Якум Вақоеънома боби 2

Насли Яъқуб ва Яҳудо.

  1. ИНҲОЯНД писарони Исроил: Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо, Иссокор ва Забулун,
  2. Дон, Юсуф ва Биньёмин, Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.
  3. Писарони Яҳудо: Эр ва Ӯнон ва Шело, — ин се нафар барои ӯ аз Бат-Шуои канъонӣ таваллуд ёфтанд; ва нахустзо-даи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд ношоям буд, ва Ӯ варо миронид.
  4. Ва келинаш Томор барои ӯ Форас ва Зораҳро зоид; писарони Яҳудо ҷамъ панҷ нафар буданд.
  5. Писарони Форас: Ҳесрӯн ва Ҳомул.
  6. Ва писарони Зораҳ:   Зимрӣ ва Эйтон ва Ҳеймон ва Калкул ва Дораъ; ҷамъ панҷ нафар буданд.
  7. Ва писарони Кармӣ: Охори балоангези Исроил, ки дар бобати ғанимати ҳаром хиёнат карда буд.
  8. Ва писарони Эйтон: Азарьё.
  9. Ва писарони Ҳесрӯн, ки барои ӯ таваллуд ёфтанд: Ераҳмеил ва Ром ва Келубой.
  10. Ва Ром Аминодобро ба дуньё овард,   ва  Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ки вай раиси банӣ-Яҳудо буд.
  11. Ва Наҳшӯн Салморо ба дуньё овард, ва Салмо Бӯазро ба дуньё овард.
  12. Ва Бӯаз Убидро ба дуньё овард, ва Убид Йисойро ба дуньё овард.
  13. Ва Йисой нахустзодаи худ Элиобро ба дуньё овард, ва дуюмин — Абинодобро, ва сеюмин — Шимъоро,
  14. Ва чорумин — Натанъилро, ва панҷумин — Раддайро,
  15. Ва шашумин — Ӯсамро, ва ҳафтумин — Довудро.
  16. Ва хоҳаронашон Саруё ва Абиҷайл буданд. Ва писарони Саруё — Абшай ва Юоб ва Асоил; се нафар.
  17. Ва Абиҷайл Амосоро зоид. Ва падари  Амосо  Ётари исмоилӣ буд.
  18. Ва Колеб ибни Ҳесрӯн аз зани худ Азубо ва аз Ериӯт фарзандон ба дуньё овард, ва писаронаш  инҳоянд:  Ёшар ва Шубоб ва Ардӯн.
  19. Ва Азубо мурд, ва Колеб Эфратро гирифт, ва ӯ Ҳурро барои вай зоид.
  20. Ва Ҳур Уриро ба дуньё овард, ва Урӣ Басалъилро ба дуньё овард.
  21. Ва сонӣ Ҳесрӯн назди духтари Мокир, падари Ҷилъод, даромад, ва ӯро гирифт, дар ҳолате ки шастсола буд, ва ӯ барои вай Саҷубро зоид.
  22. Ва Саҷуб Ёирро ба дуньё овард, ва ӯ дар замини Ҷилъод бисту се шаҳр дошт.
  23. Вале Ҷашур ва Арам деҳоти Ёир, Қанот ва қасабаҳои онро, ки шаст шаҳр буд, аз онҳо гирифтанд, — ҳамаи инҳо ба писарони Мокир, падари Ҷилъод, тааллуқ; дошт.
  24. Ва баъд аз он ки Ҳесрӯн дар Колеб-Эфрат мурд, Абиё, зани Ҳесрӯн, барои ӯ Ашҳурро зоид, ки вай падари Тақӯо буд.
  25. Ва писарони   Ераҳмеил,   нахустзодаи   Ҳесрӯн,   инҳо буданд: нахустзодааш Ром ва  Буно  ва  Ӯран  ва Ӯсам ва Аҳиё.
  26. Ва Ераҳмеил зани дигаре дошт, ки номаш Аторо буд, ва ӯ модари Ӯном буд.
