Дуюм Вақоеънома боби 26

Подшоҳ шудани Узиё ва муваффақиятҳои ҳарбии ӯ.

  1. ВА тамоми қавми Яҳудо Узиёро, ки шонздаҳсола буд, гирифта, ба  ҷои  падараш  Амасьё  ӯро подшоҳ карданд.
  2. Баъд аз он ки подшоҳ Амасьё бо падаронаш хобид, Узиё Эйлатро бино кард, ва онро ба Яҳудо баргардонид.
  3. Узиё дар вақти подшоҳ шуданаш шонздаҳсола буд, ва панҷоҳу ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи мода-раш Екольё, аз Ерусалим, буд.
  4. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Амасьё ба амал оварда буд.
  5. Ва дар айёми Закарьё, ки рӯъёҳои Худоро фаҳм мена-муд, ӯ Худоро ҷӯё буд, ва дар рӯзҳое ки Худовандро  ҷӯё буд, Худо ӯро комьёб мегардонид.
  6. Ва ӯ берун омада, бо фалиштиён ҷанг кард, ва ҳисори Ҷат ва ҳисори Ебне ва ҳисори Ашдӯдро хароб кард, ва дар ҳудуди Ашдӯд ва фалиштиён шаҳрҳо сохт.
  7. Ва Худо ба ӯ ба муқобили фалиштиён ва ба муқобили арабҳое ки дар Гур-Боал сукунат доштанд, ва ба муқобили маӯниён мадад расонид.
  8. Ва аммӯниён ба Узиё хироҷ медоданд, ва номи ӯ то ҳудуди Миср  шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ ниҳоятдараҷа   пурзӯр гардида буд.
  9. Ва Узиё бурҷҳо дар Ерусалим, бар дарвозаи кунҷакӣ ва бар дарвозаи Дара ва бар гӯшаи ҳисор бино кард, ва онҳоро мустаҳкам намуд.
  10. Ва бурҷҳо дар   биёбон бино кард, ва чоҳҳои бисьёр канд, зеро ки чорвои зиёде дар пастӣ ва дар даштрӯя, ва зореон ва боғбонон дар кӯҳистон ва боғистон дошт, чунки зироатро дӯст медошт.
  11. Ва Узиё   лашкаре   барои   амалиёти   ҳарбӣ дошт, ки фавҷ-фавҷ  ба  майдони  корзор   мебаромаданд,   бар   тибқи рӯйхати саршуморашон, ки он ба воситаи Яиили котиб ва Маасиёи нозир бо сардории Ҳананьёҳу, ки яке аз сарварони подшоҳ буд, тартиб дода шуда буд.
  12. Шумораи умумии сардорони хонаводаҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, ду ҳазору шашсад нафар буд.
  13. Ва зери дасташон сесаду ҳафт ҳазору панҷсад нафар ҷанговарон буданд, ки бо мардонагӣ ҷангида, ба подшоҳ бар зидди душман мадад мерасониданд.
  14. Ва Узиё барои онҳо, яъне барои тамоми лашкар, сипарҳо ва найзаҳо ва хӯдҳо ва ҷавшанҳо ва  камонҳо ва сангҳои фалохмон тайёр кард.
  15. Ва дар Ерусалим манҷаниқҳое ки амали устоёни моҳир буд, сохт, то ки онҳо бар бурҷҳо ва гӯшаҳои ҳисор барои андохтани тирҳо ва сангҳои калон гузошта шавад. Ва номи ӯ то ҷойҳои дурдаст шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ барои комьёбии худ чизҳои аҷоиб сохта, бағоят қавӣ гардид.

Маъсияти Узиё ва ҷазо диданаш.

  1. Ва ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то   ба   дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардида,  ба Худованд Худои худ хиёнат кард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад.
  2. Ва аз паи ӯ Азарьёҳуи коҳин даромад, ва коҳинони Худованд, ҳаштод марди далер ҳамроҳи ӯ буданд.
  3. Ва онҳо дар гирди подшоҳ Узиё истода, ба ӯ гуф-танд: «Туро, эй Узиё, раво нест, ки барои Худованд бухур бисӯзонӣ, балки ин кори коҳинони банӣ-Ҳорун аст, ки барои сӯзонидани бухур тақдис шудаанд; аз қудс берун рав, зеро ки ту хиёнат кардаӣ, ва ин  барои ту сабаби  шаъну  шараф аз ҷониби Худованд Худо нахоҳад буд».
  4. Ва Узиё дарғазаб шуд, дар ҳолате ки маҷмари бухур-сӯзонӣ дар дасташ буд, ва ҳамин ки  ғазабаш бар коҳинон аланга   зад,   пеши   коҳинон   дар   хонаи   Худованд,   назди қурбонгоҳи   бухур,   махав бар пешонии ӯ пайдо шуд.
  5. Ва Азарьёҳуи саркоҳин ва ҳамаи коҳинон ба ӯ назар андохтанд, ва инак, махав бар пешонии ӯ буд, ва бошитоб ӯро аз он ҷо бароварданд, ва худаш низ ба баромадан шитофт, зеро ки Худованд ӯро ба бало гирифтор карда буд.
  6. Ва подшоҳ Узиё то  рӯзи  фавти худ махавӣ  буд ва дар махавхона  сукунат  дошт,  зеро  ки аз хонаи Худованд рад карда шуда буд. Ва писараш Ютом  сардори  хонаи  под-шоҳ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.

Фавти Узиё;   дар Яҳудо  подшоҳ  шудани Ютом.

  1. Ва бақияи аъмоли Узиёро, аз аввал то охир, набӣ Ишаъё ибни Омӯс навиштааст.
  2. Ва Узиё бо падарони худ хобид, ва ӯро бо падаронаш дар майдони мақбараи подшоҳон   дафн   карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ махавист». Ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама