Якум Вақоеънома боби 17

Довуд ба сохтани маъбад тайёрӣ мебинад.

  1. ВА ҳангоме ки Довуд дар хонаи худ менишаст, Довуд ба Нотони набӣ гуфт: «Инак, ман дар хонаи арзӣ сокин ҳастам, вале сандуқи аҳди Худо зери чодаре мебошад».
  2. Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Ҳар он чи дар дилат бошад, ба амал овар, зеро ки Худо бо туст».
  3. Вале дар ҳамон шаб каломи Худо бар Нотон нозил шуда, гуфт:
  4. «Рафта, ба  бандаи  Ман  Довуд   бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: ту хонае барои сукунати Ман бино нахоҳӣ кард,
  5. Зеро Ман аз рӯзе ки Исроилро берун овардаам, то имрӯз дар хонае сокин нашудаам,  балки аз хайма ба хайма ва аз маскан ба маскан гардиш кардаам.
  6. Дар ҳар ҷое ки бо тамоми Исроил гардиш кардаам, оё ба ягон довари Исроил, ки чаронидани қавми Худро ба вай амр фармуда будам, сухане ба забон ронда, гуфтаам: чаро барои Ман хонаи арзӣ бино накардед?

Ваҳйи Худованд ба Довуд.

  1. Ва алҳол ба бандаи Ман Довуд чунин бигӯй: Худо-ванди лашкарҳо чунин мегӯяд:   Ман  туро   аз  чарогоҳ, аз ақиби гӯсфандон гирифтам, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошӣ.
  2. Ва ба ҳар ҷое ки мерафтӣ, бо ту будам,   ва  ҳамаи душманонатро аз пеши ту маҳв намудам, ва барои ту номе, мисли  номи  бузургоне  ки  бар  замин ҳастанд,   ба   вуҷуд овардам.
  3. Ва барои қавми Худ Исроил маконе муқаррар намудам, ва онҳоро шинондам, то ки дар он  сокин гардида, дигар безобита нашаванд, ва бадкорон дигар онҳоро нобуд наку-нанд, мисли он ки дар замони пеш буд,
  4. Ва мисли айёме ки доваронро бар қавми Худ Исроил таъин карда  будам;  ва Ман ҳамаи душманонатро мағлуб намудам, ва Ман ба ту хабар медиҳам, ки Худованд хонае барои ту бино хоҳад кард.
  5. Ва ҳангоме ки рӯзҳои ту анҷом ёфта, ту назди падарони худ биравӣ, Ман насли туро, ки аз писарони ту хоҳад буд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд.
  6. Вай барои Ман хона бино хоҳад кард, ва Ман тахти варо то абад пойдор хоҳам гардонид.
  7. Ман барои вай падар хоҳам буд, ва вай барои Ман писар хоҳад буд, ва Ман марҳамати Худро аз вай дур нахоҳам кард, чунон ки онро аз касе ки пеш аз ту буд, дур кардам.
  8. Ва Ман варо дар хонаи Худ ва дар салтанати Худ то абад хоҳам баргумошт, ва тахти вай то абад пойдор хоҳад буд»».
  9. Ҳамаи ин суханон ва тамоми ин рӯъёро Нотон ба Довуд ҳикоят кард.

Дуои подшоҳ Довуд.

  1. Ва подшоҳ Довуд омада, ба ҳузури Худованд нишаст, ва гуфт: «Эй Худованд Худо, ман кистам ва хонадони ман чист, ки маро ба ин мартаба расонидаӣ?
  2. Ва ин дар назарат, эй Худо, кам  намудааст, ва  Ту дар  бораи  ояндаи дури   хонадони   бандаат   сухан рондаӣ ва ба ман чун ба одами баландмартабае назар  кардаӣ,   эй Худованд Худо!
  3. Ва Довуд дигар ба Ту дар бораи сарафрозии бандаи Ту чӣ метавонад бигӯяд? Ту, охир,   бандаи  Худро  меши-носӣ!
  4. Худовандо, Ту ба хотири бандаи  Худ ва бар  тибқи дили Худ тамоми ин бузургиро ба амал овардаӣ, то ки ҳамаи бузургиҳоро зоҳир намоӣ.
  5. Худовандо, дар ҳар он чи мо бо гӯшҳои худ шуни-даем, чизе монанди Ту нест, ва ҷуз аз Ту Худое нест.
  6. Ва кист, ки мисли қавми Ту Исроил бошад, ки онҳо бар рӯи замин халқи ягонае ҳастанд, ки наздашон Худо ома-дааст, то ки онҳоро фидия дода гирифта, барои Худ қавм гардонад, то ки Ту бо корҳои бузург ва саҳмгин барои Худ исме пайдо кунӣ ва халқҳоро аз пеши қавми Худ, ки аз Миср фидия дода гирифтаӣ, бадар биронӣ.
  7. Ва қавми Худ Исроилро   барои  Худ  то   абад  қавм гардондӣ, ва Ту, эй Худованд, Худои онҳо шудӣ.
  8. Ва алҳол, эй Худованд, бигзор каломе ки Ту дар бо-раи бандаи Худ ва хонадони вай ба забон рондаӣ, то абад пойдор бошад, ва он чи гуфтаӣ, ба ҷо овар.
  9. Ва исми Ту то абад пойдор ва муаззам бошад, то бигӯ-янд: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, Худо бар Ис-роил  аст».  Ва  бигзор  хонадони  бандаат Довуд ба ҳузури Ту пойдор бошад.
  10. Азбаски Ту, эй Худо, гӯшраси бандаи Худ намудаӣ, ки хонае барояш бино хоҳӣ кард, бинобар ин бандаат ҷур-ъат пайдо кард, ки назди Ту дуо бигӯяд.
  11. Ва алҳол, эй Худованд, Ту Худо ҳастӣ, ва Ту дар бо-раи бандаи Худ ин некиро ба забон рондаӣ.
  12. Ва алҳол Ту таваҷҷӯҳ намудаӣ, ки хонадони бандаатро баракат диҳӣ, то ки он то абад дар хузури Ту бошад; зеро ки Ту, эй Худованд, онро баракат додаӣ, ва он то абад муборак хоҳад буд».

© IBT 1992

Реклама