Дуюм Вақоеънома боби 35

Йӯшиёҳу иди фисҳро дар Ерусалим ба ҷо меоварад.

  1. ВА Йушиёҳу иди фисҳро дар Ерусалим барои Худованд ба ҷо овард; ва барраи фисҳро дар  рӯзи чордаҳуми  моҳи якум забҳ карданд.
  2. Ва ӯ коҳинонро бар навбатдориҳошон гузошт, барои хизмати хонаи Худованд онҳоро таҳрик дод.
  3. Ва ба   левизодагоне   ки   тамоми   Исроилро   таълим медоданд ва барои  Худованд  тақдис  ёфта   буданд, гуфт: «Сандуқи муқаддасро дар хонае ки Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, бино кардааст, бимонед;   ҳоҷат надорад, ки минбаъд онро бар китфи худ бардоред;  алҳол хизмати Худованд Худои худ ва қавми Ӯ Исроилро ба ҷо оваред;
  4. Ва бар ҳасби хонаводаҳои худ ва гурӯҳҳои худ, чунон ки дар навиштаи Довуд, подшоҳи Исроил, ва дар навиштаи писараш Сулаймон муқаррар карда шудааст, омода шавед;
  5. Ва мувофиқи тақсимоти хонаводаҳои   бародаронатон, фарзандони қавм, ва мувофиқи тақсимоти хонаводаҳои левизодагон дар қудс биистед.
  6. Ва барраи фисҳро забҳ кунед, ва худро тақдис намуда, онро барои бародаронатон тайёр кунед, то бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Мусо гуфтааст, амал намоянд».
  7. Ва Йӯшиёҳу барои фарзандони қавм, яъне барои ҳамаи онҳое ки дар он ҷо буданд, аз рамаи баррагон ва бузғолагон ба миқдори  сӣ  ҳазор сар,   ки  ҳамааш барои  қурбониҳои фисҳ буд, ва аз говон се ҳазор сар бахшиш кард; инҳо аз молу мулки подшоҳ буд.
  8. Ва сарварони ӯ саховат намуда,  барои  қавм,   барои коҳинон ва левизодагон бахшиш карданд: Ҳилқиё ва Закарь-ёҳу ва Яҳиил, ки раисони хонаи Худо буданд, ба коҳинон барои қурбониҳои фисҳ ду ҳазору шашсад сар барраю бузғола ва сесад сар гов доданд.
  9. Ва Конаньёҳу ва Шамаъёҳу ва Натанъил, бародарони ӯ, ва Ҳашабьёҳу ва Яиил ва Юзобод, сарварони левизодагон, ба левизодагон барои қурбониҳои фисҳ панҷ ҳазор сар бар-раю бузғола ва панҷсад сар гов доданд.
  10. Ва хизмат дуруст ба ҷо оварда шуд, ва коҳинон дар ҷойҳои худ, ва левизодагон дар гурӯҳҳои худ, бар тибқи фармони подшоҳ истоданд.
  11. Ва барраҳои фисҳро забҳ карданд, ва коҳинон хун-ро аз дасти левизодагон гирифта, мепошиданд, ва левизо-дагон пӯсти барраҳоро меканданд.
  12. Ва он  чиро, ки барои қурбонии  сӯхтанӣ буд, ҷудо карданд, то онро мувофиқи тақсимоти хонаводаҳо ба фарзан-дони қавм бидиҳанд, то ки онҳо, бар тибқи он чи дар ки-тоби Мусо навишта шудааст, барои Худованд қурбонӣ ку-нанд; бо говон низ чунин амал карданд.
  13. Ва барраи фисҳро, мувофиқи дастуруламал, ба оташ пухтанд; ва қурбониҳои муқаддасро дар дегҳо ва тосҳо ва лаганҳо пухтанд, ва чобукона ба ҳамаи  фарзандони  қавм тақсим карда доданд.
  14. Ва баъд аз он барои худашон ва барои коҳинон тайёр карданд, зеро ки коҳинон, банӣ-Ҳорун, то шомгоҳ бо тақ-дим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ва чарбуҳо банд буданд; ва левизодагон барои  худашон ва   барои  коҳинон,   банӣ-Ҳорун, тайёр карданд.
  15. Ва муғанниён, банӣ-Ософ, бар тибқи фармони Довуд ва Ософ ва Ҳеймон ва Едутун, ки  ғайбгӯи  подшоҳ буд, дар ҷойҳои худ истоданд, ва дарбонон — назди ҳар дар-воза:  барои онҳо ҳоҷат надошт, ки аз сари кори худ дур шаванд,  зеро ки бародаронашон   левизодагон барои онҳо тайёр мекарданд.
  16. Ва тамоми хизмати Худованд  дар он рӯз дуруст ба роҳ монда шуд, то ки иди фисҳро ба ҷо оваранд ва бар қурбонгоҳи Худованд, мувофиқи фармони подшоҳ Йӯшиёҳу, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намоянд.
  17. Ва банӣ-Исроил, ки ҳозир буданд, фисҳро дар он вақт, ва иди фатирро ҳафт рӯз ба ҷо оварданд.
  18. Ва ҳеҷ иди фисҳ мисли ин дар Исроил аз айёми Самуили набӣ ба ҷо оварда  нашудааст;  ва  ҳеҷ  яке  аз подшоҳони Исроил мисли ин фисҳе ки Йӯшиёҳу, ва коҳинон ва леви-зодагон ва ҳамаи ҳозирони Яҳудо ва Исроил, ва сокинони Ерусалим ба ҷо оварданд, ба ҷо наоварда буд.
  19. Ин фисҳ дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии Йӯшиёҳу ба ҷо оварда шуд.

