Якум Вақоеънома боби 5

Насли Реубен,  Ҷод, Менашше ва Левӣ.

  1. ВА писарони Реубен, нахустзодаи Исроил, — зеро ки ӯ нахустзода буд, вале вақте ки бистари падарашро палид кард, нахустзодагии ӯ ба писарони Юсуф ибни Исроил дода шуд, ва дар насабномаи ӯ нахустзодагӣ инъикос наёфт;
  2. Ва агарчи  Яҳудо   бар   бародаронаш   бартарӣ   пайдо карда, пешво аз ӯ пайдо шуд, вале нахустзодагӣ аз они Юсуф гардид.
  3. Писарони Реубен, нахустзодаи Исроил: Ҳанӯх ва Фал-лу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.
  4. Писарони Юил: писараш Шамаъё, писараш Ҷуҷ, пи-сараш Шимъӣ,
  5. Писараш Мико, писараш Раоё, писараш Баал,
  6. Писараш Баэро, ки ӯро Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, ба асирӣ бурд, ва ӯ раиси реубениён буд.
  7. Ва бародаронаш, бар ҳасби хонаводаҳошон, мувофиқи рӯйхати насабномаҳошон, Яиил, ки сардор буд, ва Закарьёҳу,
  8. Ва Болаъ ибни Озоз, ибни Шомаъ, ибни Юил, ки дар Арӯэр то Набӯ ва Баал-Маӯн сокин буд,
  9. Ва ба тарафи шарқ то даромадгоҳи биёбон, ки ибти-дояш аз наҳри Фурот буд, сукунат дошт, зеро ки рамаҳои чорвои онҳо дар замини Ҷилъод сершумор шуда буд.
  10. Ва дар айёми Шоул онҳо бо ҳоҷариён ҷанг карданд, ва ҳоҷариён ба   дасти  онҳо  афтоданд;   ва  онҳо дар тамоми музофоти шарқии Ҷилъод дар хаймаҳои  ҳоҷариён   сокин шуданд.
  11. Ва банӣ-Ҷод дар рӯ ба рӯи онҳо то Салко, ки дар замини Бошон буд, сукунат доштанд.
  12. Юил сардорашон, ва Шофом муовини ӯ буд, ва Яънай ва Шофот дар Бошон буданд.
  13. Ва бародарони онҳо, бар ҳасби хонаводаҳошон: Микоил ва Машуллом ва Шобаъ ва Юрай ва Яъкон ва Зияъ ва Эбар — ҳафт нафар.
  14. Инҳоянд писарош Абиҳоил ибни Ҳурӣ, ибни Ёрӯаҳ, ибни Ҷилъод, ибни Микоил, ибни Ешишай, ибни Яҳдӯ, ибни Буз;
  15. Аҳӣ ибни  Абдиил,   ибни Ҷунӣ сардори  хонаводаи онҳо буд.
  16. Ва онҳо дар Ҷилъод ва Бошон ва деҳоташ, ва дар ҳамаи чарогоҳҳои Шорӯн то ақсои он сокин буданд.
  17. Насабномаи ҳамаашон   дар   айёми   Ютом,   подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом, подшоҳи Исроил, тартиб дода шуда буд.
  18. Аз банӣ-Реубен ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ҷанговарон, касоне ки сипар ва шамшер мебардоштанд, ва камондорон, ва   ҷангозмудагон,   ки   ба   майдони   корзор мебаромаданд, чилу чор ҳазору ҳафтсаду шаст нафар буданд.
  19. Ва онҳо бо ҳоҷариён ва Йитур ва Нофиш ва Нӯдоб ҷанг карданд.
  20. Ва бар зидди инҳо кӯмак гирифтанд, ва ҳоҷариён ва ҳамаи ҳамроҳонашон ба дасти онҳо таслим гардиданд, зеро ки онҳо дар вақти ҷанг ба Худо истиғоса бурданд, ва Ӯ истиғосаи   онҳоро   иҷобат   намуд,   чунки   ба   Ӯ  таваккал карданд.
  21. Ва аз чорвои онҳо ба ғанимат гирифтанд: панҷоҳ ҳазор шутур, ва дусаду панҷоҳ ҳазор гӯсфанд, ва ду ҳазор хар, ва сад ҳазор ҷони одам,
  22. Зеро бисьёр касон кушта шуданд, чунки ин ҷанг аз ҷониби Худо буд; ва  ба  ҷои инҳо то  вақти асирии худ сокин шуданд.
  23. Ва писарони нисфи сибти Менашше дар он замин, аз Бошон то Баал-Ҳермӯн ва Санир ва кӯҳи Ҳермӯн сокин буданд; онҳо афзоиш ёфтанд.
  24. Ва инҳоянд сардорони хонаводаҳошон: Эфар ва Йишъӣ ва Алиил ва Азриил ва Ирмиё ва Ҳӯдавьё ва Яҳдиил, ки мардони шуҷои ҷангӣ, мардони номдор, сардорони хонаво-даҳои худ буданд.
  25. Валекин ба Худои падарони худ хиёнат  карданд, ва ба худоёни қавмҳои он замин, ки Худо аз пеши онҳо маҳв карда буд, пайравӣ намуда, бо зино машғул шуданд.
  26. Ва Худои Исроил рӯҳи Фул, подшоҳи Ашшур, ва рӯҳи Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшурро барангехт, ва ӯ реубе-ниён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашшеро ба асирӣ гирифт, ва онҳоро ба Ҳалаҳ ва Ҳобӯр ва Ҳоро ва наҳри Ҷӯзон овард, ки то имрӯз онҳо дар он ҷо мебошанд.

© IBT 1992