Якум Вақоеънома боби 26

Тақсимоти дарбонон.

  1. ИН аст тақсимоти дарбонон: аз  қӯраҳиён — Машо-ламьёҳу ибни Қӯрӣ, аз писарони Ософ.
  2. Ва писарони Машоламьёҳу: Закарьёҳу — нахустзода, Едиаил — дуюм, Забадьёҳу — сеюм,  Ятниил — чорум;
  3. Элом — панҷум, Еҳӯҳонон — шашум, Эльеҳӯэнай — ҳафтум.
  4. Ва писарони Убайд-Адӯм: Шамаъё — нахустзода, Еҳӯ-зобод — дуюм, Юоҳ — сеюм, Сокор — чорум, Натанъил —  панҷум;
  5. Аммиил — шашум, Иссокор — ҳафтум, Фауллотӣ — ҳаштум, зеро ки Худо ӯро баракат дода буд.
  6. Ва барои писараш Шамаъё писарон таваллуд ёфтанд, ки дар хонадони   падарашон   сардорӣ   мекарданд,   чунки ҷанговарони далер буданд.
  7. Писарони Шамаъё: Отнӣ, Рафоил, Убайд ва Элзобод, бародарони далери ӯ: Элиёҳу ва Самакьёҳу.
  8. Ҳамаи онҳо аз писарони Убайд-Адӯм буданд, ки худа-шон ва писаронашон ва бародаронашон дар хизмат мардони далер буданд;  ин  одамони  Убайд-Адӯм  шасту ду нафар буданд.
  9. Ва Машоламьёҳу ҳаждаҳ нафар писарон ва бародарони далер дошт.
  10. Ва Ҳӯсо, ки аз писарони Марорӣ буд, писарон дошт: Шимрӣ — сардорашон, агарчи нахустзода набуд, вале пада-раш ӯро сардор таъин карда буд;
  11. Ҳилқиёҳу — дуюм, Табальёҳу   —  сеюм,   Закарьёҳу — чорум; ҳамаи писарон ва бародарони Ҳӯсо сездаҳ нафар буданд.
  12. Ҳамин аст тақсимоти дарбонон дар миёни сардорони хонаводаҳо, ки навбатҳошон, дар баробари бародарҳои онҳо, барои хизмат кардан дар хонаи Худованд таъин шуда буд.
  13. Ва онҳо, ҳам хурдашон ва ҳам калонашон, бар ҳасби хонаводаҳои худ барои ҳар  дарвоза  қуръа  партофтанд.
  14. Ва қуръаи дарвозаи шарқӣ ба Шаламьёҳу афтод; ва ҳангоме ки   барои   писараш   Закарьёҳу,   ки   машваратчии хирадманд буд,  қуръа партофтанд, қуръаи ӯ ба дарвозаи шимолӣ баромад;
  15. Барои Убайд-Адӯм  — дарвозаи   ҷанубӣ,   ва   барои писаронаш — байтулмол;
  16. Барои Шиффим ва Ҳӯсо — самти ғарбӣ, назди дарвозаи Шаллокат, ки дар он ҷо пайроҳа ба фароз мерафт, ва ҷои як навбатдорӣ дар рӯ ба рӯи навбатдории дигар буд.
  17. Ба тарафи шарқӣ шаш нафар левизодагон буданд, ба тарафи шимолӣ — ҳар рӯз чор нафар,  ба тарафи ҷанубӣ —  ҳар рӯз чор нафар, ва назди байтулмол — дунафарӣ;
  18. Назди айвони ҷониби ғарб: дар сари пайроҳа — чор нафар, назди айвон — ду нафар.
  19. Ҳамин аст тақсимоти дарбононе ки аз писарони Қӯраҳ ва аз писарони Марорӣ буданд.

Левизодагоне  ки  назди хазоин  таъин  шуда буданд.

  1. Ва левизодагони дигар, яъне бародарони онҳо, бар ха-зоини хонаи Худо ва бар хазоини қурбониҳои муқаддас таъ-ин шуда буданд:
  2. Писарони Лаъдон, яъне писарони Ҷершӯн аз камари Лаъдон, ки  сардорони  хонаводаи   Лаъдони   ҷершӯнӣ  бу-данд, — Яҳиилӣ;
  3. Писарони Яҳиилӣ: Зетом ва бародараш Юил бар ха-зоини хонаи Худованд буданд;
  4. Аз амромиён, йисҳориён, ҳебрӯниён, оззилиён:
  5. Шабуил ибни Ҷершӯн ибни Мусо нозири хазоин буд;
  6. Ва бародарони ӯ аз камари Элиозар: писараш Раҳабьё- ҳу, писараш Ешаъёҳу, писараш Йӯром, писараш Зикрӣ ва писараш Шалӯмит буданд,
  7. Ки ин Шалӯмит ва бародаронаш бар тамоми хазоини қурбониҳои муқаддас мутасаддӣ   буданд, ки онро подшоҳ Довуд вақф карда буд, ва низ сардорони хонаводаҳо ва ми-риҳазорҳо ва мирисадҳо ва сарлашкарҳо
  8. Аз ҷангҳо ва аз ғаниматҳо вақф карда буданд, то ки хонаи Худовандро тақвият намоянд;
  9. Ва ҳар он чи Самуили басир, ва Шоул ибни Қиш, ва Абнир ибни Нир, ва Юоб ибни Саруё вақф карда буданд, — ҳар вақфкунанда вақфашро ба дасти Шалӯмит ва бародаро-наш месупурд.

Нозирон ва доварон.

  1. Аз йисҳориён: Кананьёҳу   ва   писаронаш   бар   кори берунии исроилиён ҳамчун нозирон ва доварон таъин шуда буданд.
  2. Аз ҳебрӯниён: Ҳашабьёҳу ва бародаронаш, ҳазору ҳафт-сад нафар мардони далер, дар ин тарафи Ӯрдун, ба сам-ти ғарбӣ, барои  назорат   кардан   бар   Исроил   аз  ҷиҳати ҳар хизмати Худованд ва аз ҷиҳати хизмати подшоҳ, таъин шуда буданд.
  3. Аз ҳебрӯниён, бар ҳасби насабномаи хонаводаҳошон, Ериё сардори ҳебрӯниён буд; дар соли  чилуми подшоҳии Довуд онҳо тафтиш карда шуданд, ва дар миёни онҳо мар-дони далер дар Яъзир-Ҷилъод ёфт шуданд.
  4. Ва бародарони вай, ду ҳазору ҳафтсад нафар мардони далер, сардорони хонаводаҳо   буданд,  ва онҳоро   подшоҳ Довуд   бар реубениён ва ҷодиён  ва нисфи сибти Менашше аз ҷиҳати ҳар хизмати Худо ва хизмати подшоҳ таъин намуд.

© IBT 1992

Реклама