Якум Вақоеънома боби 24

Банӣ-Ҳорун бо қуръа ба 24 навбат тақсим шуданд.

  1. ВА ин аст тақсимоти банӣ-Ҳорун: писарони Ҳорун: Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор.
  2. Ва Нодоб ва Абиҳу пеш аз падари худ мурданд, ва онҳо писаре надоштанд;  ва Элъозор ва  Итомор коҳинӣ карданд.
  3. Ва Довуд онҳоро, — ба ёрии Содӯқ аз банӣ-Элъозор, ва Аҳималик аз банӣ-Итомор, — ба навбатҳои онҳо дар хизматашон тақсим кард.
  4. Ва дар миёни банӣ-Элъозор   мардони   сардор  назар ба банӣ-Итомор  бештар ёфт шуданд, пас онҳоро ба таври зерин тақсим карданд: аз банӣ-Элъозор шонздаҳ сардори хо-навода, ва аз банӣ-Итомор ҳашт сардори хонавода.
  5. Ва онҳоро ба воситаи қуръа тақсим карданд,— якеро бо дигаре, — зеро ки сарварони қудс ва сарварони хонаи Худо ҳам аз банӣ-Элъозор буданд ва ҳам аз банӣ-Итомор.
  6. Ва Шамаъё ибни Натанъили котиб, ки аз левизодагон буд, номҳои онҳоро ба ҳузури   подшоҳ  ва  сарварон,  ва Содӯқи коҳин, ва Аҳималик  ибни Абьётор,  ва сардорони хонаводаҳои коҳинон ва левизодагон навишт;  як хонавода аз банӣ-Элъозор гирифта шуд, ва сонӣ аз банӣ-Итомор ги-рифта шуд.
  7. Ва қуръаи якум барои Еҳӯёриб баромад, дуюм — барои Едаъё;
  8. Сеюм — барои Ҳорим, чорум — барои Саӯрим;
  9. Панҷум — барои Малкиё, шашум—барои Миёмин;
  10. Ҳафтум — барои Ҳаққӯс, ҳаштум — барои Абиё;
  11. Нӯҳум — барои Ешуа, даҳум — барои Шаканьёҳу;
  12. Ёздаҳум — барои Эльёшиб, дувоздаҳум — барои Ёқим;
  13. Сездаҳум — барои Ҳуффо, чордаҳум — барои Ешабъоб;
  14. Понздаҳум — барои Билҷо, шонздаҳум — барои Иммир;
  15. Ҳафдаҳум — барои Ҳизир, ҳаждаҳум — барои Ҳафиссис;
  16. Нуздаҳум—барои Фатаҳьё, бистум — барои Ҳизқиёл;
  17. Бисту якум — барои Ёкин, бисту дуюм — барои Ҷомул;
  18. Бисту сеюм — барои Далоёҳу, бисту чорум — барои Маазьёҳу.
  19. Ҳамин аст навбатҳои онҳо дар хизматашон, барои до-хил шудан ба хонаи Худованд, бар тибқи дастуруламале ки ба воситаи падарашон Ҳорун ба онҳо дода шудааст, чунон ки Худованд Худои Исроил ба вай амр фармуда буд.

Тақсимоти писарони дигари Левӣ.

  1. Ва дар бораи бақияи банӣ-Левӣ: аз писарони Амром — Шубоил, аз писарони Шубоил — Еҳдиёҳу;
  2. Аз Раҳабьёҳу: аз писарони  Раҳабьёҳу — сардорашон Йишшиё;
  3. Аз йисҳориён — Шалӯмӯт; аз писарони Шалӯмӯт — Яҳат;
  4. Ва аз   писарони   Ҳебрӯн:   Ериёҳу —   сардорашон, Амарьёҳу —  дуюм,   Яҳазиил — сеюм, Еқамъом — чорум;
  5. Писарони Узиил: Мико; аз писарони Мико — Шомир;
  6. Бародари Мико — Йишшиё;   аз писарони Йишшиё —  Закарьёҳу;
  7. Писарони Марорӣ: Маҳлӣ ва Мушӣ; писарони Яазиёҳу —  Банӯ;
  8. Писарони Марорӣ: аз они Яазиёҳу — Банӯ ва Шӯҳам ва Заккур ва Ибрӣ;
  9. Аз они Маҳлӣ — Элъозор, вале вай писаре надошт;
  10. Аз они Қиш: писарони Қиш — Ераҳмеил;
  11. Ва писарони Мушӣ: Маҳлӣ ва Эдар ва Еримӯт. Инҳо писарони левизодагон бар ҳасби хонаводаҳошон мебошанд.
  12. Ва онҳо низ, дар баробари бародарони   худ   банӣ-Ҳорун, ба ҳузури подшоҳ Довуд ва Содӯқ ва Аҳималик ва сардорони хонаводаҳои коҳинон ва левизодагон қуръа партофтанд, — сардори хонавода дар баробари бародари хурдии худ.

© IBT 1992

Реклама