Дуюм Вақоеънома боби 19

Еҳу иттифоқи Аҳъоб ва Еҳӯшофотро мазаммат менамояд.

  1. ВА Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба хонаи худ ба Ерусалим ба саломатӣ баргашт.
  2. Ва Еҳу ибни Ҳанонии ғайбгӯй ба истиқболи ӯ берун омад, ва ба подшоҳ Еҳӯшофот гуфт: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ? Аз ин сабаб бар ту ғазабе аз  ҷониби  Худованд  ба  вуҷуд омадааст.
  3. Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт   шудааст,   чунки Ашераҳоро аз замин нест кардаӣ, ва дили худро моили он гардонидаӣ, ки Худоро ҷӯё бошӣ».

Еҳӯшофот  худопарастии  ҳақиқиро  аз  нав барқарор менамояд.

  1. Ва Еҳӯшофот дар Ерусалим  сокин  гардида, аз нав назди қавм аз Беэр-Шобаъ то кӯҳи Эфроим берун омад, ва онҳоро сӯи Худованд Худои падаронашон баргардонид.
  2. Ва доваронро дар мамлакат, дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, шаҳр ба шаҳр, гузошт.
  3. Ва ба доварон гуфт: «Диққат диҳед, ки шумо чӣ гуна амал мекунед, зеро ки на барои одам доварӣ менамоед, балки барои Худованд; ва дар амали доварӣ  Ӯ бо шумо хоҳад буд.
  4. Ва алҳол, бигзор тарси Худованд бар шумо бошад. Эҳтиёткорона амал намоед, зеро ки назди Худованд Худои мо беинсофӣ ва рӯбинӣ ва ришвахӯрӣ нест».
  5. Ва дар Ерусалим низ Еҳӯшофот  аз левизодагон ва коҳинон ва аз сардорони хонаводаҳои Исроил баҳри доварии Худованд ва муҳокимаи даъвоҳо гузошт; ва ба Ерусалим баргаштанд.
  6. Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар тарси Худованд, бо имон ва дили комил чунин амал кунед,
  7. Ва дар ҳар даъвое ки аз ҷониби бародарони шумо, ки дар шаҳрҳои худ сукунат доранд, пеши  шумо меояд, — хоҳ оид ба хунрезӣ, хоҳ оид ба шариат, ва аҳком, ва фароиз, ва дастурҳо бошад, — онҳоро огоҳ намоед, то ки пеши Худо-ванд гуноҳкор нашаванд, ва бар шумо ва бар бародарони шумо ғазаб наояд; чунин амал кунед, ва шумо гуноҳкор на-хоҳед шуд.
  8. Ва инак, Амарьёҳуи саркоҳин бар сари шумо дар ҳар кори Худованд аст, ва Забадьёҳу ибни Исмоил, ки раиси хонадони Яҳудо мебошад, — дар ҳар кори подшоҳ аст, ва нозирони левизода пеши шумоянд; пас, қавӣ бошед ва амал кунед, ва Худованд бо некон хоҳад буд».

© IBT 1992

Реклама