Дуюм Вақоеънома боби 3

Ибтидои сохтмони маъбад.

  1. ВА Сулаймон ба бино кардани хонаи Худованд дар Ерусалим, бар кӯҳи Мӯриё шурӯъ намуд, ки дар он ҷо Худованд ба падараш Довуд зоҳир шуда буд, ва Довуд ин ҷойро дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ муқаррар карда буд.
  2. Ва ӯ дар рӯзи дуюми моҳи дуюм, дар соли чоруми подшоҳии худ ба бино кардан шурӯъ намуд.

Дар бораи андозаҳои маъбад  ва масолеҳи бинокорӣ.

  1. Ва ин аст асосҳое ки Сулаймон барои бино кардани хонаи Худо гузошт: дарозияш бо зироъҳо, бар ҳасби андо-заи аввала, шаст зироъ, ва фарохияш — бист зироъ.
  2. Ва дарозии равоқе ки пеши толор буд, мувофиқи фарохии хона — бист зироъ, ва баландияш — саду бист; ва онро аз дарун бо тиллои холис пӯшонид.
  3. Ва толори калонро бо чӯби  сарв  рӯйбаст намуд, ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва бар рӯяш нақши нахлҳо ва шилшилаҳоро ҳак кард.
  4. Ва хонаро барои зебоӣ бо сангҳои  гаронбаҳо тарсеъ дод, ва тиллои он тиллои Парвоим буд.
  5. Ва хонаро, — болорҳо, остонаҳо, деворҳо ва дарҳои онро, — бо тилло рӯйбаст намуд, ва бар деворҳо каррубиён-ро ҳак кард.
  6. Ва хонаи қудси қудсҳоро сохт: дарозияш, мувофиқи фарохии хона, бист зироъ, ва фарохияш бист зироъ буд; ва онро бо тиллои хуб, ба миқдори шашсад киккар,  рӯйбаст намуд.
  7. Ва вазни мехҳо панҷоҳ сиқл тилло буд; ва болохо-наҳоро бо тилло рӯйбаст намуд.
  8. Ва дар хонаи  қудси  қудсҳо ду каррубии  муҷассам-корӣ сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.
  9. Ва болҳои каррубиён бист зироъ дарозӣ дошт; як бол, ки: панҷ зироъ буд, ба девори хона мерасид, ва боли дигар, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мерасид;
  10. Ва боли каррубии дигар, ки панҷ зироъ буд, ба де-вори хона мерасид, ва боли дигараш, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мечаспид.
  11. Болҳои ин каррубиён  ба  дарозии  бист  зироъ  паҳн шуда буд, ва онҳо бар пойҳои худ меистоданд, ва рӯйҳошон ба сӯи хона буд.
  12. Ва пардаро аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва ка-тон сохт, ва нақши каррубиёнро бар он кашид
  13. Ва пеши хона ду сутун сохт, ки дарозии онҳо сию панҷ зироъ буд; ва тоҷе ки бар сари ҳар яке аз онҳо буд, панҷ зироъ дарозӣ дошт.
  14. Ва шилшилаҳо, мисли онҳое ки дар ҳарам буд, сохта, бар сари сутунҳо гузошт;  ва сад  анор  сохта, бар шилши-лаҳо ниҳод.
  15. Ва сутунҳоро пеши маъбад барқарор намуд, — якеро аз тарафи рост, ва дигареро аз тарафи  чап;   ва номи су-туни тарафи ростро Ёкин хонд, ва номи сутуни тарафи чап-ро — Бӯаз.

© IBT 1992

Реклама