  27. Ва писарони Ром, нахустзодаи Ераҳмеил, инҳо буданд: Маас ва Ёмин ва Эқар.
  28. Ва писарони Ӯном Шаммай ва Ёдоъ буданд, ва писа-рони Шаммай — Нодоб ва Абишур.
  29. Ва номи  зани Абшур Абиҳоил буд, ва ӯ Аҳбон ва Мӯлидро барои вай зоид.
  30. Ва писарони Нодоб: Солад ва Апоим; ва  Солад бе фарзанд мурд.
  31. Ва писарони Апоим: Йишъӣ; ва писарони Йишъӣ: Шешон; ва писарони Шешон: Аҳлой.
  32. Ва писарони Ёдоъ, бародари Шаммай: Ётар ва Йӯнотон; ва Ётар бе фарзанд мурд.
  33. Ва писарони Йӯнотон: Фолат ва Зозо. Инҳо писарони Ераҳмеил буданд.
  34. Ва Шешон писаре надошт, балки фақат духтарон дошт; ва Шешон ғуломи мисрие дошт, ва номаш Ярҳоъ буд.
  35. Ва Шешон духтари худро ба ғуломаш Ярҳоъ ба занӣ дод, ва ӯ Аттойро барои вай зоид.
  36. Ва Аттой Нотонро ба дуньё овард, ва Нотон Зободро ба дуньё овард.
  37. Ва Зобод Эфлолро ба дуньё овард, ва Эфлол Убидро ба дуньё овард.
  38. Ва Убид Еҳуро ба дуньё овард, ва Еҳу Азарьёро ба дуньё овард.
  39. Ва Азарьё Ҳоласро ба дуньё овард, ва Ҳолас Элъосоро ба дуньё овард.
  40. Ва Элъосо   Сисмойро   ба   дуньё   овард,   ва   Сисмой Шаллумро ба дуньё овард.
  41. Ва Шаллум   Еқамьёро   ба  дуньё   овард,   ва   Еқамьё Элишомаъро ба дуньё овард.
  42. Ва писарони Колеб,   бародари   Ераҳмеил:   нахустзо-дааш Мешоъ, ки падари Зиф буд, ва писарони Морешо, падари Ҳебрӯн.
  43. Ва писарони   Ҳебрӯн:   Қӯраҳ  ва  Тапуаҳ  ва   Роцам ва Шомаъ.
  44. Ва Шомаъ Раҳам, падари Ёрқеомро ба дуньё овард, ва Роқам Шаммайро ба дуньё овард.
  45. Ва писари Шаммай: Моӯн; ва Моӯн падари Байт-Сӯр буд.
  46. Ва Эйфо, суррияи Колеб, Ҳорон ва Мӯсо ва Ҷозизро зоид; ва Ҳорон Ҷозизро дуньё овард.
  47. Ва писарони Ёҳдой: Роҷам ва Ютом ва Ҷишон  ва Фолат ва Эйфо ва Шоаф.
  48. Маако, суррияи Колеб, Шобар ва Тирҳаноро зоид.
  49. Ва ӯ низ Шоаф, падари Мадманно, ва Шаво, падари Макбено ва падари Ҷибъоро зоид. Ва духтари Колеб Аксо буд.
  50. Писарони Колеб ибни Ҳур, нахустзодаи Эфрат, инҳо буданд: Шубол, падари Қирьят-Еорим;
  51. Салмо, падари Байт-Лаҳм; Ҳориф, падари Байт-Ҷодир.
  52. Ва Шубол,   падари   Қирьят-Еорим,   писарон   дошт: Ҳорӯз, Ҳасӣ-Ҳамнуҳӯт.
  53. Ва оилаҳои Қирьят-Еорим: йитриён ва футиён, шумо-тиён ва мишроиён, ки аз онҳо соръотиён ва эштоулиён ба вуҷуд омадаанд.
  54. Писарони Салмо: Байт-Лаҳм, натӯфотиён, Атрӯт-Байт-Юоб, ҳасӣ-ҳамнуҳӯтиён ва соръиён.
  55. Ва оилаҳои котибоне ки дар Яъбис сокин буданд: тиръотиён, шимъотиён, сукотиён; инҳо қиниёнанд, ки аз Ҳаммат, падари Байт-Рикоб, пайдо шудаанд.

© IBT 1992

Реклама