Якум Вақоеънома боби 10

Ҳалокати Шоул.

  1. ВА фалиштиён бо Исроил ҷанг мекарданд, ва мардуми Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва бар кӯҳи Ҷилбӯа шаҳид шуда афтоданд.
  2. Ва фалиштиён ба Шоул ва писаронаш омада расиданд; ва фалиштиён   Йӯнотон   ва  Абинодоб   ва  Малкӣ-Шуа — писарони Шоулро куштанд.
  3. Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд;  ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд, ва ӯ аз дасти тирандозон захмӣ шуд.
  4. Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта,  бар он афтод.
  5. Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, мурд.
  6. Ва Шоул ва се писараш мурданд, ва тамоми хонадонаш якҷоя мурданд.
  7. Ва тамоми мардуми Исроил, ки дар водӣ буданд, чун диданд, ки исроилиён рӯ ба гурез овардаанд, ва Шоул ва писаронаш мурдаанд, —шаҳрҳои худро партофта, гурехтанд; ва фалиштиён омада, дар онҳо сокин шуданд.
  8. Ва фардояш фалиштиён барои луч кардани шаҳидон омаданд, ва Шоул ва писаронашро ёфтанд,  ки бар  кӯҳи Ҷилбӯа афтода буданд.
  9. Ва ӯро луч карданд, ва сари ӯ ва аслиҳаи ӯро гириф-танд, ва ба ҳар тарафи замини фалиштиён фиристоданд, то ки ба бутхонаҳои худ ва ба қавм мужда диҳанд.
  10. Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи худоёни худ гузоштанд, ва сари ӯро дар хонаи Доҷӯн бо мех кӯфта монданд.
  11. Ва тамоми аҳли Ёбиш-Ҷилъод он чиро, ки фалиштиёи ба Шоул карда буданд, шуниданд.
  12. Ва ҳамаи мардони далер бархоста, ҷасади Шоул ва ҷасадҳои  писаронашро   бардоштанд,   ва   ба   Ёбиш   оварда, устухонҳои   онҳоро   зери   дарахти   писта   дар   Ёбиш   дафн карданд, ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.

Маъсияти Шоул, ки аз боиси он аз подшоҳӣ маҳрум гардид.

  1. Ва Шоул аз боиси маъсияти худ, ки пеши Худованд ба амал овард, мурд, яъне аз боиси он ки каломи  Худовандро риоя накард, ва ба ҷодугар бо савол муроҷиат намуд,
  2. Вале ба   Худованд   муроҷиат   нанамуд,   ва   Ӯ   варо миронид, ва салтанатро ба Довуд ибни Йисой гузаронид.

© IBT 1992

Реклама