Дуюм Вақоеънома боби 18

Иттифоқи Еҳӯшофот бо Аҳъоб.

  1. ВА Еҳӯшофот сарват ва шавкати зиёде дошт; ва бо Аҳъоб хешованд шуд.
  2. Ва баъд аз чанд сол назди Аҳъоб ба Сомария фурӯд омад, ва Аҳъоб барои ӯ ва барои қавме ки ҳамроҳаш буданд, гӯсфандон ва говони бисьёре забҳ кард, ва ӯро тарғиб намуд, ки ба Ромӯт-Ҷилъод барояд.
  3. Ва Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, гуфт: «Оё бо ман ба Ромӯт-Ҷилъод меравӣ?» Ва ӯ ба вай гуфт:  «Чунон ки туӣ, ончунон манам,  ва чунон ки қавми туанд, ончунон қавми мананд, ва ман бо ту ба ҷанг хоҳам рафт».

Анбиёи козиби Аҳъоб.

  1. Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Лутфан, ту имрӯз каломи Худовандро бипурс».
  2. Ва подшоҳи Исроил анбиёро, ки чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба Ромӯт-Ҷилъод барои ҷанг биравем, ё ки худро боздорам?» Ва онҳо гуфтанд: «Бирав, ва Худо онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».
  3. Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё дар ин ҷо боз набии Худо-ванд нест, то ки аз вай бипурсем?»
  4. Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Боз як мард ҳаст, ки ба воситаи вай аз Худованд пурсидан мумкин аст, вале ман аз вай нафрат дорам, зеро ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки тамоми умри худ ба бадӣ; вай Микойҳу ибни Йимло  мебошад». Ва Еҳӯшофот гуфт: «Подшоҳ чунин нагӯяд».
  5. Ва подшоҳи   Исроил   як   хоҷасароро   хонда,   гуфт: «Микойҳу ибни Йимлоро ба зудӣ биёр».
  6. Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке либосҳои худро пӯшида, бар тахти худ дар майдони даҳани дарвозаи Сомария нишаста буданд, ва тамоми анбиё ба ҳузури онҳо нубувват мекарданд.
  7. Ва Сидқиёҳу ибни Канъона шохҳои оҳанин барои худ сохта, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Арамиёнро бо инҳо шох хоҳӣ зад, то ки тамоман маҳв шаванд»».
  8. Ва тамоми анбиё ҳамин тавр нубувват карда, мегуф-танд: «Ба Ромӯт-Ҷильод бирав ва комьёб шав, чунки Худо-ванд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

Нубуввати ҳақиқии Микойҳу.

  1. Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак, анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».
  2. Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
  3. Ва ӯ назди подшоҳ омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Эй Микойҳу, оё ба Ромӯт-Ҷилъод  барои ҷанг биравем, ё ки худро  боздорам?»  Ва ӯ гуфт:   «Биравед ва комьёб шавед, чунки онҳо ба дасти шумо супурда хоҳанд шуд».
  4. Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чанд маротиба ман туро қасам бидиҳам, ки ба исми Худованд, ғайр аз он  чи рост аст, ба ман нагӯй?»
  5. Ва ӯ гуфт: «Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам. Ва Худованд гуфт: «Инҳо соҳиб надоранд, пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд»».
  6. Ва подшоҳи Исроил ба  Еҳӯшофот  гуфт: «Оё  ба ту нагуфтам, ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ?»
  7. Ва ӯ гуфт: «Пас, каломи Худовандро бишнавед: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон ба тарафи рости Ӯ ва ба тарафи чапи Ӯ истода буданд.
  8. Ва Худованд гуфт: «Кист, ки Аҳъоб, подшоҳи Исроилро розӣ кунад, то ки вай ба Ромӯт-Ҷилъод рафта, фурӯ ғалтад?» Яке ин тавр гуфт, ва дигаре он тавр гуфт.
  9. Ва рӯҳе берун омада, ба ҳузури Худованд истод ва гуфт: «Ман ӯро розӣ мекунам». Ва Худованд ба вай гуфт: «Чӣ гуна?»
  10. Вай гуфт: «Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам». Ва Ӯ гуфт: «Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо».
  11. Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».
  12. Ва Сидқиёҳу ибни Канъона наздик омада, Микойҳуро як торсакӣ зад ва гуфт: «Бо кадом роҳ Рӯҳи Худованд аз ман убур кардааст, то ки бо ту сухан гӯяд?»
  13. Ва Микойҳу гуфт: «Инак, дар он рӯзе ки ту ба ҳуҷраи дохилӣ даромада пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ дид».
  14. Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро бигиред, ва ӯро назди Амӯн, ҳокими шаҳр, ва Йӯош, писари подшоҳ, баргардонед,
  15. Ва бигӯед: «Подшоҳ чунин мегӯяд: инро дар зиндон биандозед, ва нони кам ва оби кам варо бихӯронед, то да-ме ки ман ба саломатӣ баргардам»».
  16. Ва Микойҳу гуфт: «Агар  ту  ба  саломатӣ баргардӣ, Худованд ба воситаи ман  сухан  нагуфта  бошад». Ва гуфт: «Бишнавед, ҳамаи қавмҳо!»

Ҳарбу зарб назди Ромӯт-Ҷилъод. Фавти Аҳъоб.

  1. Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба Ромӯт-Ҷилъод рафтанд.
  2. Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Ман либоси дигар пӯшида, ба ҷанг медароям, валекин ту либоси худ-ро бипӯш». Ва подшоҳи Исроил либоси дигар  пӯшида, ба ҷанг даромад.
  3. Ва подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш амр фармуда, гуфт: «На бо хурде ва на бо калоне, балки танҳо бо под-шоҳи Исроил ҷанг кунед».
  4. Ва ҳангоме ки сардорони аробаҳо Еҳӯшофотро диданд, гуфтанд: «Подшоҳи Исроил ҳамин аст». Ва ӯро иҳота на-муданд, то ки бо ӯ ҷанг кунанд. Ва Еҳӯшофот фарьёд зад, ва Худованд ба ӯ мадад кард, ва Худо онҳоро аз ӯ дур сохт.
  5. Ва чун сардорони аробаҳо диданд, ки ӯ подшоҳи Исроил нест, аз ӯ дур шуданд.
  6. Ва касе зеҳи камонашро тасодуфан кашида, подшоҳи Исроилро аз миёни кӯкҳои ҷавшанаш зад; ва ӯ ба аробакаши худ гуфт: «Ҷилавро гардонида, маро аз майдони  ҷанг берун барор, зеро ки бемор шудаам».
  7. Ва дар он рӯз ҷанг авҷ гирифт, ва подшоҳи Исроилро дар аробааш дар рӯ ба рӯи арамиён то бегоҳирӯзӣ ба по хезонида нигоҳ доштанд, ва дар вақти ғуруби офтоб ӯ мурд.

© IBT 1992

Реклама