Дуюм Вақоеънома боби 30

Тайёрӣ ба иди фисҳ.

  1. ВА Ҳизқиё ба тамоми Исроил ва Яҳудо фиристод, ва низ номаҳо ба Эфроим ва Менашше навишт, то ки ба хонаи Худованд ба Ерусалим биёянд, ва фисҳро  барои Худованд Худои Исроил  ба ҷо оваранд.
  2. Ва подшоҳ, ва  сарваронаш,   ва тамоми ҷамоат   дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;
  3. Зеро ки натавонистанд онро дар вақташ ба ҷо ова-ранд, чунки коҳинон ба миқдори зарурӣ тақдис наёфта ва қавм дар Ерусалим ҷамъ нашуда буданд.
  4. Ва ин дар назари подшоҳ ва дар назари тамоми ҷамоат писанд омад,
  5. Ва қарор доданд, ки дар тамоми  Исроил,  аз Беэр-Шобаъ то Дон, ҷор зананд, ки омада, фисҳро барои Худованд Худои   Исроил   дар   Ерусалим   ба   ҷо  оваранд; зеро муддати зиёдест, ки онро ба тавре ки навишта шудааст, ба ҷо наовардаанд.
  6. Ва шотирон бо номаҳои  подшоҳ  ва   сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта,  бар  тибқи  амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ-Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;
  7. Ва мисли падарон ва бародарони худ набошед, ки онҳо ба Худованд Худои   падарони худ хиёнат  карданд, ва Ӯ онҳоро гирифтори харобӣ гардонид, чунон ки шумо мебинед;
  8. Алҳол мисли   падарони   худ   гарданкашӣ    накунед, дасти байат ба Худованд диҳед, ба қудси Ӯ, ки онро то абад тақдис намудааст, омада, Худованд Худои худро ибодат ку-нед, ва Ӯ оташи ғазаби Худро аз шумо хоҳад баргардонид.
  9. Зеро вақте ки шумо сӯи Худованд руҷӯъ намоед, ба-родарон ва писарони шумо аз ҷониби асиркунандагони худ марҳамат хоҳанд дид, ва ба ин замин хоҳанд баргашт, зе-ро ки Худованд Худои шумо карим ва раҳим аст, ва агар сӯи Ӯ руҷӯъ намоед, Ӯ аз шумо рӯй нахоҳад гардонид».
  10. Ва шотирон дар замини Эфроим ва Менашше то ҳу-дуди Забулун шаҳр ба шаҳр мегузаштанд, валекин бар онҳо механдиданд ва онҳоро истеҳзо мекарданд.
  11. Фақат баъзе касон аз Ошер ва Менашше  ва Забу-лун гардан фуроварда, ба Ерусалим омаданд.
  12. Дар Яҳудо низ яди Худо буд, ки ба онҳо якдилӣ ато намуд, то ки ҳукми подшоҳ ва сарваронро бар тибқи каломи Худованд ба ҷо оваранд.
  13. Ва қавми зиёде дар Ерусалим  ҷамъ  шуданд, то ки иди фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд, — ҷамоати бағо-ят сершумор буданд.
  14. Ва бархоста, қурбонгоҳҳоеро, ки дар Ерусалим буд, вай-рон карданд, ва ҳамаи қурбонгоҳҳои бухурро вайрон карда, андаруни наҳри Қидрӯн партофтанд.

Ба таври ҷиддӣ риоя кардани иди фисҳ ва рӯзҳои дигар.

  1. Ва дар рӯзи чордаҳуми моҳи дуюм барраи фисҳро забҳ карданд; ва коҳинон ва левизодагон хиҷолат кашида, худ-ро тақдис намуданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба хонаи Ху-дованд оварданд.
  2. Ва дар ҷойҳои  худ,   мувофиқи  дастуруламали  худ, бар тибқи Тавроти Мусо, марди Худо, истоданд; коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, мепошиданд.
  3. Азбаски бисьёре аз ҷамоат худро тақдис накарда бу-данд, левизодагон мутассадӣ   шуданд,  ки барои ҳар касе ки татҳир наёфтааст, барраи фисҳро забҳ карда, варо барои Худованд тақдис намоянд.
  4. Зеро ки аксари қавм, бисьёре аз Эфроим ва Менаш-ше, Иссокор ва Забулун татҳир наёфта буданд, ва фисҳро на бар тибқи он чи навишта шудааст, хӯрданд, зеро ки Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо дуо хонда, гуфт:
  5. «Худованди пурэҳсон ҳар касро, ки дилаш моил шу-дааст, ки Худоро, яъне Худованд Худои падаронашро ҷӯё шавад, хоҳад омурзид,   агарчи   вай ба татҳири муқаддас мувофиқ набошад».
  6. Ва Худованд дуои Ҳизқиёро иҷобат  намуда, қавмро омурзид.
  7. Ва банӣ-Исроил, ки дар Ерусалим буданд, иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонии азим ба ҷо оварданд, ва левизодагон ва коҳинон, бо асбоби ҳамду санои Худованд, ҳар рӯз Ху-довандро мадҳ мекарданд.
  8. Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Ху-дованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ кар-данд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуф-танд.
  9. Ва тамоми ҷамоат машварат намуда, қарор доданд, ки ҳафт рӯзи дигар ид кунанд; ва ҳафт рӯз хурсандӣ карданд.
  10. Зеро ки Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, барои ҷамоат ҳазор сар гов ва ҳафт ҳазор сар гӯсфанд бахшиш кард, ва сар-варон барои ҷамоат ҳазор сар гов ва даҳ ҳазор сар гӯсфанд бахшиданд; ва аксари коҳинон худро тақдис намуданд.
  11. Ва тамоми ҷамоати Яҳудо, ва коҳинон ва левизода-гон, ва тамоми ҷамоате ки аз Исроил омаданд, ва ғарибоне ки аз замини Исроил омаданд, ва онҳое ки дар Яҳудо сокин буданд, хурсандӣ карданд.
  12. Ва шодмонии азиме дар Ерусалим ба амал омад, зеро ки аз айёми Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи   Исроил, мисли он дар Ерусалим ба амал наомада буд.
  13. Ва коҳинон ва левизодагон бархоста, қавмро баракат доданд, ва овози онҳо мустаҷоб шуд, ва дуои онҳо ба мас-кани қудси Ӯ, ба осмон расид.

© IBT 1992

Реклама