Дуюм Вақоеънома боби 27

Подшоҳии Ютом ва фавти ӯ.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.
  2. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Узиё ба амал  оварда буд, аммо ба маъбади  Худованд  дохил нашуд,  вале қавм ҳанӯз гуноҳ мекарданд.
  3. Ва ӯ дарвозаи болои хонаи  Худовандро  бино  кард, ва назди ҳисори бурҷи Ӯфал иморати бисьёре сохт.
  4. Ва бар кӯҳистони Яҳудо  шаҳрҳо  бино  кард, ва дар ҷангалистон қалъаҳо ва бурҷҳо сохт.
  5. Ва ӯ бо подшоҳи банӣ-Аммӯн ҷанг карда, бар онҳо дастболо шуд, ва дар  он сол  банӣ-Аммӯн ба ӯ сад киккар нуқра ва даҳ ҳазор кӯр гандум, ва даҳ ҳазор  кӯр  ҷав до-данд. Ва дар соли дуюм ва соли  сеюм  банӣ-Аммӯн ҳамин чизҳоро ба ӯ доданд.
  6. Ва Ютом пурзӯр гардид, зеро ки роҳҳои худро пеши Худованд Худои худ дуруст гардонида буд.
  7. Ва бақияи аъмоли Ютом, ва ҳамаи ҷангҳояш ва рафтораш дар китоби подшоҳони  Исроил ва Яҳудо  навишта шудааст.
  8. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  9. Ва Ютом бо падарони худ хобид, ва ӯро дар   шаҳри Довуд дафн карданд, ва писараш Оҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992