Якум Вақоеънома боби 6

Алоҳида дар бораи насли Левӣ ва Ҳорун.

  1. ПИСАРОНИ Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
  2. Ва писарони Қаҳот: Амром, Йисҳор ва Ҳебрӯн   ва Уззиил.
  3. Ва фарзандони Амром:  Ҳорун ва Мусо ва Марьям; ва писарони Ҳорун: Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор.
  4. Элъозор Финҳосро ба дуньё овард; Финҳос Абишуаро ба дуньё овард;
  5. Ва Абишуа Буққиро ба дуньё овард, ва Буққӣ Уззиро ба дуньё овард;
  6. Ва Уззӣ   Зараҳьёро   ба   дуньё   овард,   ва   Зараҳьё Мароютро ба дуньё овард;
  7. Ва Мароют   Амарьёро   ба   дуньё   овард,   ва   Амарьё Аҳитубро ба дуньё овард;
  8. Ва Аҳитуб Содӯқро ба дуньё овард, ва Содӯқ Аҳи-маасро ба дуньё овард;
  9. Ва Аҳимаас  Азарьёро   ба   дуньё   овард,   ва   Азарьё Йӯҳононро ба дуньё овард;
  10. Ва Йӯҳонон Азарьёро ба дуньё овард; вай ҳамон аст, ки дар хонае ки Сулаймон дар Ерусалим бино кард, коҳин буд.
  11. Ва Азарьё   Амарьёро   ба   дуньё   овард,   ва   Амарьё Аҳитубро ба дуньё овард;
  12. Ва Аҳитуб Содӯқро ба дуньё овард, ва Содӯқ Шал-лумро ба дуньё овард;
  13. Ва Шаллум   Ҳилқиёро   ба   дуньё   овард,  ва Ҳилқиё Азарьёро ба дуньё овард;
  14. Ва Азарьё Сароёро ба дуньё овард, ва Сароё Еҳӯсо-доқро ба дуньё овард;
  15. Ва Еҳӯсодок ба асирӣ рафт, вақте ки Худованд аҳли Яҳудо ва Ерусалимро ба воситаи Набукаднесар ҷалои ватан кард.
  16. Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
  17. Ва инҳоянд   номҳои   писарони   Ҷершӯн:   Либнӣ  ва Шимъӣ.
  18. Ва писарони   Қаҳот:   Амром   ва  Йисҳор ва Ҳебрӯн ва Уззиил.
  19. Писарони Марорӣ:   Маҳлӣ   ва   Мушӣ;  ва  инҳоянд оилаҳои Левӣ бар ҳасби хонаводаҳошон.
  20. Аз они   Ҷершӯн:   писараш   Либнӣ,   писараш   Яҳат, писараш Зиммо;
  21. Писараш Юоҳ, писараш Иддӯ, писараш Зораҳ, писа-раш Еотрай.
  22. Писарони Қаҳот: писараш Амминодоб, писараш Қӯраҳ, писараш Ассир,
  23. Писараш Элқоно  ва  писараш  Эбьёсоф  ва  писараш Ассир,
  24. Писараш Таҳат, писараш Уриил, писараш  Уззиё ва писараш Шоул.
  25. Ва писарони Элқоно: Амосай ва Аҳимӯт.
