Дуюм Вақоеънома боби 11

Раҳабъом ба Ерусалим бармегардад.

  1. ВА Раҳабъом ба Ерусалим омада, аз хонадони Яҳудо ва Биньёмин саду ҳаштод ҳазор ҷанговарони гузинро ҷамъ овард, то ки бо Исроил ҷанг карда, салтанатро ба Раҳабъом баргардонад.
  2. Ва каломи Худо бар Шамаъёҳу, марди  Худо,   нозил шуда, гуфт:
  3. «Ба Раҳабъом ибни Сулаймон, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми Исроил,   ки   дар   Яҳудо   ва   Биньёмин   мебошанд, бигӯй:
  4. «Худованд чунин мегӯяд: набароед ва бо бародарони худ ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ  баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст»». Ва онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва аз юриши зидди Ёробъом баргаштанд.
  5. Ва Раҳабъом дар Ерусалим сокин шуд;  ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард;
  6. Ва Байт-Лаҳм, ва Эйтом, ва Тақӯо,
  7. Ва Байт-Сур, ва Сӯкӯ, ва Адуллом,
  8. Ва Ҷат, ва Морешо, ва Зиф,
  9. Ва Адуроим, ва Лохиш, ва Азиқо,
  10. Ва Соръо, ва Аёлӯн, ва Ҳебрӯнро бино кард, ки шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо ва Биньёмин мебошанд.
  11. Ва ҳисорҳоро мустаҳкам карда, дар онҳо волиён ва захираҳои хӯрокворӣ ва равған ва шароб гузошт.
  12. Ва ба ҳар   шаҳр   сипарҳо ва найзаҳо   дода,  онҳоро бағоят мустаҳкам намуд. Ва Яҳудо ва Биньёмин дар ихтиёри ӯ монданд.
  13. Ва коҳинон ва левизодагоне ки дар тамоми  Исроил буданд, аз тамоми ҳудуда худ назди ӯ ҷамъ шуданд,
  14. Зеро ки левизодагон ҳаволии шаҳрҳо ва амлоки худро тарк карда, ба Яҳудо ва Ерусалим омаданд, чунки Ёробъом бо писаронаш онҳоро аз каҳонати Худованд дур карда буд,
  15. Ва барои худ коҳинонро аз баҳри баландиҳо ва нар-бузҳо ва гӯсолаҳое ки сохта буд, таъин намуд.
  16. Ва аз қафои левизодагон аз ҳамаи сибтҳои Исроил ка-соне ки дили худро толиби Худованд Худои Исроил гардо-нида буданд, ба Ерусалим омаданд, то ки барои Худованд Худои падарони худ қурбонӣ кунанд.
  17. Ва онҳо салтанати Яҳудоро мустаҳкам карданд, ва Ра-ҳабъом ибни Сулаймонро се сол тақвият доданд, зеро ки се сол бо роҳи Довуд ва Сулаймон мерафтанд.
  18. Ва Раҳабъом Моҳалатро ба занӣ гирифт, ки вай духтари Еримӯт ибни Довуд ва Абиҳаил бинти Элиоб ибни Йисой буд.
  19. Ва вай барои ӯ писарон: Еуш ва Шамарьё ва Зоҳамро зоид.
  20. Ва баъд аз вай Маако бинти Абшолӯмро гирифт, ва вай барои ӯ Абиё ва Аттай ва Зизо ва Шелӯмитро зоид.
  21. Ва Раҳабъом Маако  бинти  Абшолӯмро аз ҳамаи за-нон ва сурриягони худ зиёдтар дӯст медошт, зеро ки ҳаж-даҳ  зан  гирифта   буд,   ва   шаст   суррия  дошт;  ва бисту ҳашт писар ва шаст духтар ба дуньё овард.
  22. Ва Раҳабъом Абиё писари Маакоро сардор таъин кард, то ки бар  бародаронаш  раис  бошад,  зеро ки ният дошт варо подшоҳ созад.
  23. Ва оқилона амал намуда, ҳамаи писаронашро ба ҳамаи заминҳои Яҳудо ва Биньёмин, ба ҳамаи шаҳрҳои ҳисордор фиристод, ва барояшон нафақаи калон таъин намуд, ва занони бисьёр пайдо кард.

© IBT 1992

Реклама