Якум Вақоеънома боби 21

Саршумории   қавм   ба   Худо   писанд   наомад.   Вабо.

  1. ВА шайтон бар Исроил қиём намуда, Довудро иғво дод, ки аҳли Исроилро дар шумор оварад.
  2. Ва Довуд ба Юоб ва сарварони қавм гуфт: «Рафта, аҳли Исроилро аз Беэр-Шобаъ то Дон саршуморӣ намоед, ва ба ман маълум кунед, то ки шумораи онҳоро бидонам».

Юоб ба саршуморӣ эрод мегирад.

  1. Ва Юоб гуфт: «Бигзор Худованд шумораи қавми Худро аз он қадар, ки ҳаст, сад баробар зиёд кунад! Эй оғоям под-шоҳ, оё ҳамаи онҳо навкарони оғоям  нестанд?  Пас чаро ин корро хоҳон аст? Ва чаро ин сабаби гуноҳи  Исроил бишавад?»
  2. Вале сухани подшоҳ бар Юоб ғолиб  омад; ва Юоб берун рафта, дар тамоми Исроил гардиш кард, ва ба Ерусалим омад;
  3. Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба Довуд пешниҳод кард; ва аз тамоми Исроил ҳазор ҳазор ва сад ҳазор нафар мардони шамшерзан, ва аз Яҳудо чорсаду ҳафтод   ҳазор нафар мардони шамшерзан буданд.
  4. Вале ӯ левизодагон ва биньёминиёнро андаруни онҳо дар шумор  наовард,  зеро ки  сухани подшоҳ барои Юоб нафратангез буд.
  5. Ва ин кор дар назари Худо бад буд, ва Ӯ Исроилро зарба зад.
  6. Ва Довуд ба Худо гуфт: «Бо ин коре ки кардам, бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол аз гуноҳи бандаи Худ гуза-роӣ намо, зеро ки бағоят беақлона рафтор кардам».
  7. Ва Худованд ба Ҷод, ки пешбини Довуд буд, сухан ронда, гуфт:
  8. «Бирав ва ба Довуд сухан ронда, бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: Ман  се  чизро ба ту таклиф  мекунам; яке аз онҳоро   ба   худ   интихоб   намо,   то ки бар ту ба амал оварам»».
  9. Ва Ҷод назди Довуд омад, ва ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Барои худ интихоб намо:
  10. Ё се сол қаҳтӣ рӯй диҳад, ва ё се моҳ аз пеши душма-нонат бигрезӣ, ва шамшери душманонат ба ту бирасад, ва ё шамшери Худованд ва вабо дар замин ҳукмфармо гардад, ва фариштаи Худованд дар тамоми ҳудуди Исроил ба ҳало-кат бирасонад». Ва  алҳол   мулоҳиза намо, ки ба  Фирис-тандаи худ чӣ ҷавобе гардонам».
  11. Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд афтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».
  12. Ва Худованд бар Исроил вабо фиристод, ва аз исро-илиён ҳафтод ҳазор нафар мурданд.
  13. Ва Худо фариштае ба Ерусалим фиристод, то ки онро ба ҳалокат бирасонад; ва ҳангоме ки вай мехост ба расонидани ҳалокат шурӯъ намояд, Худованд дида, аз ин офат пушаймон шуд, ва ба фариштаи ҳалокатовар гуфт: «Басанда аст, акнун дасти худро боздор!» Ва фариштаи Худованд назди хирман-гоҳи Орнони ябусӣ истода буд.
  14. Ва Довуд чашмонашро боло карда, фариштаи Худо-вандро дид, ки дар миёни замин ва осмон истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ  бар  Ерусалим дароз карда шудааст; ва Довуд ва пироне ки палос дар бар доштанд, бар рӯи худ афтоданд.
  15. Ва Довуд ба Худо гуфт: «Ман, охир, барои саршу-мории қавм  амр   фармудаам,   ва  ман   ҳамонам,  ки   гуноҳ кардаам,   ва   бадкорӣ   намудаам,   вале   ин  гӯсфандон  чӣ кардаанд?  Эй Худованд Худои ман! Бигзор дасти Ту бар ман ва бар хонадони  падарам  бошад,  вале на бар  қавми Ту барои нобуд кардани вай».

Довуд хирмангоҳи Орнонро мехарад.

  1. Ва фариштаи Худованд ба Ҷод гуфт, ки вай ба Довуд бигӯяд, ки Довуд баромада, дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ қурбонгоҳе барои Худованд барпо намояд.
  2. Ва Довуд  бар   тибқи   сухани  Ҷод, ки вай ба исми Худованд гуфта буд, баромад.
  3. Ва Орнон рӯ гардонида, фариштаро дид, ва чор пи-сараш, ки бо ӯ буданд, пинҳон шуданд; ва Орнон гандум мекӯфт.
  4. Ва Довуд назди Орнон омад, ва Орнон назар андохта, Довудро дид, ва аз хирмангоҳ берун омада, ба Довуд рӯ ба замин афтода саҷда бурд.
  5. Ва Довуд ба Орнон гуфт: «Ҷои хирмангоҳро ба ман бидеҳ, то ки қурбонгоҳе дар он барои Худованд барпо намоям; онро ба қимати пурра ба ман бидеҳ, то ки вабо аз қавм дур шавад».
  6. Ва Орнон ба Довуд гуфт: «Онро барои  худ  бигир; бигзор оғоям подшоҳ он чи дар назараш писанд ояд, ба амал оварад;   инак,  ман  говҳоро  барои  қурбонии   сӯхтанӣ,   ва асбоби ғаллакӯбиро барои ҳезум, ва гандумро барои ҳадияи ордӣ медиҳам, — ҳамаашро бахшиш мекунам».
  7. Вале подшоҳ Довуд ба Орнон гуфт: «Не, балки ба қимати пурра хоҳам харид, зеро он чиро, ки аз они туст, барои Худованд нахоҳам  гирифт,   ва он  чиро,   ки   муфт бошад, ҳамчун  қурбонии сӯхтанӣ тақдим нахоҳам кард».
  8. Ва Довуд барои он ҷой ба вазни шашсад сиқл ба Орнон тилло дод.
  9. Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ тақдим на-муд, ва сӯи Худованд хонд, ва Ӯ варо иҷобат намуда, бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ оташе аз осмон фиристод.
  10. Ва Худованд ба фаришта амр фармуд, ва вай шамше-ри худро ба ғилофаш баргардонид.
  11. Дар он замон, чун Довуд дид, ки Худованд ӯро дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ иҷобат намуд, дар он ҷо қур-бонӣ мекард.
  12. Вале маскани Худованд, ки онро Мусо дар  биёбон сохта буд, ва қурбонгоҳи қурбонии  сӯхтанӣ  дар он замон бар баландии Ҷибъӯн буд.
  13. Ва Довуд наметавонист назди он биравад,  то ки аз Худо пурсон кунад, чунки аз шамшери фариштаи Худованд тарсида  буд.

© IBT 1992

Реклама