  26. Элқоно; писарони Элқоно: писараш Сӯфай ва писараш Наҳат;
  27. Писараш Элиоб,  писараш Ерӯҳом, писараш Элқоно.
  28. Ва писарони Самуил: нахустзодааш Юил, дуюмаш Абиё.
  29. Ва писарони Марорӣ: Маҳлӣ, писараш Либнӣ, писа-раш Шимъӣ, писараш Уззо;
  30. Писараш Шимъо,   писараш  Ҳаҷиё,   писараш Асоё.
  31. Ва инҳоянд, ки Довуд барои сурудгӯӣ   дар   хонаи Худованд таъин намуд, баъд аз он ки сандуқ дар оромгоҳаш гузошта шуд.
  32. Ва онҳо пеши маскани хаймаи ҷомеъ хизматгузорони сурудгӯй буданд, то вақте ки Сулаймон хонаи Худовандро дар Ерусалим бино кард, ва онҳо мувофиқи  низомномаи худ бар хизмати худ меистоданд.
  33. Ва инҳоянд, ки бо писарони худ меистоданд: аз писа-рони қаҳотиён: Ҳеймони муғаннӣ, ибни Юил, ибни Самуил,
  34. Ибни Элқоно, ибни Ерӯҳом, ибни Алиил, ибни Тӯаҳ,
  35. Ибни Суф, ибни Элқоно, ибни Маҳат, ибни Амосой,
  36. Ибни Элқоно, ибни Юил, ибни Азарьё, ибни Сафаньё,
  37. Ибни Таҳат, ибни Ассир, ибни Эбьёсор, ибни Қӯраҳ,
  38. Ибни Йисҳор, ибни Қаҳот, ибни Левӣ, ибни Исроил.
  39. Ва бародараш Ософ, ки ба ямини ӯ меистод, — Ософ ибни Боракьёҳу, ибни Шимъо,
  40. Ибни Микоил,   ибни   Баасиё,   ибни  Малкиё,
  41. Ибни Этнй, ибни Зораҳ, ибни Адоё,
  42. Ибни Эйтон, ибни Зиммо, ибни Шимъӣ,
  43. Ибни Яҳат, ибни Ҷершӯн, ибни Левӣ.
  44. Ва писарони Марорӣ, бародарҳошон, ба тарафи чап буданд: Эйтон ибни Қишӣ, ибни Абдӣ, ибни Маллук,
  45. Ибни Ҳашабьё, ибни Амасьё, ибни Ҳилқиё,
  46. Ибни Амсӣ, ибни Бонӣ, ибни Шомар,
  47. Ибни Маҳлӣ, ибни Мушӣ, ибни Марорӣ, ибни Левӣ.
  48. Ва бародаронн   онҳо,   левизодагон,  ба ҳар хизмати маскани хонаи Худо таъин шуданд.
  49. Ва Ҳорун ва  писаронаш  бар  қурбонгоҳи  қурбонии сӯхтанӣ ва бар қурбонгоҳи бухур қурбониҳо месӯзониданд ва ҳар корро дар қудси қудсҳо барои кафорати Исроил ба ҷо  меоварданд,  мувофиқи ҳар он чи Мусо, бандаи Худо, амр фармуда буд.
  50. Ва инҳоянд писарони Ҳорун: писараш Элъозор, писа-раш Финҳос, писараш Абишуа,
  51. Писараш Буққӣ, писараш Уззӣ, писараш Зараҳьё,
  52. Писараш Мароют, писараш Амарьё, писараш Аҳитуб,
  53. Писараш Содӯқ, писараш Аҳимаас.

