Якум Вақоеънома боби 12

Ҷанговарон назди Довуд дар Сиқлоҷ, ҷамъ мешаванд.

  1. ВА инҳоянд касоне ки назди Довуд ба Сиқлоҷ омаданд, вақте ки ӯ ҳанӯз аз дасти Шоул ибни Қиш гуреза буд; ва онҳо дар миёни паҳлавононе буданд, ки дар ҷанги ӯ мадад мерасониданд.
  2. Бо камон мусаллаҳ буданд, сангҳо ва тирҳои камонро бо дасти рост ва чап меандохтанд, аз бародарони Шоул, аз Биньёмин буданд:
  3. Сардорашон Аҳиозар буд, ва баъд аз ӯ Юош, писарони Ҳашмоои ҷибъотӣ; ва Язиил ва Фолат, писарони Азмавт; ва Бароко ва Еҳуи антӯтӣ;
  4. Ва Ишмаъёи ҷибъӯнӣ, ки паҳлавони сазовори он сӣ нафар буд ва аз он сӣ нафар бартарӣ дошт; ва Ирмиё ва Яҳазиил ва Йӯҳонон, ва Йӯзободи ҷадиротӣ;
  5. Элъузай ва   Еримӯт   ва   Баальё   ва   Шамарьёҳу,   ва Шафатьёҳуи ҳаруфӣ;
  6. Элқоно ва Йишиёҳу ва Азаръил ва Юозар ва Ёшобъом, ки аз қӯраҳиён буданд;
  7. Ва Юило ва Забадьё, ки писарони Ерӯҳом аз Ҷадур буданд;
  8. Ва аз ҷодиён паҳлавонони ҷасур, сарбозони ҷангозмуда, ки бо сипар ва найза  мусаллаҳ   буданд, ба тарафи Довуд ба истеҳкомоти биёбон гузаштанд; рӯйҳошон мисли рӯи шер буд, ва мисли ғизолони кӯҳӣ тезрав буданд.
  9. Эзар сардорашон буд, Убадьё — дуюм, Элиоб — сеюм,
  10. Мишманно — чорум, Ирмиё — панҷум,
  11. Аттай — шашум, Алиил — ҳафтум,
  12. Йӯҳонон — ҳаштум, Элзобод — нӯҳум,
  13. Ирмиёҳу — даҳум, Макбаннай — ёздаҳум.
  14. Инҳо аз банӣ-Ҷод сардорони лашкар буданд, ки хурд-тарашон баробари сад нафар ва калонтарашон баробари ҳазор нафар буд.
  15. Ҳаминҳо буданд, ки дар моҳи якум аз Ӯрдун убур карданд, вақте ки обҳояш дамида, аз соҳилҳояш баромада буд, ва тамоми аҳолии водиҳоро ба тарафи шарқ ва ғарб гурезониданд.
  16. Ва аз банӣ-Биньёмин ва Яҳудо ба он истеҳкомот назди Довуд омаданд.
  17. Ва Довуд ба истиқболи онҳо берун омад, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт:   «Агар  бо  сулҳу осоиштагӣ назди ман омада бошед, то ки ба ман мадад расонед, дили ман бо шумо як хоҳад буд; вале агар барои он омада бошед, ки маро фиреб дода, ба душманонам бисупоред, дар сурате ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, пас бигзор Худои падарони мо инро бубинад ва доварӣ намояд».
  18. Ва рӯҳе Амосайро, ки сардори фармондеҳон буд, фаро гирифта, ӯ гуфт: «Аз они ту ҳастем, эй Довуд! Ва бо ту хоҳем буд, эй писари Йисой! Саломатӣ, саломатӣ бар ту бод, ва саломатӣ бар ёварони ту бод, зеро ки Худои ту мададгори туст». Ва Довуд онҳоро қабул карда, дар миёни сардорони фавҷи худ гузошт.
  19. Ва баъзе аз сибти Менашше ба Довуд ҳамроҳ шуданд, вақте ки ӯ бо фалиштиён ба муқобили Шоул ба ҷанг мерафт, вале ба онҳо мадад нарасониданд, зеро ки мирони фалиш-тиён баъди   машварат   намудан  ӯро   фиристода,  гуфтанд: «Вай  бо каллаҳои мо   ба   оғои   худ   Шоул   ҳамроҳ   ҳоҳад шуд».
