Якум Вақоеънома боби 23

Довуд пеш аз фавташ Сулаймонро вориси худ мегардонад.

  1. ВА Довуд пир ва солхӯрда шуд, ва писараш Сулаймонро бар Исроил подшоҳ кард.

Дастурҳо ба левизодагон ва ба насли Ҷершӯн.

  1. Ва ҳамаи сарварони Исроил, ва коҳинон ва левизодагонро ҷамъ кард.
  2. Ва левизодагон аз синни сисола ва болотар дар шумор оварда шуданд, ва шумораи онҳо, бар ҳасби сарҳои мардон, сию ҳашт ҳазор нафар буд.
  3. Аз онҳо барои идора кардани корҳои хонаи Худованд бисту чор ҳазор нафар, ва нозирон ва доварон шаш ҳазор нафар буданд;
  4. Ва чор ҳазор нафар дарбонон, ва чор ҳазор  нафар шахсоне буданд, ки Худовандро ҳамду сано мегуфтанд, бо асбобе ки ман барои ҳамду сано сохтаам.
  5. Ва онҳоро Довуд,  бар  ҳасби  писарони  Левӣ, яъне Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кард.
  6. Аз ҷершӯниён: Лаъдон ва Шимъӣ.
  7. Писарони Лаъдон: сардорашон Яҳиил, ва сонӣ Зитом ва Юил — се нафар.
  8. Писарони Шимъӣ: Шалӯмит ва Ҳазиил ва Ҳорон — се нафар; инҳо сардорони хонаводаҳои Лаъдон буданд.
  9. Ва писарони Шимъӣ: Яҳат, Зизо ва Еуш ва Барио; инҳо, чор нафар, писарони Шимъӣ буданд.
  10. Ва Яҳат сардор буд, ва Зизо — дуюм; ва Еуш ва Барио писарони бисьёр надоштанд, ва аз ин рӯ як хонавода шумурда шуданд.

Дар бораи насли Қаҳот.

  1. Писарони Қаҳот — Амром, Йисҳор, Ҳебрӯн ва Узиил —  чор нафар.
  2. Писарони Амром: Ҳорун ва Мусо;  ва Ҳорун ҷудо карда  шуд, то ки ӯ ва писаронаш барои хизмати муқад-дастарин ба сурати  абадӣ  тақдис  ёбанд, ба ҳузури Худо-ванд бухур бисӯзонанд,  ба Ӯ хизмат кунанд ва ба исми Ӯ то абад баракат диҳанд.
  3. Ва писарони Мусо, марди Худо, бо номи сибти Левӣ хонда шудаанд.
  4. Писарони Мусо: Ҷершӯн ва Элиозар.
  5. Писарони Ҷершӯн: Шабуил сардорашон буд.
  6. Ва писарони   Элиозар:   Раҳабьё   сардорашон буд. Ва Элиозар  писарони  дигар   надошт;   вале  писарони Раҳабьё бағоят бисьёр буданд.
  7. Писарони Йисҳор: Шалӯмит сардорашон буд.
  8. Писарони Ҳебрӯн:  Ериёҳу  сардорашон  буд,  Амарьё —  дуюм, Яҳазиил — сеюм, ва Еқамъом — чорум.
  9. Писарони Узиил: Мико сардорашон  буд,   ва  Ешиё —  дуюм.

Дар бораи насли Марорӣ.

  1. Пксарони Марорӣ: Маҳлӣ ва Мушӣ; писарони Маҳ-лӣ: Элъозор ва Қиш.
  2. Ва Элъозор мурд, ва ӯ писарон не, балки духтарон дошт, ва онҳоро писарони Қиш, бародарҳошон, ба занӣ гирифтанд.
  3. Писарони Мушӣ: Маҳлӣ ва Эдар ва Йиремӯт — се нафар.

Вазифаҳои нави левизодагон.

  1. Инҳоянд писарони Левӣ, мувофиқи хонадонҳои пада-рони онҳо, ва сардорони хонаводаҳо, мувофиқи саршумори ном ба номи онҳо, ки аз синни бистсола ва болотар  вази-фаҳои хизмати хонаи Худовандро ба ҷо меоварданд.
  2. Зеро ки Довуд гуфт: «Худованд Худои Исроил ба қавми худ осоиштагӣ бахшидааст, ва Ӯ дар Ерусалим то абад сокин хоҳад буд,
  3. Ва низ левизодагонро дигар ҳоҷат нест, ки маскан ва тамоми колои хизмати онро бардоранд».
  4. Аз ин рӯ, бар тибқи суханони охирини Довуд, писаро-ни Левӣ аз синни бистсола ва болотар дар шумор оварда шуданд,
  5. Зеро ки мавқеи онҳо   дар паҳлуи   писарони  Ҳорун буд, то ки хизмати хонаи Худовандро  ба ҷо  оварда,  бар саҳнҳо ва бар ҳуҷраҳо, ва бар татҳири тамоми қудс, ва бар иҷрои ҳар хизмати хонаи Худо мутасаддӣ бошанд,
  6. Ва низ бар нони тақдим,   ва бар орди  маҳин  барои ҳадияи ордӣ, ва бар  чалпакҳои фатирӣ,   ва бар ҳадияҳои бирьён ва пухта, ва бар ҳар андозаи моеӣ ва вазн;
  7. Ва ҳар субҳ  омода шаванд,  то ки  Худовандро   ҳамд гӯянд ва ситоиш намоянд, — ва ҳамчунин ҳар шом;
  8. Ва дар ҳар вақти тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд дар шанбеҳо, навмоҳҳо ва идҳо, бар ҳасби шумораи онҳо, мувофиқи дастури оид ба онҳо, — доимо ба ҳузури Худованд бошанд;
  9. Ва навбатдории хаймаи ҷомеъ, ва навбатдории қудс, ва навбатдории бародаронашон банӣ-Ҳорунро дар хизмати хонаи  Худованд  нигаҳбонӣ  кунанд.

© IBT 1992