Дуюм Вақоеънома боби 7

Қурбониҳо ва иди ботантана.

  1. ВА ҳангоме ки Сулаймон гуфтани   дуоро  ба анҷом расонид, оташе аз осмон фурӯд омада, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳоро сӯзонид, ва ҷалоли Худованд хонаро пур кард.
  2. Ва коҳинон натавонистанд ба хонаи Худованд дохил шаванд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд.
  3. Ва тамоми   банӣ-Исроил   фурӯд   омадани   оташ  ва ҷалоли Худовандро бар хона диданд, ва рӯй  бар замини сангфарш   афтода,   саҷда бурданд,  ва Худовандро  ҳамду сано  хонданд,   зеро   ки Ӯ некӯст, зеро ки   эҳсони  Ӯ  то абад аст.
  4. Ва подшоҳ ва тамоми қавм қурбониҳо ба ҳузури Худованд забҳ карданд.
  5. Ва подшоҳ   Сулаймон   бисту ду ҳазор  гов  ва саду бист  ҳазор  гӯсфанд  қурбонӣ  кард;  ва подшоҳ ва тамоми қавм хонаи Худоро тақдис карданд.
  6. Ва коҳинон дар навбатдории худ меистоданд, ва левизодагон бо асбоби суруди Худованд буданд, ки подшоҳ Довуд онҳоро барои ҳамду санои Худованд сохта буд, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, ва Довуд ба воситаи онҳо ҳамду сано мегуфт; ва коҳинон дар рӯ ба рӯи онҳо карнай мена-вохтанд, ва тамоми Исроил меистоданд.
  7. Ва Сулаймон миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд буд, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва чар-буи қурбониҳои  саломатиро  дар   он  ҷо тақдис кард, зеро қурбонгоҳи мисине ки Сулаймон сохта буд, қурбониҳои сӯх-танӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳоро  натавонист гунҷоиш диҳад.
  8. Ва Сулаймон  дар   он  вақт   ҳафт  рӯз  ид  кард,   ва тамоми  Исроил   ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бағоят бузург аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср ҷамъ омада буданд;
  9. Ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади ботантанаи идонае барпо карданд, зеро ки тақдиси қурбонгоҳро ҳафт рӯз, ва идро ҳафт рӯз ба амал оварданд.
  10. Ва дар рӯзи бисту сеюми моҳи ҳафтум ӯ қавмро ба хай-маҳошон фиристод,   ки  онҳо   ба сабаби  некие   ки Худо-ванд ба Довуд ва Сулаймон ва қавми Худ  Исроил  карда буд, хурсанд ва дилшод буданд.
  11. Ва Сулаймон хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро ба анҷом расонид; ва ҳар он чи орзуи дили Сулаймон буд, ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи худаш ба амал оварад, муваффақият ёфт.

Худованд ба Сулаймон зоҳир мешавад.

  1. Ва Худованд шабона ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Дуои туро шунидам, ва ин маконро барои Худ бар-гузидам, то ки хонаи қурбониҳо гардад.
  2. Агар осмонро бибандам, ва борон наборад, ва агар ба малах фармон диҳам, ки ҳосили заминро бихӯрад, ва агар вабое бар қавми Худ бифиристам,
  3. Ва қавми  Ман,  ки ба исми  Ман номида  шудаанд, гардан   фуроварда,   дуо  гӯянд ва рӯи Маро  ҷӯё  шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, — он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод.
  4. Алҳол чашмони Ман воз ва гӯшҳои Ман ба дуое ки дар ин макон гуфта мешавад, шунаво хоҳад буд.
  5. Ва алҳол Ман ин хонаро баргузидам ва тақдис кар-дам, то ки исми Ман то абад дар он бошад; ва чашмони Ман ва дили Ман тамоми айём дар ин ҷо хоҳад буд.
  6. Ва агар ту ба ҳузури Ман, чунон ки падарат Довуд рафтор менамуд, рафтор намоӣ, ва ҳар чиро, ки Ман ба ту амр фармудаам, ба ҷо оварӣ, ва фароизу аҳкоми Маро нигоҳ дорӣ,
  7. Ман тахти салтанати туро устувор хоҳам кард, чунон ки бо падарат Довуд аҳд баста, гуфтаам: «Аз ту касе ки бар Исроил ҳоким бошад, аз миён нахоҳад рафт».
  8. Валекин агар шумо рӯй гардонида, аҳкому фароизеро, ки ба шумо додаам, тарк кунед, ва рафта, худоёни дигар-ро ибодат намоед, ва ба онҳо саҷда баред, —
  9. Ман онҳоро аз замини Худ, ки ба онҳо додаам, решакан хоҳам кард, ва ин хонаро, ки ба исми Худ тақдис намудаам, аз ҳузури Худ дур хоҳам андохт, ва онро дар миёни ҳамаи қавмҳо зарбулмасал ва хандахариш хоҳам гардонид.
  10. Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ буд, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда, хоҳад гуфт: «Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?»
  11. Ва хоҳанд гуфт:   «Аз он  сабаб,  ки онҳо   Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини  Миср  берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро пайравӣ на-муда, ба онҳо   саҷда  бурданд  ва  онҳоро   ибодат   карданд; бинобар ин тамоми ин мусибатро ба сари онҳо овардааст»».

© IBT 1992

Реклама