Дуюм Вақоеънома боби 1

Подшоҳ шудани Сулаймон ва тақдим кардани қурбониҳо дар Ҷибъӯн.

  1. ВА Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.
  2. Ва Сулаймон ба тамоми  Исроил: ба мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва доварон,  ва ҳамаи  раисоне ки дар тамоми Исроил буданд, ба сардорони хонаводаҳо амр фармуд,
  3. Ва Сулаймон, ва тамоми ҷамоат ҳамроҳи ӯ, ба суи баландие ки дар Ҷибъӯн буд, рафтанд,  зеро хаймаи   ҷомеи Худо, ки Мусо, бандаи Худо, онро дар биёбон  сохта буд, дар он ҷо воқеъ буд.
  4. Аммо сандуқи   Худоро   Довуд  аз   Қирьят-Еорим ба маконе ки Довуд барояш тайёр карда буд, баровард,  зеро ки барои он дар Ерусалим хаймае барафрошта буд.
  5. Вале қурбонгоҳи мисине ки Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳур сохта буд, дар Ҷибъӯн пеши маскани Худованд воқеъ буд; ва Сулаймон ва ҷамоат онро зиёрат карданд.
  6. Ва Сулаймон дар он ҷо ба ҳузури Худованд назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.

Рӯъёи Сулаймон ва илтимоси ӯ дар бораи атои ҳикмат.

  1. Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».
  2. Ва Сулаймон ба Худо гуфт:   «Ту ба падарам Довуд эҳсони азиме кардӣ, ва маро ба ҷои ӯ подшоҳ сохтӣ.
  3. Алҳол, эй Худованд  Худо,   бигзор он сухане ки Ту ба падарам Довуд гуфтаӣ, ба амал ояд, зеро ки Ту маро бар қавме ки мисли ғубори замин сершуморанд, подшоҳ сохтаӣ.
  4. Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо,  то ки   ба ин қавм тавонам роҳбарӣ  кунам,   зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»
  5. Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват,  дороӣ ва ҷалол,  ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳик-мат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, —
  6. Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба ан-дозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд,  ва баъд аз ту мисли он нахоҳанд дошт».
  7. Ва Сулаймон аз зиёрати баландие ки дар Ҷибъӯн буд, аз ҳузури хаймаи ҷомеъ ба Ерусалим омад, ва бар  Исроил подшоҳӣ кард.
  8. Ва Сулаймон аробаҳо ва саворагон ҷамъ кард: ӯ ҳазо-ру чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор нафар саворагон дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо   ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
  9. Ва подшоҳ нуқра ва тиллоро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
  10. Ва аспонро барои Сулаймон   аз   Миср   ва   аз  Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.
  11. Ва як аробаро аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нуқра харида меоварданд, ва як аспро — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва под-шоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.

© IBT 1992

Реклама