Дуюм Вақоеънома боби 14

Фавти Абиё. Подшоҳ шудани Осо.

  1. ВА Абиё бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд,  ва писараш  Осо ба ҷои ӯ подшоҳ шуд; дар айёми ӯ замин даҳ сол оромӣ ёфт.
  2. Ва Осо он чиро, ки дар назари Худованд Худо некӯ ва мақбул буд, ба амал овард.
  3. Ва қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро барҳам дод, ва ҳайкалҳоро шикаст, ва дарахтони бути Ашераро решакан кард.
  4. Ва ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Худованд Худои падарони худро ҷӯё  бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд.
  5. Ва аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо баландиҳо ва қурбонгоҳҳои бухурро барҳам дод; ва мамлакат дар ҳузури ӯ оромӣ ёфт.
  6. Ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард, зеро ки замин оромӣ ёфта буд, ва дар он солҳо касе бо ӯ ҷанг накардааст, зеро ки Худованд ба ӯ осудагӣ ато намуд.
  7. Ва ӯ ба Яҳудо гуфт: «Ин шаҳрҳоро  бино  кунем, ва дар гирдашон деворҳо ва бурҷҳо бо дарвозаҳо ва ғалақаҳо барпо намоем, дар сурате ки замин ҳанӯз дар ихтиёри мост, зеро ки Худованд Худои худро ҷӯё шудаем, — мо Ӯро ҷӯё шудем, ва Ӯ аз ҳар тараф   ба мо осудагӣ  ато намуд».   Ва бино карданд ва муваффақият ёфтанд.
  8. Ва Осо лашкаре иборат аз сипардорон ва найзаварон дошт, ки  аз  Яҳудо  сесад ҳазор  буданд,  ва аз Биньёмин дусаду   ҳаштод   ҳазор   сипардорон ва камонварон;   ҳамаи инҳо   мардони   ҷангии   шуҷоъ   буданд.

Осо бар Зораҳ ғолиб меояд.

  1. Ва Зораҳи ҳабашӣ бо лашкаре ки аз   ҳазор  ҳазор сарбоз иборат буд, ва бо сесад ароба ба муқобили онҳо бе-рун омада, ба Морешо расид.
  2. Ва Осо ба пешвози ӯ берун омад, ва онҳо дар дараи Сафот назди Морешо барои ҷанг саф кашиданд.
  3. Ва Осо сӯи Худованд Худои худ хонда, гуфт: «Худо-вандо, ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем. Ту Худованд Худои мо ҳастӣ, намон, ки одамизод аз Ту зӯр барояд».
  4. Ва Худованд  ҳабашиёнро  пеши Осо ва пеши Яҳудо шикаст дод, ва ҳабашиён рӯ ба гурез оварданд.
  5. Ва Осо ва қавме ки бо ӯ буданд, онҳоро то   Ҷарор таъқиб карданд, ва аз ҳабашиён он қадар фурӯ ғалтиданд, ки дигар  ёрои  истодагӣ  надоштанд,  зеро ки пеши Худованд ва пеши ӯрдуи Ӯ шикаст хӯрданд. Ва ғанимати зиёде ба даст оварда шуд.
  6. Ва ҳамаи шаҳрҳои гирду пеши Ҷарорро зарба заданд, зеро ки тарси Худованд онҳоро фаро гирифта буд; ва ҳамаи шаҳрҳоро тороҷ карданд, зеро ки ғанимати зиёде дар онҳо буд.
  7. Ва хаймаҳои чорводоронро низ зарба зада, гусфандони зиёд ва шутуронро гирифта бурданд, ва ба Ерусалим баргаштанд.

© IBT 1992