Дуюм Вақоеънома боби 17

Подшоҳ шудани Еҳӯшофот.

  1. ВА писараш Еҳӯшофот ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, ва бар Исроил мустаҳкам гардид.
  2. Ва дар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо  аскаронро ҷойгир кард, ва дар замини Яҳудо ва дар шаҳрҳои Эфроим, ки падараш Осо забт карда буд, волиёнро таъин намуд.
  3. Ва Худованд бо Еҳӯшофот буд, зеро ки ӯ бо роҳҳои аввалаи падараш Довуд рафтор намуд,   ва   Баалҳоро ҷӯё нашуд,
  4. Балки Худои падари худро ҷӯё шуд, ва мувофиқи аҳкоми Ӯ рафтор намуд, ва на бар тибқи аъмоли Исроил.
  5. Ва Худованд мамлакатро дар дасти ӯ устувор гардо-нид, ва тамоми аҳли Яҳудо ҳадияҳо барои Еҳӯшофот меовар-данд, ва ӯ сарват ва шавкати зиёде дошт.
  6. Ва дили ӯ дар роҳҳои Худованд фахр   менамуд; ва баландиҳо ва Ашераҳоро низ аз Яҳудо дур кард.
  7. Ва дар соли сеюми подшоҳии худ сарваронаш Бен-Ҳайил ва   Убадьё   ва   Закарьё   ва  Натанъил ва Микойҳуро фиристод, то ки дар шаҳрҳои Яҳудо таълим диҳанд.
  8. Ва бо онҳо левизодагон: Шамаъёҳу ва Натанъёҳу ва Асоил ва Шемиромӯт ва Еҳӯнотон ва Адӯниёҳу ва Тӯбиё ва Тӯв-Адӯниё, ки левизодагон буданд; ва бо онҳо Элишомоъ ва Еҳӯром, ки коҳинон буданд.
  9. Ва онҳо дар Яҳудо таълим медоданд, ва китоби Тав-роти Худованд бо онҳо буд; ва дар ҳамаи шаҳрҳои Худо-ванд гардиш карда, қавмро таълим медоданд.

Иқтидори Еҳӯшофот пурзӯр мегардад.

  1. Ва тарси Худованд ҳамаи салтанатҳои кишварҳоеро, ки дар гирду  пеши Яҳудо  буданд,  фаро  гирифт, ва онҳо бо Еҳӯшофот ҷанг накарданд.
  2. Ва аз фалиштиён барои Еҳӯшофот ҳадия ва нуқраи хироҷ оварданд;  арабҳо низ барои ӯ чорво: ҳафт ҳазору ҳафтсад қӯчқор ва ҳафт ҳазору ҳафтсад нарбуз оварданд.
  3. Ва Еҳӯшофот торафт бештар қувват гирифта, бузург шуд; ва дар Яҳудо қалъаҳо   ва   шаҳрҳои   захираҳо   бино кард.
  4. Ва ҳунармандони   сершуморе барои ӯ дар шаҳрҳои Яҳудо кор мекарданд; ва мардони ҷангии ҷасуре дар Еруса-лим дошт.
  5. Ва ин аст шумораи онҳо бар ҳасби хонаводаҳошон: аз Яҳудо мириҳазорҳо, ки сарвари онҳо Адно буд, ва бо ӯ сесад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.
  6. Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯҳонони сарвар буд, ва бо вай дусаду ҳаштод ҳазор сарбоз буданд.
  7. Ва дар паҳлуи вай Амасьё ибни Зикрӣ буд, ки барои Худованд ионат медод, ва бо ӯ дусад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.
  8. Ва аз Биньёмин Эльёдои марди ҷангӣ буд, ва бо ӯ дусад ҳазор камонварон ва сипардорон буданд.
  9. Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯзобод буд, ва бо вай саду ҳаштод ҳазор пешоҳангони лашкар буданд.
  10. Инҳо хизмати подшоҳро ба ҷо меоварданд, ғайр аз онҳое ки подшоҳ дар шаҳрҳои ҳисордор дар тамоми Яҳудо ҷойгир карда буд.

© IBT 1992

Реклама