Дуюм Вақоеънома боби 5

Сандуқи аҳд ба маъбад оварда шуд.

  1. ВА тамоми коре ки Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва Сулаймон он чиро, ки падараш Довуд вақф карда буд, овард, ва нуқра ва тилло ва тамоми колоро ба хазоини хонаи Худо супурд.
  2. Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ва ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ-Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.
  3. Ва тамоми мардуми Исроил дар иди моҳи ҳафтум назди подшоҳ ҷамъ шуданд.
  4. Ва ҳамаи пирони  Исроил  омаданд,   ва  левизодагон сандуқро бардоштанд.
  5. Ва сандуқ, ва хаймаи ҷомеъ, ва тамоми колои муқаддасро, ки дар хайма буд,   бардоштанд, — онҳоро коҳинон ва левизодагон бардоштанд.
  6. Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки ба ҳузури ӯ назди сандуқ ҷамъ шуда буданд, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ карданд, ки миқдори онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.
  7. Ва коҳинон сандуқи  аҳди  Худовандро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба қудси қудсҳо,  зери болҳои каррубиён дароварданд.
  8. Ва каррубиён болҳошонро бар макони сандуқ паҳн мекарданд, ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.
  9. Ва дастакҳоро пеш кашида дароз карданд, ба тавре ки сари дастакҳо аз сандуқе ки пеши ҳарам буд, аён мешуд, вале аз берун аён намешуд; ва онҳо то имрӯз дар он ҷост.
  10. Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз лавҳҳое ки Мусо дар Ҳӯриб дар он гузошт, вақте ки Худованд бо банӣ-Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз Миср, аҳд баст.
  11. Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз қудс берун омаданд, — зеро ҳамаи  коҳиноне  ки  дар   он ҷо буданд, худро, сарфи назар аз навбатҳошон, тақдис карданд,
  12. Ва ҳамаи левизодагони муғаннӣ, яъне Ософ, Ҳеймон, Едутун, ва писаронашон, ва бародаронашон, либоси катон дар бар карда, бо санҷҳо ва барбатҳо ва удҳо ба тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд, ва саду бист нафар коҳинон ҳамроҳи онҳо истода, карнай менавохтанд,
  13. Ва ин карнайнавозон ва муғанниён мисли як тан ба-рои ҳамду санои Худованд якдилона  овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби муси-қиро баланд карда, Худовандро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, — он гоҳ хона, хонаи Худованд, аз абр пур шуд,
  14. Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хиз-мат биистанд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худоро пур карда буд.

© IBT 1992

Реклама