Дуюм Вақоеънома боби 29

Ҳизқиё дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад ва худопарастиро аз нав барқарор менамояд.

  1. ҲИЗҚИЁ дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Абиё бинти Закарьё буд.
  2. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Довуд ба амал оварда буд.
  3. Дар соли аввали подшоҳии худ, дар моҳи якум,  ӯ дарҳои хонаи Худовандро воз кард ва онҳоро таъмир намуд.
  4. Ва коҳинон ва  левизодагонро оваронид,   ва  онҳоро дар майдони шарқӣ ҷамъ кард.
  5. Ва ба онҳо гуфт: «Маро  бишнавед, эй левизодагон! Алҳол худро тақдис намоед, ва хонаи Худованд Худои падарони худро тақдис намуда, наҷосатро аз қудс берун оваред.
  6. Зеро ки падарони мо хиёнат карданд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Ӯро тарк карданд, ва рӯи худро аз маскани Худованд гардониданд, ва пушти худро нишон доданд;
  7. Ҳамчунин дарҳои равоқро бастанд, ва чароғҳоро куш-танд, ва бухур насӯзониданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ дар қудси Худои Исроил тақдим накарданд.
  8. Ва ғазаби Худованд бар  Яҳудо ва Ерусалим аланга зад,  ва ӯ  онҳоро  гирифтори даҳшат,  харобӣ ва мадҳушӣ гардонид, чунон ки шумо бо чашмони худ мебинед.
  9. Ва инак, падарони мо ба дами шамшер фурӯ ғалти-данд, ва писарону духтарону занонн мо аз ин сабаб ба асирӣ рафтанд.
  10. Алҳол дилхоҳи ман ин аст, ки бо Худованд Худои Исроил   аҳд  бандем, то ки оташи  ғазаби Ӯ аз мо баргардад.
  11. Эй фарзандонам, алҳол бепарвоӣ накунед, зеро  ки Худованд шуморо баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваред, ва барои Ӯ хизматгузорон ва сӯзонандагони бухур бошед».
  12. Ва левизодагон бархостанд: Маҳат   ибни Амосай ва Юил ибни   Азарьёҳу аз банӣ-қаҳотиён,   ва   аз   банӣ-марориён — Қиш   ибни   Абдӣ   ва   Азарьёҳу   ибни Еҳалалъил; ва аз ҷершӯниён — Юоҳ ибни Зиммо ва Идан ибни Юоҳ;
  13. Ва аз банӣ-Элисофон — Шимрӣ ва Яиил; ва аз банӣ-Ософ — Закарьёҳу ва Маттаньёҳу;
  14. Ва аз банӣ-Ҳеймон — Яҳиил ва Шимъӣ; ва аз банӣ-Едутун — Шамаъё ва Узиял.
  15. Ва онҳо бародарони худро ҷамъ карда, тақдис намуданд, ва бар тибқи фармони подшоҳ, ки мувофиқи каломи Худованд буд, барои татҳири хонаи Худованд омаданд.
  16. Ва коҳинон андаруни хонаи Худованд дохил шуданд, то ки онро татҳир намоянд, ва тамоми наҷосатро, ки дар маъбади Худованд ёфтанд, ба саҳни хонаи Худованд  бароварданд, ва  левизодагон  онро гирифта, ба ҷониби водии Қидрӯн бурданд.
  17. Ва дар рузи якуми моҳи якум ба тақдис кардан шурӯъ намуда, дар рӯзи ҳаштуми моҳ ба равоқи Худованд да-ромаданд, ва ҳашт рӯз хонаи Худовандро тақдис карданд, ва дар  рӯзи шонздаҳуми моҳи якум ба анҷом расониданд.
  18. Ва андаруни қаср назди подшоҳ Ҳизқиё омада, гуфтанд: «Тамоми хонаи Худовандро: қурбонгоҳи қурбониҳои сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва мизи нони тақдимро бо тамоми колои он татҳир намудем;
  19. Ва тамоми колоеро, ки подшоҳ Оҳоз дар вақти под-шоҳии худ, дар натиҷаи хиёнати худ, поймол карда буд, тайёр карда, тақдис намудем, ва инак онҳо назди қурбон-гоҳи Худованд аст».