  20. Вақте ки ӯ ба Сиқлоҷ мерафт, инҳо аз Менашше ба ӯ ҳамроҳ шуданд: Аднаҳ ва Юзобод ва Едиаил ва Микоил ва Юзобод ва  Элиҳу ва Силтой, ки мириҳазорони Менашше буданд.
  21. Ва онҳо ба Довуд ба муқобили фавҷи душманон мадад расониданд, зеро ки ҳамаашон ҷанговарони далер буданд, ва сарварони лашкар гардиданд.
  22. Ҳамин тавр рӯз ба рӯз мардум назди Довуд меомаданд, то ки ба ӯ мадад расонанд, то ба дараҷае ки ӯрдугоҳи ӯ мисли ӯрдугоҳи Худо бузург шуд.
  23. Ва ин аст шумораи сардорони пешоҳанги лашкар, ки назди Довуд ба Ҳебрӯн омаданд, то ки салтанатро, бар тибқи амри Худованд, аз Шоул ба ӯ бигзаронанд.
  24. Банӣ-Яҳудо, ки   сипар   ва  найза  доштанд, — шаш ҳазору ҳаштсад нафар пешоҳангони лашкар.
  25. Аз банӣ-Шимъӯн, ки ҷанговарони далери лашкар буданд, — ҳафт ҳазору сад нафар.
  26. Аз банӣ-Левӣ — чор ҳазору шашсад нафар.
  27. Ва Еҳӯёдоъ, ки раиси хонадони Ҳорун буд, ва бо ӯ — се ҳазору ҳафтсад нафар.
  28. Ва Содӯқ, ки ҷавони ҷанговари далер буд, ва хонадони падараш — бисту ду нафар сардорон.
  29. Ва аз банӣ-Биньёмин, бародарони Шоул, — се ҳазор нафар; вале то он вақт бисьёре аз онҳо хизмати хонадони Шоулро ба ҷо меоварданд.
  30. Ва аз банӣ-Эфроим — бист ҳазору ҳаштсад нафар, ки ҷанговарони далер ва дар хонадони падарони худ номдор буданд.
  31. Ва аз нисфи хонадони Менашше — ҳаждаҳ ҳазор нафар, ки ном ба ном хонда шуданд, то ки рафта Довудро подшоҳ созанд.
  32. Ва аз банӣ-Иссокор — касоне ки аз гардиши рӯзгор огоҳ буда, медонистанд, ки Исроил чӣ корҳо бояд бикунад; сардоронашон дусад нафар буданд, ва ҳамаи бародаронашон мувофиқи фармони онҳо амал мекарданд.
  33. Аз Забулун — панҷоҳ ҳазор нафар мардоне ки метавонистанд бо лашкар берун оянд, ба воситаи ҳар навъ колои ҳарбӣ ҷанг кунанд, ва якдилона мадад расонанд.
  34. Ва аз Нафтолӣ — ҳазор нафар сардорон, ва бо онҳо сию ҳафт ҳазор нафар бо сипар ва найза.
  35. Ва аз   Дон   —  бисту   ҳашт   ҳазору   шашсад   нафар ҷанговарон.
  36. Ва аз Ошер — чил ҳазор нафар ҷанговарон, ки метавонистанд бо лашкар берун оянд.
  37. Ва аз он тарафи Урдун, аз Реубен ва Ҷод ва нисфи сибти Менашше, — саду бист ҳазор нафар, ки метавонистанд ба воситаи ҳар навъ колои ҳарбӣ ҷанг кунанд.
  38. Ҳамаи ин мардони ҷангӣ, ки метавонистанд барои ҷанг сардорӣ кунанд, бо дили комил ба Ҳебрӯн омаданд, то ки Довудро бар  тамоми  Исроил   подшоҳ созанд;  ва  тамоми бақияи Исроил низ якдилона хоҳони он буданд, ки Довудро подшоҳ созанд.
  39. Ва дар он ҷо   се  рӯз  бо  Довуд  буда,  хӯрданд ва нӯшиданд, зеро ки бародаронашон барои онҳо муҳайё карда буданд.
  40. Ва касоне низ, ки ба онҳо наздик буданд, —то ҳадди Иссокор, Забулун ва Нафтолӣ, — бар харон ва шутурон ва хачирон ва барзаговон нон ва хӯрокворӣ: орд, қурсҳои анҷир-қоқ ва мавиз, ва шароб ва равған, ва говон ва гӯсфандон ба фаровонӣ оварданд, зеро ки дар Исроил шодмонӣ буд.

© IBT 1992

Реклама