Эзро боби 3

Сохтани қурбонгоҳ.

  1. ВА моҳи ҳафтум фаро расид, ва банӣ-Исроил дар шаҳр-ҳо буданд, ва қавм, мисли як тан, дар Ерусалим ҷамъ омаданд.
  2. Ва Ешуа ибни Юсодоқ, ва бародаронаш, ки коҳинон буданд, ва Зарубобил ибни Шаалтиил ва бародаронаш бархостанд, ва қурбонгоҳи Худои Исроилро бино карданд, то бар он қурбониҳои  сӯхтанӣ, чунон ки дар шариати Мусо, марди Худо, навишта шудааст, бароваранд.
  3. Ва қурбонгоҳро бар ҷои он барпо карданд, зеро ки аз қавмҳои кишварҳо бим  доштанд;  ва   бар   он  қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд, қурбониҳои сӯхтании субҳ ва шомро мебароварданд.

Аз нав барқарор кардани ибодати қадимӣ.

  1. Ва иди хаймаҳоро, чунон ки навишта шудааст, ба ҷо оварда, қурбонии сӯхтании ҳаррӯзаро ба миқдоре ки аз рӯи оин барои ҳар рӯз муқаррар гардидааст, бароварданд.
  2. Ва баъд аз он қурбонии сӯхтании доимиро дар навмоҳ-ҳо, ва дар ҳамаи идҳои муқаддаси Худованд, ва барои ҳар касе ки ба Худованд ионат меоварад, баровардан гирифтанд.
  3. Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба баровардани қурбо-ниҳои сӯхтанӣ барои Худованд  шурӯъ карданд,   валекин буньёди маъбади Худованд ҳанӯз ниҳода нашуда буд.
  4. Ва нуқра ба сангтарошону наҷҷорон, ва хӯроку маш-руботу равған ба сидӯниён ва сӯриён доданд, то аз Лубнон, мувофиқи иҷозате ки Куруш, подшоҳи Форс, ба онҳо до-дааст, дарахтони арзро бо роҳи баҳр ба Ёфӯ биёранд.

Ниҳодани буньёди маъбад.

  1. Ва дар соли дуюми расиданашон ба хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дар моҳи дуюм, Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа ибни Юсодоқ ва дигар бародарони онҳо, коҳинон ва левизодагон ва ҳамаи онҳое ки аз асирӣ ба Ерусалим омада буданд, шурӯъ карданд, ва левизодагонро, аз бистсола ва болотар ба назорат кардан ба кори хонаи Худованд гузоштанд.
  2. Ва Ешуа, писарон ва бародаронаш, Қадмиил ва писаронаш, зодагони Яҳудо, мисли як тан, биистоданд, то ба касоне ки бо кори хонаи Худо машғул буданд, яъне ба зодагони Ҳенодод, писаронашон ва бародаронашон, ки левизода буданд, назорат кунанд.
  3. Ва чун бинокорон буньёди маъбади Худовандро ниҳо-данд, коҳинонро дар либоси худашон бо карнайҳо, ва левизодагон, писарони Ософро бо санҷҳо гузоштанд, то ки Худовандро мувофиқи расми Довуд, подшоҳи Исроил, мадҳ намоянд.
  4. Ва онҳо бо ҷӯшу хурӯш сароида, Худовандро мадҳ ва ҳамд мегуфтанд, зеро ки Ӯ некӯст, зеро ки марҳамати Ӯ бар Исроил то абад аст; ва тамоми қавм бо нидои баланди шодӣ Худовандро барои буньёд ниҳодан ба хонаи Худованд мадҳ мегуфтанд.
  5. Ва бисьёре аз коҳинон ва левизодагон ва сардорони пири хонаводаҳо, ки маъбади якумро дида буданд, вақте ки буньёди ин маъбад дар пеши назарашон ниҳода шуд, бо овози баланд гиристанд; ва бисьёр касон овози худро бо нидои шодӣ баланд карданд.
  6. Ва қавм нидои шодиро аз садои гирьяи қавм  фарқ карда наметавонистанд, зеро ки қавм бағоят баланд нидо мекарданд, ва овозашон аз дур шунида мешуд.

© IBT 1992

Реклама