Дуюм Вақоеънома боби 23

Еҳӯош дар Яҳудо подшоҳ мешавад.

  1. ВА дар соли ҳафтум Еҳӯёдоъ қувват ёфт, ва мирисадҳо Азарьё ибни Ерӯҳом, ва Исмоил ибни Еҳӯҳонон, ва Азарьёҳу ибни Ӯбид, ва Маасиёҳу ибни Адоёҳу, ва Элишофот ибни Зикриро бо худ гирифта, аҳд баст.
  2. Ва онҳо дар Яҳудо гардиш карданд, ва левизодагонро аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ва сардорони хонаводаҳои Исроилро ҷамъ карда, ба Ерусалим омаданд.
  3. Ва тамоми ҷамоат  дар  хонаи  Худо  бо  подшоҳ  аҳд бастанд, ва Еҳӯёдоъ ба онҳо гуфт: «Инак, писари подшоҳ подшоҳӣ хоҳад кард, чунон ки Худованд дар бораи банӣ-Довуд гуфтааст.
  4. Ин аст коре ки шумо бояд ба ҷо оваред: сеяки шумо, яъне онҳое ки дар шанбе меоянд,  иборат  аз коҳинон ва левизодагон, дарбонони назди остонаҳо бошед;
  5. Ва сеяки дигар — дар хонаи подшоҳ; ва сеяки боқӣ — назди дарвозаи Есӯд; ва тамоми қавм — дар саҳнҳои хонаи Худованд.
  6. Ва бигзор касе ба хонаи Худованд дохил нашавад, ғайр аз коҳинон ва хизматгузорони левизода, ки онҳо дохил мешаванд, зеро ки онҳо муқаддасанд; ва тамоми қавм бигзор навбатдории Худовандро ба ҷо оваранд.
  7. Ва бигзор левизодагон подшоҳро аз ҳар тараф иҳота намоянд, дар ҳолате ки: ҳар якеро аслиҳааш дар дасташ бошад, ва ҳар кӣ ба хона дарояд, бояд кушта шавад; ва ҳангоме ки подшоҳ дохил мешавад ва берун меравад, шумо назди ӯ хоҳед буд».
  8. Ва левизодагон   ва   тамоми аҳли Яҳудо  ҳар  он чи Еҳӯёдои  коҳин  амр   фармуд, ба ҷо оварданд,  ва  ҳар   яке одамони худро, — ҳам онҳоеро, ки дар шанбе меоянд, ва ҳам онҳоеро, ки дар шанбе берун мераванд, — гирифтанд, зеро ки Еҳӯёдои коҳин гурӯҳҳоро фориғ накард.
  9. Ва Еҳӯёдои коҳин найзаҳо ва сипарҳои хурду калони подшоҳ Довудро, ки дар хонаи Худо  буд,  ба мирисадҳо дод.
  10. Ва тамоми қавмро, ки ҳар яке аслиҳааш дар дасташ буд, аз тарафи рости  хона  то  тарафи   чапи  хона,   назди қурбонгоҳ ва назди хона, гирдогирди подшоҳ гузошт.
  11. Ва писари подшоҳро бароварданд, тоҷ ва шаҳодатро бар ӯ гузоштанд, ва ӯро подшоҳ карданд,   ва Еҳӯёдоъ ва писаронаш ӯро тадҳин намуда, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»

Қатли Аталё.

  1. Ва Атальё овози қавмро, ки медавиданд ва подшоҳро мадҳ мекарданд, шунида,   назди қавм ба хонаи  Худованд омад.
  2. Ва дид, ки инак, подшоҳ бар минбари худ назди даро-мадгоҳ истодааст, ва сарварон ва карнайҳо назди подшоҳ мебошанд, ва тамоми қавми мамлакат шодӣ  мекунанд ва карнай менавозанд, ва муғанниён бо асбоби мусиқӣ ҳамду сано мехонанд; ва Атальё либосашро чок зада, гуфт: «Хиё-нат! Хиёнат!»
  3. Ва Еҳӯёдои коҳин мирисадҳоро, ки сардорони қӯшун буданд, хонда баровард ва ба онҳо гуфт: «Варо ба миёни сафҳо берун оваред, ва ҳар кӣ аз ақиби вай биравад, бо шамшер кушта хоҳад шуд».  Зеро коҳин гуфта буд:   «Варо дар хонаи Худованд накушед».
  4. Ва ба вай роҳ доданд, ва ҳангоме ки вай ба даҳани дарвозаи аспҳои   хонаи   подшоҳ   расид,   дар   он  ҷо   варо куштанд.

Еҳӯёдоъ бо қавм аҳд мебандад.

  1. Ва Еҳӯёдоъ дар миёни худ ва тамоми қавм ва подшоҳ аҳд баст, то ки қавми Худованд бошанд.
  2. Ва тамоми қавм ба хонаи Баал омада, онро хароб кар-данд, ва қурбонгоҳҳо ва бутҳояшро шикастанд, ва Маттонро, ки коҳини Баал буд, пеши қурбонгоҳҳо куштанд.
  3. Ва Еҳӯёдоъ навбатдориҳои хонаи Худовандро ба дасти коҳинон ва левизодагон супурд, чунон ки Довуд дар хонаи Худованд тақсим карда буд, то ки бар тибқи он чи дар Тав-роти Мусо навишта   шудааст,  бо  шодмонӣ ва  сурудхонӣ, мувофиқи дастури Довуд, қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худо-ванд тақдим намоянд.
  4. Ва дарбононро назди дарвозаҳои хонаи Худованд гу-зошт, то касе ки аз ягон ҷиҳат палид аст, дохил нашавад.
  5. Ва мирисадҳо, ва аъён, ва ҳокимони қавм, ва тамоми қавми мамлакатро гирифт, ва подшоҳро аз хонаи Худованд фурӯд овард, ва андаруни дарвозаи болоии хонаи подшоҳ дохил шуданд, ва подшоҳро бар тахти салтанат нишониданд.
  6. Ва тамоми қавми мамлакат  шодӣ  карданд, ва шаҳр ором ёфт. Ва Атальёро бо шамшер куштанд.

© IBT 1992

Реклама