Дуюм Вақоеънома боби 22

Подшоҳии Аҳазъёҳу дар Яҳудо.

  1. ВА сокинони Ерусалим писари хурдии ӯ Аҳазьёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд, зеро фавҷе ки бо арабҳо ба ӯрдугоҳ даромада буданд, ҳамаи писарони калониро кушта буданд; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу чилу дусола буд, ва як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ буд.
  3. Ӯ низ бо роҳҳои хонадони Аҳъоб рафтор намуд, зеро ки модараш машваратчии ӯ буд, то ки корҳои шарирона бикунад.
  4. Ва мисли хонадони  Аҳъоб, он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, зеро ки онҳо, баъд аз фавти падараш, машваратчиёни ӯ буданд, то ки ба ҳалокат бирасад.
  5. Бар тибқи машварати онҳо рафтор карда, ӯ бо Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба ҷанги зидди Ҳазоил, подщоҳи Арам, ба Ромӯт-Ҷилъод рафт, ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.

Аҳазъёҳу  барои дидани Йӯром ба Изреъил меояд.

  1. Ва ӯ ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам, меҷангид, шифо ёбад; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фу-рӯд омад, чунки вай бемор буд.
  2. Ва ҳалокати Аҳазьёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Ним-шӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд.

Қатли сарварони Яҳудо. Фавти Аҳазьёҳу.

  1. Ва ҳангоме ки Еҳу аз хонадони  Аҳъоб   қасос меги-рифт, сарварони Яҳудо ва писарони бародарони Аҳазьёҳуро, ки ба Аҳазьёҳу хизмат мекарданд, ёфта, онҳоро ба қатл ра-сонид.
  2. Ва Аҳазьёҳуро талаб кард, ва ӯро дар ҳолате ки дар Сомария пинҳон   шуда   буд,   дастгир   карда,   назди  Еҳу оварданд, ва ӯро кушта, дафн карданд,  зеро ки гуфтанд: «Ӯ писари Еҳӯшофот  аст, ки вай бо тамоми дили худ Ху-довандро ҷӯё шуда буд». Ва аз хонадони Аҳазьёҳу касе бо-қӣ намонд, ки қувват дошта бошад салтанат ронад.
  3. Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу,   чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳони хонадони Яҳудо-ро несту нобуд кард.
  4. Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ, Еҳӯош ибни Аҳазьё-ҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта мешуданд, дуздид, ва ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурда ҷойгир кард; ва Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки зани Еҳӯёдои коҳин буд, — зеро ки вай хоҳари Аҳазьёҳу буд, — ӯро аз Атальё пинҳон кард, ва вай ӯро накушт.
  5. Ва ӯ бо онҳо дар хонаи Худо шаш сол пинҳон буд; ва Атальё дар мамлакат подшоҳӣ мекард.

© IBT 1992

Реклама