Дуюм Вақоеънома боби 33

Подшоҳии Менашше; маъсияти ӯ.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш Менашше дувоздаҳсола буд, ва панҷоҳу панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ба тақлиди корҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ-Исроил бадар ронда буд.
  3. Ва баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд, аз нав бино намуд, ва қурбонгоҳҳо барои Баалҳо барпо кард, ва Ашераҳо сохт, ва ба тамоми лашкари осмон саҷда мебурд, ва онҳоро ибодат мекард.
  4. Ва қурбонгоҳҳо дар хонаи Худованд бино намуд, ки Худованд дар бораи он гуфта буд: «Дар Ерусалим исми Ман то абад хоҳад буд».
  5. Ва қурбонгоҳҳо барои тамоми лашкари осмон дар ду саҳни хонаи Худованд бино намуд.
  6. Ва ӯ писаронашро дар  дараи  Бен-Ҳиннӯм  аз  оташ гузаронид; ва афсун намуда фол мекушод ва ҷоду мекард, ва бо ҷодугарон ва азоимхонон робита дошт; бисьёр чизҳоро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард, то ки Ӯро ба хашм оварад.
  7. Ва ҳайкали бутеро, ки сохта буд, дар хонаи Худо гузошт, ки Худо дар бораи он ба Довуд ва ба писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки онро аз ҳамаи сибтҳои Исроил  баргузидаам,  исми   Худро то абад хоҳам гузошт,
  8. Ва пои Исроилро аз замине ки барои падарони шумо таъин намудаам, дигар дур нахоҳам кард, ба шарте ки ҳар он чиро, ки Ман ба онҳо дар тамоми шариат ва фароиз ва аҳком ба воситаи Мусо амр фармудаам, ҳамеша нигоҳ дошта, ба ҷо оваранд».
  9. Вале Менашше аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро то ба дараҷае гумроҳ   сохт,   ки аз халқҳое ки   Худованд онҳоро аз пеши банӣ-Исроил нест карда буд, бадтар рафтор карданд.
  10. Ва Худованд ба Менашше ва қавми вай сухан ронд, валекин онҳо гӯш надоданд.

Ба  асирӣ  афтодани  Менашше  ва  озод   шудани ӯ.

  1. Ва Худованд сарлашкарони подшоҳи Ашшурро бар онҳо овард,  ва  Менашшеро  гирифта,  маҳор  ба   бинияш заданд, ва ӯро бо занҷирҳои мис бастанд, ва ӯро ба Бобил бурданд.
  2. Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд,  ва  ба  ҳузури  Худои   падарони   худ   бағоят   гардан фуровард;
  3. Ва сӯи Ӯ дуо гуфт, ва Ӯ истиғосаи варо шунида, иҷобат намуд, ва ба салтанати вай ба Ерусалим баргардонид, ва Менашше донист, ки Худованд Худост.
  4. Ва баъд аз ин, ҳисори беруни  шаҳри   Довудро   ба тарафи ғарбии Ҷайҳун, дар водӣ то даромадгоҳи Дарвозаи моҳиён бино кард, ва онро ба тарафи бурҷи Ӯфал гардонид, ва   бағоят баланд сохт; ва  сарварони ҳарбиро  дар   ҳамаи шаҳрҳои ҳисордор гузошт.
  5. Ва худоёни бегона ва бутро аз хонаи Худованд дур кард, ва ҳамаи қурбонгоҳҳоеро, ки дар кӯҳи хонаи Худованд ва  Ерусалим  бино  карда  буд,  бардошта,   аз  шаҳр   берун партофт.
  6. Ва қурбонгоҳи   Худовандро аз нав бино   кард,   ва қурбониҳои саломатӣ ва шукрона бар он забҳ намуд;   ва ба аҳли Яҳудо амр   фармуд,   ки   Худованд   Худои  Исроилро ибодат намоянд.
  7. Аммо қавм ҳанӯз дар баландиҳо қурбонӣ мекарданд, лекин ин барои Худованд Худои онҳо буд.
  8. Ва бақияи аъмоли Менашше, ва дуое ки сӯи Худои худ гуфтааст, ва суханони ғайбгӯён, ки ба исми Худованд Худои Исроил ба ӯ гуфтаанд, — ҳамааш дар вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  9. Ва дуои ӯ, ва мустаҷоб шуданаш; ва тамоми гуноҳ ва хиёнаташ; ва ҷойҳое ки ӯ дар онҳо баландиҳо бино карда, Ашераҳо ва санамҳоро гузошта буд, пеш аз он ки гардан фуроварад, — ҳамааш дар навиштаҷоти Ҳӯзой тасвир ёфтааст.

Фавти Менашше ва подшоҳ шудани Омӯн.

  1. Ва Менашше бо падарони худ хобид, ва ӯро дар хонаи ӯ дафн карданд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Омӯн бисту дусола буд, ва ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  3. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли он ки падараш Менашше ба амал оварда буд; ва барои ҳамаи бутҳое ки падараш Менашше сохта буд, Омӯн қурбонӣ мекард ва онҳоро ибодат менамуд.
  4. Вале ӯ пеши Худованд гардан нафуровард, чунон ки падараш Менашше гардан фуроварда буд, балки ӯ, Омӯн, торафт бештар ба маъсият дода шуд.

Фавти Омӯн. Подшоҳ шудани Йӯшиёҳу.

  1. Ва навкаронаш ба муқобили ӯ суиқасд карданд, ва ӯро дар хонаи ӯ куштанд.
  2. Валекин қавми мамлакат ҳамаи онҳоеро, ки ба муқобили подшоҳ Омӯн суиқасд карда буданд, ба қатл расониданд; ва қавми мамлакат писараш Йӯшиёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд.

© IBT 1992

Реклама