Дуюм Вақоеънома боби 32

Тохтутози Санҳериб. Валангор шудани Яҳудо.

  1. БАЪД аз ин корҳои сидқу вафо, Санҳериб, подшоҳи Ашшур омада, ба Яҳудо дохил   шуд,   ва  назди  шаҳрҳои ҳисордор ӯрду зада, онҳоро барои худ мехост забт намояд.
  2. Ва Ҳизқиё дид, ки Санҳериб омадааст,  ва қасд дорад ба муқобили Ерусалим ҷанг кунад.
  3. Ва ӯ бо сарварон ва паҳлавонони худ машварат намуда, қарор дод, ки оби чашмаҳои беруни шаҳрро банд кунад, ва онҳо ба ӯ мадад расониданд.
  4. Ва қавми зйёде ҷамъ  шуданд, ва ҳамаи чашмаҳо ва наҳреро, ки аз миёни кишвар ҷорӣ мешуд, банд карда, гуфтанд: «Чаро подшоҳони Ашшур омада, оби фаровон ёбанд?»
  5. Ва ӯ қувват гирифт, ва тамоми ҳисори вайронаро таъмир намуда, онро то бурҷҳо баланд кард, ва ҳисори дигаре аз беруни он сохт, ва Миллӯро дар шаҳри Довуд мустаҳкам намуд, ва аслиҳа ва сипарҳои зиёде сохт.
  6. Ва сипаҳдоронро бар қавм таъин намуд, ва онҳоро назди худ дар майдони дарвозаи шаҳр ҷамъ кард, ва чунин суханони дилҷӯй ба онҳо гуфт:
  7. «Қавӣ ва далер бошед, аз подшоҳи Ашшур ва аз тамо-ми анбӯҳе ки бо ӯст, натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст.
  8. Бо ӯ бозуи башар аст,   вале бо мо Худованд Худои мост,  ки Ӯ  ба мо  ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад   ҷангид».   Ва   қавм   ба   суханони Ҳизқиё,   подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд.

Санҳериб сокинони Ерусалимро метарсонад ва куфр мегӯяд.

  1. Баъд аз ин, Санҳериб, подшоҳи Ашшур, навкарони худро ба Ерусалим фиристод, — дар  сурате ки худаш дар Локиш буд, ва ҳамаи ҳукуматдоронаш бо ӯ буданд, — то ки ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми аҳли Яҳудо, ки дар Ерусалим буданд, бигӯянд:
  2. «Санҳериб, подшоҳи Ашшур, чунин мегӯяд: «Бар чӣ шумо таваккал мекунед, ки дар Ерусалим дар ҳолати му-ҳосира нишастаед?
  3. Ҳизқиё, охир,  шуморо   иғво   медиҳад,  бо гуруснагӣ ва ташнагӣ мехоҳад шуморо ба ҳалокат расонад, ва мегӯяд: Худованд Худои мо моро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳад кард.
  4. Ҳамин Ҳизқиё,   охир,   баландиҳо   ва   қурбонгоҳҳои Ӯро барҳам додааст, ва ба аҳли Яҳудо ва Ерусалим сухан ронда, гуфтааст:   пеши як қурбонгоҳ саҷда баред ва бар он бухур бисӯзонед.
  5. Шумо, охир, медонед, ки ман ва падаронам ба ҳамаи қавмҳои кишварҳо чӣ кардаем. Оё худоёни халқҳои киш-варҳо тавонистанд замини худро аз дасти ман раҳо кунанд?
  6. Аз ҳамаи   худоёни   ин  халқҳое   ки   падаронам маҳв намудаанд, кист, ки тавониста бошад қавми худро аз дасти ман раҳо кунад, то ки   Худои   шумо   тавонад   шуморо аз дасти ман раҳо кунад?
  7. Ва алҳол, бигзор шуморо  Ҳизқиё  ба   васваса наан-дозад, ва шуморо ин гуна иғво надиҳад, ва шумо ба суха-нони ӯ бовар накунед, зеро модоме ки ҳеҷ як худои ҳеҷ як халқ ва мамлакат натавонистааст қавми худро аз дасти ман ва аз дасти падаронам  раҳо  кунад,  пас  Худои шумо низ шуморо аз дасти ман раҳо нахоҳад кард»».
  8. Ва боз навкарони вай бар   зидди   Худованд Худо, ва бар зидди бандаи ӯ Ҳизқиё сухан ронданд.
  9. Ва номаҳо навишта, Худованд Худои Исроилро таҳқир намуд ва дар ҳаққи Ӯ сухан ронда, гуфт:   «Чунон ки ху-доёни  халқҳои  кишварҳо қавми худро аз дасти ман раҳо накардаанд, ончунон Худои Ҳизқиё қавми Худро аз дасти ман раҳо нахоҳад кард».
  10. Ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ сӯи қавми Еруса-лим, ки бар ҳисор  буданд,  фарьёд заданд, то ки онҳоро тарсонида ва ба ҳарос андохта, шаҳрро забт намоянд.
  11. Ва дар ҳаққи Худои Ерусалим, мисли худоёни қавмҳои замин, ки маснӯи дасти одамизод мебошанд, сухан ронданд.

