Дуюм Вақоеънома боби 24

Подшоҳии Еҳӯош.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш   Еҳӯош ҳафтсола буд, ва чил сол дар Ерусалим   подшоҳӣ кард. Ва  номи модараш Сивьё, аз Беэр-Шобаъ, буд.
  2. Ва Еҳӯош, дар тамоми айёми Еҳӯёдои коҳин, он чиро, ки дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард.
  3. Ва барои ӯ Еҳӯёдоъ ду зан гирифт, ва ӯ писарон ва духтарон ба дуньё овард.
  4. Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки ба дили Еҳӯош фикри таъмир кардани хонаи Худованд омад.
  5. Ва ӯ коҳинон ва левизодагонро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳрҳои Яҳудо бароед, ва аз тамоми Исроил барои таъмири хонаи Худои худ сол ба сол нуқра ҷамъ қунед, ва дар ин кор шитоб намоед». Валекин левизодагон шитоб накарданд.
  6. Ва подшоҳ Еҳӯёдои саркоҳинро хонда, ба вай гуфт: «Чаро аз левизодагон талаб накардӣ, ки ҷизьяро, ки Мусо, бандаи Худованд, ва ҷамоати Исроил барои хаймаи шаҳодат муқаррар  намуда буданд, аз Яҳудо ва Ерусалим биёранд?»
  7. Зеро ки писарони Атальёи наҷиса ба хонаи Худо за-да даромада, ҳамаи вақфҳои хонаи Худовандро барои Баал-ҳо истифода карда буданд.

Таъмири маъбад.

  1. Ва подшоҳ  амр фармуд, ва сандуқе сохта, онро наз-ди дарвозаи хонаи Худованд аз берун гузоштанд.
  2. Ва дар Яҳудо ва Ерусалим эълон карданд, ки ҷизьяро, ки Мусо бандаи Худо, дар биёбон бар Исроил муқаррар на-муда буд, барои Исроил биёранд.
  3. Ва ҳамаи сарварон ва тамоми қавм шодӣ карданд, ва оварда дар сандуқ андохтанд, то даме ки пур шуд.
  4. Ва ҳангоме ки сандуқро ба воситаи левизодагон назди амалдорони подшоҳ меоварданд, ва онҳо медиданд, ки нуқ-ра бисьёр аст, котиби подшоҳ ва амалдори саркоҳин ома-да, сандуқро холӣ мекарданд,  ва   онро   бардошта,   аз нав дар ҷояш мегузоштанд; ҳамин тавр рӯз ба рӯз амал наму-да, нуқраи зиёде ҷамъ карданд.
  5. Ва подшоҳ ва Еҳӯёдоъ онро ба саркороне ки бо корҳои таъмири хонаи  Худованд   машғул   буданд,   медоданд,   ва онҳо   сангтарошон  ва  дуредгаронро   барои таъмири хонаи Худованд, ва оҳангарон   ва   мисгаронро   барои   мустаҳкам кардани хонаи Худованд киро мекарданд.
  6. Ва саркорон кор мекарданд, ва корҳои таъмир ба воситаи онҳо анҷом ёфт, ва хонаи Худоро ба шакли аввалаи он дароварданд,  ва онро мустаҳкам карданд.
  7. Ва пас аз анҷом доданашон бақияи нуқраро ба подшоҳ ва Еҳӯёдоъ оварданд, ва аз он барои хонаи Худованд коло сохтанд, яъне колои хизмат, ва коло барои қурбониҳои сӯхтанӣ, ва қошуқҳо, ва асбоби тилло ва нуқра. Ва дар тамоми айёми Еҳӯёдоъ дар хонаи Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим мекарданд.
  8. Ва Еҳӯёдоъ пир ва солхӯрда гардида, мурд; дар вақти мурданаш саду сисола буд.
  9. Ва ӯро дар шаҳри Довуд бо подшоҳон дафн карданд, зеро ки дар Исроил барои Худо ва барои хонаи Ӯ корҳои нек карда буд.

Маъсияти сарварон.

  1. Ва баъд аз фавти Еҳӯёдоъ сарварони Яҳудо  омада, ба подшоҳ саҷда бурданд; он гоҳ подшоҳ ба онҳо гӯш дод.
  2. Ва онҳо хонаи Худованд Худои падарони худро тарк намуда, Ашераҳо ва бутҳоро ибодат карданд, ва аз барои ин маъсияташон ғазабе бар Яҳудо ва Ерусалим ба вуҷуд омад.
  3. Ва Ӯ анбиёро назди онҳо фиристод, то ки онҳоро сӯи Худованд баргардонанд; ва онҳоро таъкид карданд, вале онҳо гӯш надоданд.
  4. Ва Рӯҳи Худо Закарьё ибни Еҳӯёдои коҳинро фаро гирифт, ва ӯ бар баландие пеши қавм истода, ба онҳо гуфт: «Худо чунин мегӯяд:  «Чаро шумо аҳкоми Худовандро пой-мол мекунед? Шумо комьёб нахоҳед шуд, зеро ки Худовандро тарк кардаед, ва Ӯ низ шуморо тарк хоҳад кард»».
  5. Ва онҳо бар ӯ суиқасд намуда, ӯро дар саҳни хонаи Худованд, бар тибқи амри подшоҳ, сангсор карданд.
  6. Ва подшоҳ Еҳӯош эҳсонеро, ки падари ӯ Еҳӯёдоъ ба вай карда буд, ба хотир наоварда, писарашро ба қатл расо-нид. Ва ӯ дар вақти мурданаш гуфт: «Худованд инро бубинад ва бозхост намояд!»

Арамиён ба Яҳудо ҳуҷум мекунанд. Фавти Еҳӯош.

  1. Ва баъд аз гузаштани як сол, лашкари Арам ба муқобили ӯ баромада, ба Яҳудо ва Ерусалим дохил шуданд, ва ҳамаи сарварони қавмро аз миёни қавм куштанд, ва тамоми ғаниматеро, ки аз онҳо гирифта буданд, ба подшоҳи Димишқ фиристоданд.
  2. Агарчи лашкари Арам бо андак одамон омада буданд, Худованд лашкари бағоят сершуморро ба дасташон супурд, зеро ки Худованд Худои падарони худро тарк карда буданд; ва Еҳӯошро низ шиканҷа карданд.
  3. Ва ҳангоме ки аз пеши ӯ рафтанд, навкаронаш бар ӯ суиқасд намуда, ӯро аз барои хуни писари Еҳӯёдои коҳин бар бистараш куштанд, ва ӯ мурд. Ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн   карданд,   вале   ӯро  дар   мақбараи   подшоҳон   дафн накарданд.
  4. Ва касоне ки бар ӯ суиқасд карданд, инҳоянд: Зобод ибни Шимъоти   аммӯния,    ва   Еҳӯзобод   ибни   Шимрити мӯобия.
  5. Ва дар бораи писаронаш, ва дар бораи  нубувватҳои зиёде ки дар ҳаққи ӯ карданд, ва дар бораи таъмири хонаи Худованд дар эзоҳоти китоби подшоҳон навишта шудааст. Ва писараш Амасьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама