Чорум Подшоҳон боби 9

Еҳу ба подшоҳӣ тадҳин карда шуд.

  1. ВА Элишои набӣ якеро аз банӣ-анбиё хонда, ба вай гуфт: «Камари  худро   бибанд,   ва   ин   зарфи равғанро ба дасти худ гирифта, ба Ромӯт-Ҷилъод бирав.
  2. Ва ба он ҷо расида, Еҳу ибни Еҳӯшофот ибни Нимширо дар он ҷо хоҳӣ дид; ва омада, ӯро аз миёни бародаронаш бархезон, ва ӯро ба ҳучраи дарунӣ дохил намо.
  3. Ва зарфи равғанро гирифта, бар сари ӯ бирез, ва бигӯ: «Худованд чунин мегӯяд: туро тадҳин намудам, то ки бар Исроил подшоҳ бошӣ». Ва дарро кушода, бигрез, ва интизор нашав».
  4. Ва он амрад, ки набии ҷавон буд, ба Ромӯт-Ҷилъод равона шуд.
  5. Ва ҳангоме ки ба он ҷо расид, инак, сардорони лашкар нишастаанд, ва ӯ гуфт: «Эй сардор, ба ту сухане дорам». Ва Еҳу гуфт: «Ба кадоме аз моён?» Ва ӯ гуфт: «Ба ту, эй сардор».
  6. Вай бархоста, ба хона дохил шуд, ва ӯ равғанро ба сари вай рехта, ба вай гуфт: «Худованд   Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман туро тадҳин намудам, то ки бар қавми Худованд, бар Исроил подшоҳ бошӣ;
  7. Ва ту хонадони оғои худ Аҳъобро нест  хоҳӣ   кард, то ки Ман интиқоми хуни бандагони анбиё ва хуни ҳамаи бандагони Худовандро аз дасти Изобал бигирам;
  8. Ва тамоми хонадони Аҳъоб ба ҳалокат хоҳанд расид, ва Ман аз Аҳъоб ҳар наринаро,  хоҳ  бандӣ  ва  хоҳ  озод дар Исроил бошад, маҳв хоҳам кард;
  9. Ва хонадони Аҳъобро мисли хонадони Ёробъом ибни Набот ва мисли хонадони Баъшо ибни Аҳиё хоҳам гардонид;
  10. Ва Изобалро сагон дар саҳрои Изреъил хоҳанд хӯрд, ва дафнкунандае нахоҳад буд». Ва ӯ дарро кушода, гурехт.
  11. Ва Еҳу назди навкарони оғои худ баромад, ва касе ба ӯ гуфт: «Оё саломатист? Ин девона барои чӣ назди ту омадааст?» Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин одам ва нутқашро медонед».
  12. Ва онҳо гуфтанд: «Ин дурӯғ аст; лутфан, ба мо бигӯ!» Ва ӯ гуфт: «Вай чунин ва чунон ба ман сухан ронда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: Ман туро тадҳин намудам, то ки бар Исроил подшоҳ бошӣ»».
  13. Ва онҳо шитоб намуда, ҳар яке либоси худро дар таги ӯ бар баландии зинапоя гузоштанд, ва шох навохта, гуфтанд: «Еҳу подшоҳ шуд!»

Еҳу Йӯромро мекушад.

  1. Ва Еҳу ибни Еҳӯшофот ибни Нимшӣ бар Йӯром суиқасд кард; ва  Йӯром  бо  тамоми   Исроил  Ромӯт-Ҷилъодро   аз Ҳазоил,  подшоҳи Арам,  нигаҳбонӣ менамуд.
  2. Вале подшоҳ Йӯром ба Изреъил баргашта буд, то аз захмҳое ки арамиён ба ӯ расонида буданд,  вақте   ки   бо Ҳазоил, подшоҳи Арам меҷангид, шифо ёбад. Ва Еҳу гуфт: «Агар дили шумо ин аст, бигзор ҳеҷ кас  аз  шаҳр  берун набарояд, то ки ба Изреъил рафта хабар  диҳад».
  3. Ва Еҳу ба асп савор шуда, ба Изреъил рафт, чунки Йӯром дар он ҷо хобида буд; ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром омада буд.
  4. Ва дидбоне бар бурҷи Изреъил истода буд, ва издиҳоми Еҳуро дар вақти омадани вай дида, гуфт: «Ман издиҳоме мебинам». Ва Йӯром гуфт:  «Савореро гирифта, ба истиқболи онҳо бифирист, то ки бипурсад: «Оё саломатист?»»
  5. Ва аспсавор ба истиқболи ӯ рафта, гуфт:  «Подшоҳ чунин мегӯяд:  «Оё саломатист?»» Ва Еҳу гуфт:  «Туро  бо саломатӣ чӣ кор аст?  Аз қафои ман биё!» Ва дидбон хабар дода, гуфт: «Қосид назди онҳо расид, вале барнагашт».
  6. Ва аспсавори дуюмро фиристод, ва ӯ назди онҳо омада, гуфт: «Подшоҳ   чунин   мегӯяд: «Оё саломатист?»» Ва Еҳу гуфт: «Туро бо саломатӣ чӣ кор аст? Аз қафои ман биё!»
  7. Ва дидбон хабар дода, гуфт: «Вай назди онҳо расид, вале барнагашт; ва аспронӣ ба аспронии Еҳу ибни Нимшӣ монанд  аст,  зеро ки вай бошиддат асп меронад».
  8. Ва Йӯром гуфт: «Бибанд!» Ва аробаи ӯро бастанд. Ва Йӯром, подшоҳи   Исроил,   ва Аҳазьёҳу,   подшоҳи   Яҳудо, ҳар яке бар аробаи худ берун рафтанд; ва ба истиқболи Еҳу берун рафта, дар қитъаи Нобӯти изреъилӣ бо ӯ вохӯрданд.
  9. Ва ҳангоме ки Йӯром Еҳуро дид, гуфт: «Эй Еҳу, оё саломатист?» Ва ӯ гуфт: «Чӣ гуна саломатӣ хоҳад буд, дар сурате ки зинокориҳои модарат Изобал ва ҷодугариҳои вай ин қадар бисьёр аст?»
  10. Ва Йӯром дастҳояшро гардонида, рӯ ба гурез овард, ва ба Аҳазьёҳу гуфт: «Эй Аҳазьёҳу, хиёнат аст!»
  11. Ва Еҳу дасташро бар камон гузошта, Йӯромро дар миёни шонаҳои китфаш тир зад, ва тир аз дилаш гузашта берун омад, ва ӯ дар аробаи худ афтод.
  12. Ва Еҳу ба саркардаи худ Бидқар гуфт: «Варо бардошта, дар қитъаи замини Нобӯти изреъилӣ бипарто, ва ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ва ту бо ҷуфтҳои саворон аз қафои падари вай Аҳъоб равона будем, ва чӣ гуна ҳамон Худованд дар ҳаққи вай ин ваҳйро ба забон ронда буд:
  13. «Ба ростӣ, хуни Нобӯт ва хуни писаронашро Ман дирӯз дидам, — мегӯяд Худованд, — ва дар ин қитъаи замин ба ту подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд».   Ва  алҳол варо бардошта, бар тибқи каломи Худованд, дар ин қитъа бипарто».

Қатли Аҳазъёҳу.

  1. Ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо,  инро дида,  бо роҳи Байт-Ҳаҷан рӯ ба гурез овард; ва Еҳу ӯро таъқиб  намуда, гуфт: «Ӯро низ бизанед!» Ва ӯро дар аробааш бар тали Ҷур, ки назди Иблеом аст, захмдор карданд, ва ӯ то Маҷиддӯ гурехта, дар он ҷо мурд.
  2. Ва навкаронаш ӯро бо ароба ба Ерусалим оварданд; ва ӯро дар мақбараи худаш бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд.
  3. Ва дар соли  ёздаҳуми Йӯром ибни Аҳъоб Аҳазьёҳу бар Яҳудо подшоҳ шуд.

Қатли Изобал.

  1. Ва Еҳу ба Изреъил омад. Ва Изобал инро шунида, ба чашмонаш сурма кашид, ва сари худро зинат дода, аз тиреза нигарист.
  2. Ва ҳангоме ки Еҳу ба дарвоза дохил шуд, вай гуфт: «Оё туро, эй Зимрии кушандаи оғои худ,  саломатӣ хоҳад буд?»
  3. Ва ӯ руи худро сӯи тиреза бардошта, гуфт:  «Кист, ки пайрави ман бошад, кист?» Ва ду-се нафар аз хоҷасароён сӯи ӯ нигаристанд.
  4. Ва ӯ гуфт: «Варо берун партоед!» Ва онҳо варо берун партофтанд. Ва хуни вай бар девор ва бар аспон пош хӯрд, ва ӯ варо лагадкӯб кард.
  5. Ва ӯ даромада, хӯрд ва нӯшид; ва гуфт: «Ба он лаънатӣ таваҷҷӯҳ намуда, варо дафн кунед, чунки вай духтари подшоҳ аст».
  6. Ва барои   дафн  карданаш   рафтанд,   вале   ғайр   аз косаи сар, ва пойҳо, ва кафҳои даст, чизе аз вай  наёфтанд.
  7. Ва баргашта, ба  ӯ  хабар   доданд,  ва  ӯ  гуфт:   «Ин каломи Худованд аст,  ки ба воситаи бандаи худ Ильёси тишбӣ сухан ронда, гуфтааст: «Дар қитъаи замини Изреъил сагон гӯшти Изобалро хоҳанд хӯрд»».
  8. Ва лошаи Изобал бар рӯи саҳро, дар қитъаи Изреъил, мисли саргин гардида буд, ба тавре ки касе наметавонист бигӯяд: «Ин Изобал аст».

© IBT 1992

Реклама