Якум Вақоеънома боби 18

Мустаҳкам шудани салтанати Довуд.

  1. ВА баъд аз ин Довуд ба фалиштиён зарба расонида, онҳоро мағлуб кард, ва Ҷат ва қасабаҳояшро аз дасти фалиштиён гирифт.
  2. Ва ба Мӯоб шикаст расонид, ва мӯобиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд.
  3. Ва Довуд ба Ҳададозар, подшоҳи Сӯбо, вақте ки вай мерафт, то ҳукмронии худро назди наҳри Фурот  устувор гардонад, дар Ҳамот шикаст расонид.
  4. Ва Довуд ҳазор ароба ва ҳафт ҳазор савора ва бист ҳазор пиёда аз вай гирифт, ва Довуд ҳамаи аспони аробаҳоро пай кард, вале аз онҳо барои сад ароба нигоҳ дошт.
  5. Ва арамиёни Димишқ ба мадади Ҳададозар, подшоҳи Сӯбо, омаданд, ва Довуд аз арамиён бисту ду ҳазор нафарро кушт.
  6. Ва Довуд дар Арами Димишқ волиёнро гузошт, ва арамиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд. Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки вай мерафт,  ёварӣ  менамуд.
  7. Ва Довуд сипарҳои тиллоро, ки бар навкарони Ҳададозар буд, гирифта, ба Ерусалим овард.
  8. Ва аз Тибҳат ва Кӯн, ки шаҳрҳои Ҳададозар буд, Довуд миси бағоят зиёде гирифт, ки аз он Сулаймон ҳавзи мисин ва  сутунҳо  ва колои мисин сохт.
  9. Ва Тӯу, подшоҳи Ҳамот, шунид, ки Довуд тамоми лашкари Ҳададозар, подшоҳи Сӯборо мағлуб кардааст.
  10. Ва писари худ Ҳадӯромро назди подшоҳ Довуд фирис-тод, то ки ба ӯ салом расонад ва ӯро муборакбод гӯяд, ба муносибати он ки бо Ҳададозар ҷанг карда, варо мағлуб намудааст, — зеро ки Ҳададозар ба муқобили Тӯу бисьёр меҷангид, — бо ҳар навъ зарфҳои тилло ва нуқра ва мис.
  11. Ва подшоҳ Довуд онҳоро низ барои Худованд вақф намуд, бо якҷоягии нуқра ва тиллое ки аз ҳамаи халқҳо: аз Адӯм ва Мӯоб ва банӣ-Аммӯн ва фалиштиён ва Амолеқ гирифта буд.
  12. Ва Абшай ибни Саруё аз адӯмиён дар водии Намак ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушт;
  13. Ва дар  Адӯм  волиёнро  гузошт,   ва  ҳамаи   адӯмиён бандагони Довуд гардиданд; ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки вай мерафт, ёварӣ менамуд.
  14. Ва Довуд бар тамоми Исроил подшоҳӣ мекард, ва бар тамоми қавми худ доварӣ ва инсофро ба амал меовард.
  15. Ва Юоб ибни   Саруё  сарлашкар   буд,  ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис.
  16. Ва Содӯқ ибни Ахитуб ва Абималик ибни Абьётор коҳин буданд; ва Шавшо котиб буд.
  17. Ва Баноёҳу ибни Еҳӯёдоъ бар каритиён ва фалитиён гумошта буд; ва писарони Довуд назди подшоҳ садрнишин буданд.

© IBT 1992

Реклама