Дар маъбад  аз  нав ибодати Худо  ба  амал меояд.

  1. Ва подшоҳ Ҳизқиё бомдодон бармаҳал бархост, ва сар-варони шаҳрро ҷамъ карда, ба хонаи Худованд баромад.
  2. Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии   гуноҳҳо   бишавад; ва ӯ ба ба-нӣ-Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.
  3. Ва говонро куштанд, ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд; ва қӯчқоронро кушта, хунро бар қур-бонгоҳ пошиданд; ва баррагонро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд.
  4. Ва нарбузҳои каффораи гуноҳро   ба  ҳузури подшоҳ ва ҷамоат оварданд, ва дастҳои худро бар онҳо гузоштанд,
  5. Ва коҳинон онҳоро  куштанд, ва хуни  онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил  каффора  шавад;   зеро   подшоҳ   фармуда  буд,   ки курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.
  6. Ва ӯ левизодагонро бо санҷҳо, барбатҳо ва удҳо муво-фиқи амри Довуд ва Ҷоди ғайбгӯи подшоҳ ва Нотони набӣ дар хонаи Худованд гузошт, зеро ки ин амр   аз   ҷоннби Худованд ба воситаи анбиёи Ӯ фармуда шуда буд.
  7. Ва левизодагон бо асбоби Довуд, ва коҳинон бо кар-найҳо истоданд.
  8. Ва Ҳизқиё амр фармуд, ки қурбонии сӯхтаниро бар қурбонгоҳ тақдим намоянд, ва ҳангоме ки ба тақдим кардани курбонии сӯхтанӣ шурӯъ намуданд, сурудхонӣ барои Худо ванд ва   навохтани   карнайҳо  ва  асбоби Довуд,  подшоҳи Исроил, оғоз ёфт.
  9. Ва тамоми   ҷамоат   саҷда   мекарданд,   ва  муғанниён месуруданд, ва карнайҳоро менавохтанд; ҳамаи ин то вақти анҷом ёфтани қурбонии сӯхтанӣ давом кард.
  10. Ва ҳамин  ки  қурбонии  сӯхтанӣ  анҷом  ёфт, подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бо ӯ буданд, зону зада, саҷда карданд.
  11. Ва подшоҳ Ҳизқиё ва сарварон ба левизодагон амр фармуданд, ки Худовандро бо суханони Довуд  ва  Ософи ғайбгӯй мадҳ кунанд; ва онҳо ба ваҷд омада, мадҳ карданд, ва зону зада, саҷда бурданд.
  12. Ва Ҳизқиё ҷавоб  гардонида,  гуфт:   «Алҳол вазифаи худро ба ҷо овардед, пас наздик омада, забҳҳо ва қурбониҳои шукронаро барои хонаи Худованд биёред». Ва ҷамоат забҳҳо ва қурбониҳои шукрона оварданд, ва ҳар каси валинеъмат қурбонии сӯхтанӣ овард.
  13. Ва шумораи қурбонии сӯхтание ки ҷамоат оварданд, ҳафтод гов, сад қӯчқор ва дусад  барра  буд;   ҳамаи ннҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.
  14. Ва дигар қурбониҳои муқаддас — шашсад гов ва се ҳазор гӯсфанд буд.
  15. Аммо коҳинон кам буданд, ва ба пӯст кандани ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ қувваташон намерасид;   ва бародаро-нашон левизодагон ба онҳо мадад расониданд, то даме ки кор анҷом ёфт ва то даме ки коҳинон  худро   тақдис  кар-данд; зеро ки левизодагон дар тақдис кардани худ, назар ба коҳинон, бештар ростдил буданд.
  16. Ва низ   қурбониҳои   сӯхтанӣ  бо  чарбуи  қурбониҳои саломатӣ ва бо ҳадияҳои рехтанӣ барои қурбониҳои сӯхтанӣ бисьёр буд; ва хизмати хонаи Худованд дуруст ба ҷо оварда шуд.
  17. Ва Ҳизқиё ва тамоми қавм шодӣ карданд, ки Худо қавмро омода гардонида буд, зеро ки ин ба таври ғайри-чашмдошт ба амал омад.

© IBT 1992

Реклама