Баъд аз дуои Ҳизқиё Худованд лашкари Ашшурро зарба мезанад.

  1. Ва подшоҳ Ҳизқиё ва набӣ Ишаъё ибни Омӯс дар ин бобат дуо гуфтанд, ва сӯи осмон фарьёд заданд.
  2. Ва Худованд фариштае фиристод, ки вай ҳамаи мар-дони ҷангӣ ва раисон ва сарваронро дар ӯрдугоҳи подшоҳи Ашшур нобуд кард. Ва ӯ шарманда шуда, ба кишвари худ баргашт, ва ба хонаи худои худ даромад, ва онҳое ки аз камараш рӯида буданд, ӯро дар он ҷо бо шамшер куштанд.
  3. Ва Худованд Ҳизқиё ва сокинони Ерусалимро аз дасти Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ва аз дасти ҳама наҷот дод; ва онҳоро аз ҳар тараф нигаҳбонӣ намуд.
  4. Ва бисьёр касон ба Ерусалим ҳадияҳо барои Худованд, ва инъомҳои гаронбаҳо барои Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, мео-варданд, ва ӯ баъд аз он дар назари ҳамаи халқҳо обрӯманд шуд.

Бемории Ҳизқиё ва шифо ёфтани ӯ.

  1. Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд, ва сӯи Худованд дуо гуфт, ва Ӯ варо иҷобат намуда, аломате барояш дод.
  2. Валекин Ҳизқиё мувофиқи марҳамате ки ба ӯ ато шуда буд, рафтор накард, зеро ки дили ӯ мағрур гардид, ва ғазабе бар ӯ ва бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад.
  3. Ва азбаски Ҳизқиё бо сокинони Ерусалим аз ғурури дилаш тавба кард, бинобар ин ғазаби Худованд дар айёми Ҳизқиё бар онҳо фурӯ нарехт.
  4. Ва Ҳизқиё сарват ва ҷалоли бағоят зиёде дошт, ва аз баҳри худ ганҷинаҳо барои нуқра ва тилло ва сангҳои гарон-баҳо ва атриёт ва сипарҳо ва ҳар гуна колои нафиса сохт,
  5. Ва анборҳо барои маҳсулоти гандум ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва охурҳо барои ҳар навъ чорпоён, ва кӯраҳо барои рамаҳо.
  6. Ва аз баҳри худ шаҳрҳо  сохт, ва паноҳгоҳҳо барои рамаҳои сершумори гӯсфандон ва говон, зеро ки Худо ба ӯ молу мулки бағоят зиёде ато намуд.
  7. Ва ҳамин Ҳизқиё манбаи обҳои Ҷайҳуни болоро баста, онҳоро рост ба поён, ба тарафи ғарбии шаҳри Довуд равона кард. Ва Ҳизқиё дар ҳар амали худ муваффақият меёфт.
  8. Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.
  9. Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва эҳсонҳояш дар рӯъёи набӣ Ишаъё ибни Омӯс ва дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.
  10. Ва Ҳизқиё бо падарони худ хобид, ва ӯро дар пешгоҳи мақбараи банӣ-Довуд дафн карданд, ва тамоми аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим ӯро дар вақти фавташ иззату икром намуданд; ва писараш Менашше ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама