Дуюм Вақоеънома боби 10

Подшоҳии Раҳабъом.

  1. ВА Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.
  2. Ва ҳангоме ки  Ёробъом  инро  шунид, — ва  ӯ дар Миср буд, чунки аз пеши подшоҳ Сулаймон гурехта буд, — ва Ёробъом аз Миср баргашт.
  3. Ва фиристода, ӯро хонданд; ва Ёробъом ва тамоми Исроил омаданд, ва ба Раҳабъом сухан ронда, гуфтанд:
  4. «Падарат юғи моро гарон  карда  буд,  вале ту алҳол хизмати сахти падарат ва юғи гарони варо, ки бар мо ниҳода буд, сабук гардон, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».
  5. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Баъд аз се рӯз назди ман биёед». Ва қавм рафтанд.
  6. Ва подшоҳ Раҳабъом аз пироне ки ба ҳузури падараш Сулаймон, дар вақти зинда будани вай, меистоданд, машварат пурсида, гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат  медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам?»
  7. Ва онҳо ба ӯ сухан ронда, гуфтанд:   «Агар ту ба ин қавм   меҳрубон   бошӣ ва дилашонро ба даст оварӣ, ва ба онҳо   суханони  нек   гӯӣ,   онҳо   тамоми   айём бандагони ту хоҳанд буд».
  8. Вале ӯ машваратеро, ки пирон ба ӯ доданд, рад намуд, ва аз ҷавононе ки бо ӯ калон шуда буданд ва ба ҳу-зураш меистоданд, машварат пурсид,
  9. Ва ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам, ки онҳо ба ман сухан ронда, гуфтанд: «Юғеро, ки падарат бар мо ниҳода буд, сабук гардон»?»
  10. Ва он ҷавонон, ки бо ӯ калон шуда буданд, ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин қавме ки ба ту сухан ронда, гуфтаанд: «Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту онро барои мо  сабук гардон», — ту ба  онҳо чунин бигӯ:   «Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст;
  11. Ва алҳол, падарам юғи гароне бар шумо ниҳода буд, вале ман юғи шуморо боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман шуморо бо нешҳои каждум ҷазо хоҳам дод»».

Тақсим шудани мамлакат. Ёробъом бар Исроил подшоҳ, мегардад.

  1. Ва Ёробъом ва тамоми қавм дар рӯзи   сеюм  назди Раҳабъом омаданд, чунон ки подшоҳ сухан ронда,   гуфта буд: «Дар рӯзи сеюм назди ман биёед».
  2. Ва подшоҳ ба онҳо ҷавоби сахт гардонид; ва подшоҳ Раҳабъом машварати пиронро рад кард.
  3. Ва бар тибқи машварати ҷавонон ба онҳо гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман онро боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман — бо нешҳои каждум».
  4. Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо насиб шуда буд, то ки Худованд каломи Худро, ки ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.
  5. Ва тамоми Исроил диданд, ки подшоҳ ба онҳо гӯш надод, ва қавм ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфтанд: «На ҳиссаест моро дар Довуд, ва на меросе дар писари Йисой. Эй Исроил, ба хаймаҳои худ биравед! Эй Довуд, акнун дар фикри хонаи худ бош!» Ва тамоми Исроил ба хаймаҳои худ рафтанд.
  6. Вале бар  он банӣ-Исроил,   ки дар  шаҳрҳои   Яҳудо сукунат доштанд, Раҳабъом подшоҳӣ мекард.
  7. Ва подшоҳ Раҳабъом  Ҳадӯромро, ки сардори хироҷ буд, фиристод, вале банӣ-Исроил ӯро сангборон карданд, ва ӯ мурд;  ва подшоҳ Раҳабъом шитобон ба ароба савор шуд, то ки ба Ерусалим бигрезад.
  8. Ва Исроил ба зидди хонадони Довуд балво карданд, ки то имрӯз давом дорад.

© IBT 1992

Реклама