Шаҳрҳои коҳинон ва левизодагон.

  1. Ва инҳоянд масканҳои   онҳо,   бар  ҳасби  деҳоташон, дар ҳудудашон:   ба  писарони Ҳорун аз қабилаи қаҳотиён, — чунки қуръаи аввалин аз они онҳо буд, —
  2. Ҳебрӯнро дар замини Яҳудо бо ҳаволии гирду пеши он доданд.
  3. Вале киштзори ин шаҳр ва деҳоташро ба Колеб ибни Ефунне доданд.
  4. Ва ба писарони Ҳорун шаҳрҳои гурезгоҳ: Ҳебрӯн ва Либноро бо ҳаволии он, ва Яттир ва Эштемӯаро бо ҳаволии он доданд,
  5. Ва Ҳиленро бо ҳаволии он, ва Дабирро бо ҳаволии он,
  6. Ва Ошонро бо ҳаволии он, ва Байт-Шемешро бо ҳаво-лии он,
  7. Ва аз хонадони Биньёмин — Ҷобаъро бо ҳаволии он, ва Оламатро бо ҳаволии он, ва Анотӯтро бо ҳаволии он, — ҳамаи шаҳрҳои онҳо мувофиқи қабилаҳошон сездаҳ шаҳр буд.
  8. Ва ба бақияи писарони Қаҳот, аз қабилаҳои ин хона-дон, мувофиқи қуръа, аз ҳиссаи мероси нисфи хонадони Менашше даҳ шаҳр расид.
  9. Ва ба писарони Ҷершӯн, бар ҳасби қабилаҳошон, аз хонадони Иссокор ва аз хонадони Ошер ва аз хонадони Нафтолӣ  ва  аз хонадони  Менашше, ки дар  Бошон буд, сездаҳ шаҳр расид.
  10. Ва ба писарони Марорӣ, бар  ҳасби қабилаҳошон, аз хонадони Реубен ва аз хонадони Ҷод ва аз хонадони Забу-лун, мувофиқи қуръа, дувоздаҳ шаҳр расид.
  11. Ва банӣ-Исроил ин шаҳрҳоро бо  ҳаволии   онҳо   ба левизодагон доданд.
  12. Ва ин шаҳрҳоро,   ки   номҳошон   зикр   шудааст, аз хонадони  банӣ-Яҳудо  ва  аз хонадони банӣ-Шимъӯн ва аз хонадони банӣ-Биньёмин мувофиқи қуръа доданд.
  13. Ва барои баъзе қабилаҳои банӣ-Қаҳот шаҳрҳои ҳуду-дашон аз хонадони Эфроим буд.
  14. Ва ба онҳо шаҳрҳои гурезгоҳро: Шакемро дар кӯҳи Эфроим бо ҳаволии он, ва Ҷозарро бо ҳаволии он доданд.
  15. Ва Ёқмеомро бо ҳаволии он, ва   Байт-Ҳӯрӯнро   бо ҳаволии он,
  16. Ва Аёлӯнро  бо  ҳаволии  он,   ва   Ҷат-Риммӯнро   бо ҳаволии он;
  17. Ва аз нисфи хонадони Менашше — Онирро бо ҳаво-лии он, ва Билъомро бо ҳаволии он, барои бақияи қабилаҳои банӣ-Қаҳот;
  18. Ва барои банӣ-Ҷершӯн аз қабилаҳои нисфи хонадони Менашше — Ҷӯлонро дар Бошон бо ҳаволии он, ва Ашто-рӯтро бо ҳаволии он;
  19. Ва аз хонадони Иссокор — Қодешро бо ҳаволии он, ва Добратро бо ҳаволии он,
  20. Ва Ромӯтро бо ҳаволии он, ва Онимро бо ҳаволии он;
  21. Ва аз хонадони Ошер — Мошолро бо ҳаволии он, ва Абдӯнро бо ҳаволии он,
  22. Ва Ҳуқӯқро бо ҳаволии он, ва Раҳӯбро бо ҳаволии он;
  23. Ва аз хонадони Нафтолӣ — Қодешро дар Ҷалил бо ҳаволии он, ва Ҳаммӯнро  бо ҳаволии он, ва Қирьётаимро бо ҳаволии он.
  24. Ва ба бақияи писарони Марорӣ: аз хонадони Забулун — Риммӯнро бо ҳаволии он, ва Тобӯрро бо ҳаволии он;
  25. Ва аз он тарафи Ӯрдун, дар рӯ ба  рӯи Ериҳӯ,   ба ҷониби шарқии Урдун, аз хонадонн Реубен — Босарро дар биёбон бо ҳаволии он, ва Яҳсоро бо ҳаволии он,
  26. Ва Қадемӯнро бо ҳаволии он, ва Мифаатро бо ҳаволии он;
  27. Ва аз хонадони Ҷод — Ромӯтро дар Ҷилъод бо ҳаволии он, ва Маҳаноимро бо ҳаволии он,
  28. Ва Ҳешбӯнро бо ҳаволии он, ва Яъзирро бо ҳаволии он.

© IBT 1992

Реклама