шимшаи   котиб   номае   дар бораи  Ерусалим   ба   подшоҳ    Артаҳшасто   ба   ин   мазмун навиштанд:
  3. «Пас, Раҳуми фармондеҳ ва Шимшаи котиб ва дигар рафиқони онҳо — диниён ва афарсаткиён, тарфалиён, афра-сиён, аркиён,   бобилиён,  шушаниён, даҳоиён, эломиён
  4. Ва қабилаҳои дигаре ки Оснафари* муаззам ва пур-шараф онҳоро кӯчонида, дар шаҳри Сомария ва дар ҷойҳои дигари Мовароуннаҳр ҷойгир карда буд. Ва алҳол…»
  5. Ин аст мундариҷаи номае ки ба ӯ фиристодаанд: «Ба подшоҳ Артаҳшасто — бандагонат, ки сокинони Мовароун-наҳр ҳастем; ва алҳол,
  6. Подшоҳро маълум бод, ки яҳудиёне ки аз ҷониби ту сӯи мо баромада буданд, ба Ерусалим расиданд, ин шаҳри балвогар ва  шарирро бино мекунанд,  ва ҳисорҳоро барпо ва буньёдҳоро мустаҳкам менамоянд.
  7. Алҳол подшоҳро маълум бод, ки агар ин шаҳр бино ёбад, ва ҳисорҳояш барпо гардад, закот, боҷ ва хироҷ на-хоҳанд дод, ва хазинаи подшоҳ зарар хоҳад дид.
  8. Алҳол, азбаски мо нону намаки қасрро мехӯрем, шоиста нест, ки мо осебу зиёни подшоҳро бубинем, бинобар ин фи-ристода, подшоҳро хабардор намудем.
  9. Бигзор дар китоби ёддошти падаронат ҷустуҷӯ намо-янд, ва ту аз китоби ёддошт дарьёфт хоҳӣ кард ва хоҳӣ донист, ки ин шаҳр шаҳри балвогар ва барои подшоҳон ва мамлакатҳо зараровар аст, ва андарунн он аз қадимулайём фитна меангехтанд, ба ҳамин сабаб ин шаҳр хароб гардида буд.
  10. Мо подшоҳро огоҳ менамоем, ки агар ин шаҳр бино ёбад, ва ҳисорҳояш барпо гардад, пас  аз он  туро насибе дар Мовароуннаҳр нахоҳад буд».

Фармони Артаҳшасто.

  1. Подшоҳ ба Раҳуми фармондеҳ ва Шимшаи котиб ва дигар рафиқони онҳо, ки дар Сомария ва ҷойҳои дигари Мовароуннаҳр иқомат доштанд, ҷавоб фиристод:  «Салом! Ва алҳол,
  2. Номае ки ба мо фиристодаед, дар ҳузури ман муфас-сал хонда шуд;
  3. Ва аз ҷониби ман амр фармуда шуд, — ва ҷустуҷӯ намуда, дарьёфт карданд, ки ин шаҳр аз қадимулайём бар зидди подшоҳон қиём мекардааст, ва балвою фитнаҳо дар он ба вуқӯъ меомадааст;
  4. Ва подшоҳони қавӣ бар Ерусалим будаанд, ва онҳо дар тамоми Мовароуннаҳр салтанат мерондаанд, ва закот, боҷ ва хироҷ ба онҳо дода мешудааст;
  5. Пас, фармоне бидиҳед, ки ин одамон корро бас ку-нанд, ва ин шаҳр бино наёбад, то даме ки аз ҷонибн ман фармоне дода шавад;
  6. Ва эҳтиёт шавед, ки дар ин кор саҳве накунед: чаро ин вайронкорӣ бар зарари подшоҳон афзун гардад?»
  7. Ҳамин ки ин номаи подшоҳ Артаҳшасто ба ҳузури Раҳум ва Шимшаи котиб ва рафиқонашон хонда шуд, онҳо фавран ба Ерусалим назди яҳудиён рафтанд ва бо ҷавру зӯрӣ кори онҳоро хобонданд.
  8. Он гоҳ кори хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, хобонда шуд, ва то соли дуюми подшоҳии Дорьёвеш қатъ гардид.

* 10. Набераи подшоҳ Санҳериб  — Ашшурбанифал дар назар дошта шудааст.

© IBT 1992