Якум Вақоеънома боби 14

Иқтидор ва сарвати подшоҳ Довуд.

  1. ВА Ҳиром, подшоҳи Сӯр, назди Довуд қосидон, ва дарахтони арз, ва сангтарошон ва  наҷҷоронро  фиристод, то ки барои ӯ хона бино кунанд.
  2. Ва Довуд дарк намуд, ки Худованд ӯро ба подшоҳӣ бар Исроил устувор гардонидааст, ва салтанати ӯро ба хотири қавми Худ Исроил баланд бардоштааст.
  3. Ва Довуд боз дар Ерусалим занон гирифт, ва Довуд боз писарон ва духтарон ба дуньё овард.
  4. Ва ин аст номҳои онҳое ки дар Ерусалим  барои   ӯ таваллуд ёфтанд: Шаммуа ва Шубоб, ва Нотон ва Сулаймон,
  5. Ва Йибҳор ва Элишуа ва Элфолат,
  6. Ва Нӯҷа ва Нофаҷ ва Ёфиа,
  7. Ва Элишомоъ ва Баальёдоъ ва Элифолат.
  8. Ва чун фалиштиён шуниданд, ки Довудро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудаанд, ҳамаи фалиштиён баромаданд, то ки Довудро биҷӯянд; ва Довуд инро шунида, пеши онҳо берун омад.
  9. Ва фалиштиён омада, дар водии Рафоим ҷойгир шу-данд.
  10. Ва Довуд аз Худо пурсон карда, гуфт: «Оё ба муқо-били фалиштиён бароям, ва оё онҳоро ба дасти ман хоҳӣ супурд?» Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Баро, ва онҳоро ба дастат хоҳам супурд».
  11. Ва онҳо ба Баал-Фаросим баромаданд, ва дар он  ҷо Довуд  ба  онҳо  шикаст  расонид,  ва  Довуд  гуфт:   «Худо душманонамро бо дасти ман маҳв  намуд,  чунон ки селоб маҳв менамояд». Бинобар ин, номи он макон Баал-Фаросим хонда шудааст.
  12. Ва худоёни  худро дар он ҷо партофта рафтанд; ва Довуд амр фармуд, ва онҳо ба оташ сӯзонида шуданд.
  13. Ва бори дигар фалиштиён дар он водӣ ҷойгир шуданд.
  14. Ва Довуд боз аз Худо пурсон кард, ва Худо ба ӯ гуфт: «Аз пешашон набаро, балки: аз ақибашон давр зада, аз ҷониби дарахтони тут ба онҳо наздик шав,
  15. Ва ҳамин ки акси садои кадамҳоро аз сари дарахтони тут бишнавӣ, дарҳол ба ҷанг баро, зеро ки он вақт Худо пешопеши ту берун хоҳад омад, то ки ба ӯрдуи фалиштиён шикаст расонад».
  16. Ва Довуд ончунон, ки Худо ба ӯ амр фармуд, амал намуд, ва ба ӯрдуи фалиштиён аз Ҷибъӯн то Ҷозро шикаст расониданд.
  17. Ва номи Довуд дар ҳамаи кишварҳо шӯҳрат ёфт, ва Худованд тарси ӯро бар ҳамаи халқҳо паҳн кард.

© IBT 1992

Реклама