Якум Вақоеънома боби 22

Довуд барои маъбад масолеҳ тайёр мекунад.

  1. ВА Довуд гуфт: «Ин аст хонаи Худованд Худо ва ин аст қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ барои Исроил».
  2. Ва Довуд амр фармуд, ки ғарибонро, ки дар замини Исроил мебошанд, дар як ҷо ҷамъ кунанд, ва ӯ сангтарошонро таъин кард, то ки сангҳо барои сохтани хонад Худо битарошанд.
  3. Ва Довуд оҳани зиёде барои мехҳо, барои табақаҳои дарвозаҳо ва барои ошиқ-маъшуқҳо  тайёр  кард,  ва миси зиёде низ, ки вазнаш маълум набуд,
  4. Ва дарахтони арз, ки сону шумор надошт, зеро ки сидӯниён ва сӯриён дарахтони арз барои Довуд бисьёр оварда буданд.
  5. Ва Довуд гуфт: «Писарам  Сулаймон  ҷавон   ва но-зук аст, ва хонае ки барои Худованд бино кардан лозим аст, бояд бағоят азим, номӣ ва мӯҳташам дар назари ҳамаи кишварҳо  бошад; пас, барои ӯ ман тайёр мекунам». Ва Довуд пеш аз фавти худ масолеҳи зиёде тайёр кард.

Довуд ба Сулаймон дастурҳо оид ба сохтани маъбад медиҳад.

  1. Ва писараш Сулаймонро хонда, ба вай амр фармуд, ки хонае барои Худованд Худои Исроил бино кунад.
  2. Ва Довуд ба Сулаймон гуфт: «Эй писарам, муроди дили ман ин буд, ки хонае ба исми Худованд Худои худ би-но кунам.
  3. Вале каломи Худованд бар ман  нозил   шуда, гуфт: «Ту хуни зиёде рехтаӣ, ва ҷангҳои азиме кардаӣ; ту набояд хонае ба исми Ман бино кунӣ, зеро ки ба ҳузури Ман хуни бисьёре бар замин рехтаӣ.
  4. Инак, писаре барои ту таваллуд хоҳад ёфт, ки вай марди осоиштае хоҳад буд, ва Ман ба вай аз ҳамаи душ-манони гирду атрофаш осоиштагӣ хоҳам бахшид; зеро ки номи вай Сулаймон хоҳад буд, ва Ман дар айёми вай ба Ис-роил сулҳ ва осоиштагӣ хоҳам бахшид.
  5. Вай хонае ба исми Ман бино хоҳад кард, ва вай ба-рои Ман писар хоҳад буд, ва Ман барои вай падар хоҳам буд, ва тахти салтанати варо бар Исроил то абад пойдор хо-ҳам гардонид».
  6. Алҳол, эй писарам,  бигзор  Худованд бо ту  бошад, то ки комьёб гардида, хонаи  Худованд  Худои худро бино кунӣ, чунон ки Ӯ дар бораи ту гуфтааст;
  7. Ва бигзор Худованд ба ту ақлу фаҳм ато фармояд, ва туро бар Исроил таъин кунад, то ки шариати Худованд Ху-дои худро риоя намоӣ.
  8. Он гоҳ ту комьёб хоҳи шуд, ба шарте ки фароиз ва дастурҳоеро, ки Худованд ба Мусо дар бораи Исроил амр фармудааст, риоя намуда ба амал оварӣ; пас, қавӣ ва далер бош, натар ва ҳаросон нашав!
  9. Ва инак, ман дар аҷзи худ барои хонаи Худованд сад ҳазор киккар тилло ва ҳазор ҳазор киккар нуқра тайёр кар-даам, ва он қадар мис ва оҳан, ки вазнаш маълум нест, чунки бисьёр буд;  ва чӯбу тахта ва сангҳо тайёр кардаам, ва ту бар онҳо илова намо.
  10. Ва назди ту коргарони бисьёре ҳастанд: сангтарошон ва харротони санг ва чӯб, ва ҳар навъ ҳунармандон дар ҳар кори
  11. Тилло, нуқра, мис ва оҳан сону шумор надоранд; пас, бархез ва амал намо, ва Худованд бо ту хоҳад буд».

Довуд ба сарварон васият мекунад, ки ба Сулаймон мадад расонанд.

  1. Ва Довуд ба ҳамаи сарварони Исроил васият меку-над, ки ба писараш Сулаймон мадад расонанд:
  2. «Худованд Худои шумо, охир, бо шумост, ва аз ҳар ҷониб ба шумо осоиштагӣ бахшидааст, зеро ки сокинони ин заминро ба дасти ман супурдааст, ва ин замин пеши Худо-ванд ва пеши қавми Ӯ тобеъ гардидааст.
  3. Алҳол дилҳо ва ҷонҳои худро омода  намоед, то ки Худованд Худои худро ҷӯё бошед; ва бархоста, қудси Худо-ванд Худоро бино кунед, то ки сандуқи аҳди Худованд ва колои муқаддаси Худоро  ба хонае ки ба исми Худованд бино меёбад, бикӯчонед».

© IBT 1992

Реклама