Фавти Йӯшиёҳу.

  1. Баъд аз ҳамаи ин тадбирҳое ки Йӯшиёҳу дар маъбад андешид, Накӯҳ, подшоҳи Миср,   сӯи  Каркамиш, ки бар Фурот воқеъ аст, барои ҷанг кардан баромад; ва Йӯшиёҳу ба истиқболи вай берун омад.
  2. Ва вай қосидонро назди ӯ фиристода, гуфт:   «Маро бо ту, эй подшоҳи Яҳудо, чӣ кор аст? Ман имрӯз ба муқо-били ту набаромадаам, балки ба муқобили маконе ки бо он бояд ҷанг кунам, ва Худо ба ман амр фармудааст, ки таъ-ҷил намоям; аз Худое ки бо ман аст, даст бикаш, мабо-до Ӯ туро нобуд кунад».
  3. Вале Йӯшиёҳу рӯи худро аз  вай  нагардонид, балки либоси худро иваз намуд, то ки бо вай ҷанг кунад; ва ба суханони Накӯҳ, ки аз ҷониби Худо буд, гӯш надод, ва ба водии Маҷиддӯ омад, то ки ҷанг кунад.
  4. Ва тирандозон ба подшоҳ Йӯшиёҳу тир андохтанд, ва подшоҳ ба навкаронаш гуфт: «Маро берун баред,  зеро ки бағоят бемор шудаам».
  5. Ва навкаронаш ӯро аз ароба фуроварда, ба аробаи дуюме ки дошт, савор карданд, ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва ӯ мурд, ва дар мақбараи падаронаш дафн карда шуд; ва тамоми Яҳудо ва Ерусалим барои Йӯшиёҳу мотам гирифтанд.
  6. Ва Ирмиёҳу дар ҳаққи Йӯшиёҳу марсия хонд, ва ҳамаи муғанниён ва муғанниягон дар марсияҳои худ то имрӯз дар ҳаққи Йӯшиёҳу суҳан меронанд, ва он марсияҳо дар Исроил ба ҳукми қонун даромадааст; ва инак, онҳо дар китоби марсияҳо навишта шудааст.
  7. Ва бақияи аъмоли Йӯшиёҳу ва некиҳои ӯ, ки ба навиштаҳои Тавроти Худованд мувофиқ буд,
  8. Ва корҳои ӯ, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.

© IBT 1992