Дуюм Вақоеънома боби 31

Несту нобуд кардани бутҳо, ва ислоҳоти дигари Ҳизқиё.

  1. ВА баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд; ва тамоми банӣ-Исроил, ҳар  кас  ба мулки худ, ба шаҳрҳон худ баргаштанд.
  2. Ва Ҳизқиё коҳинон ва левизодагонро бар  навбатҳои онҳо гузошт, то ки ҳар яке   аз  коҳинон  ва  левизодагон, мувофиқи хизмати худ, барои қурбониҳои сӯхтанӣ, ва қурбониҳои саломатӣ, барои хизматгузорӣ, барои мадҳ кардан ва ҳамду сано гуфтан  назди   дарвозаҳои   ӯрдугоҳи   Худованд ҳозир бошанд.
  3. Ва подшоҳ ҳиссае аз молу мулки худ барои қурбониҳои сӯхтанӣ ҷудо кард: барои қурбониҳои сӯхтании субҳ ва шом ва барои қурбониҳои сӯхтании шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳо, чунон ки дар Тавроти Худованд навишта шудааст.
  4. Ва ба қавме ки дар Ерусалим сокин буданд, амр фармуд, ки ҳиссае барои коҳинон ва левизодагон бидиҳанд, то ки ба Тавроти Худованд бо ҷидду ҷаҳд машғул бошанд.
  5. Ва ҳангоме  ки  ин  амр  интишор ёфт, банӣ-Исроил навбари гандум, шираи ангур ва равғани зайтун ва асал ва ҳар маҳсули саҳроро ба фаровонӣ доданд, ва аз ҳама чиз ушри зиёде оварданд.
  6. Ва банӣ-Исроил ва Яҳудо, ки дар   шаҳрҳои  Яҳудо сокин буданд, — онҳо низ ушри говон  ва  гӯсфандон ва ушри вақфҳоеро, ки барои Худованд Худои онҳо бахшида шуда буд, оварданд, ва тӯда-тӯда карда ба миён гузоштанд.
  7. Дар моҳи сеюм ба гузоштани тӯдаҳо шурӯъ намуда, дар моҳи ҳафтум анҷом доданд.
  8. Ва Ҳизқиё ва сарварон омада, тӯдаҳоро   диданд, ва Худованд ва қавми Ӯ Исроилро муборак хонданд.
  9. Ва Ҳизқиё аз коҳинон ва левизодагон дар бораи он тӯдаҳо пурсид.
  10. Ва Азарьёи саркоҳин, ки аз хонадони Содӯқ буд, ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Аз он вақте ки ба овардани ионат барои хонаи Худованд шурӯъ карданд, мо  хӯрдем ва  сер шудем,  ва миқдори зиёде  боқӣ монд,  зеро ки Худованд қавми Худро баракат додааст; ва он чи боқӣ мондааст, ҳамин миқдори азим аст».
  11. Ва Ҳизқиё амр фармуд, ки анборҳо дар хонаи Худо-ванд барпо кунанд. Ва барпо карданд.
  12. Ва ионат ва ушр ва вақфҳоро бекаму кост оварда монданд; ва Конаньёҳуи левизода бар  онҳо  раис  буд, ва бародараш Шимъӣ — муовини ӯ.
  13. Ва Яҳиил ва Азазьёҳу ва Ноҳат ва Асоил ва Яримӯт ва Юзобод ва Элиил ва Исмахьёҳу ва Маҳат ва Баноёҳу, мувофиқи фармони  подшоҳ  Ҳизқиё   ва   Азарьёҳу,   раиси хонаи Худо,  зери дасти Конаньёҳу ва бародараш  Шимъӣ амалдор буданд.
  14. Ва Қӯре ибни Йимнои левизода, ки дарбони дарвозаи шарқӣ буд, бар хайроти Худо муваккал шуд, то ки ионатҳои Худованд ва вақфҳои муқаддасро тақсим кунанд.
  15. Ва зери  дасти  ӯ  Идан ва  Миньёмин  ва  Ешуо ва Шамаъёҳу ва Амарьёҳу ва Шаканьёҳу дар шаҳрҳои коҳинон буданд, то ки ба бародарони худ,  хоҳ калон бошанд хоҳ хурд, бар ҳасби гурӯҳҳошон бекаму кост тақсим кунанд,
  16. Илова бар онҳое ки аз синни сесола ва болотар дар рӯйхати мардҳо   дохил   буданд,   яъне   ҳамаи   онҳое  ки ба хонаи Худованд барои кори ҳаррӯза, барои   хизмати   худ, ба навбатдории худ, бар ҳасби гурӯҳҳои худ меомаданд,
  17. Ки ба он рӯйхат коҳинон бар ҳасби хонаводаҳошон, ва левизодагон аз синни бистсола ва болотар,   бар   ҳасби навбатдориҳошон, бар ҳасби гурӯҳҳошон дохил буданд,
  18. Ва ба он рӯйхат ҳамаи кӯдаконашон, занон ва писарон ва духтаронашон, яъне тамоми ҷамоати онҳо дохил буданд, зеро ки онҳо худро аз сидқи дил барои хизмати муқаддас тақдис карда буданд.
  19. Ва барои банӣ-Ҳорун, яъне коҳиноне ки дар қитъаҳои ҳаволии шаҳрҳошон   сокин  буданд,  дар ҳар шаҳр шахсон ном ба ном таъин шуданд, то ки ба ҳамаи мардони коҳинон ва ба ҳамаи левизодагоне ки дар рӯйхат дохиланд, ҳиссаҳо бидиҳанд.
  20. Ва Ҳизқиё дар тамоми Яҳудо ҳамин тавр амал кард; ва он чи дар назари Худованд Худои ӯ некӯ ва мақбул ва амин буд, ба амал овард.
  21. Ва ҳар амалеро, ки барои хизмати хонаи Худо, барои риояи Таврот ва аҳком, барои ҷустани Худои худ иқдом намуд, ӯ бо тамоми дили худ иҷро кард ва муваффақият ёфт.

© IBT 1992

Реклама