Чорум Подшоҳон боби 7

Элишоъ замони мусоид ва гурехтани арамиёнро пешгӯӣ мекунад.

  1. ВА Элишоъ гуфт: «Каломи   Худовандро   бишнавед! Худованд чунин мегӯяд: «Фардо  дар  ҳамин  вақт як сео орди маҳин ба як сиқл, ва ду сео ҷав ба як  сиқл назди дарвозаи Сомария фурӯхта хоҳад шуд»».
  2. Ва саркардае ки подшоҳ бар дасти вай такья  мена-муд, ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони   худ  хоҳӣ  дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».
  3. Ва чор одами махавӣ дар даҳани дарвоза буданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Чаро мо дар ин ҷо биншинем, то даме ки бимирем?
  4. Агар гӯем: «Ба шаҳр дароем» — қаҳтӣ дар шаҳр аст, ва дар он ҷо хоҳем мурд; ва агар дар ин ҷо биншинем — хоҳем мурд. Пас, алҳол рафта, ба ӯрдугоҳи арамиён дохил ша-вем; агар онҳо моро зинда нигоҳ  доранд, — зинда  хоҳем монд, ва агар моро бикушанд, — хоҳем мурд».
  5. Ва дар вақти говгум бархостанд, то ки ба ӯрдугоҳи арамиён бираванд; ва ҳангоме ки ба канори ӯрдугоҳи ара-миён расиданд, — инак, касе дар он ҷо набуд.
  6. Ва Худованд дар ӯрдугоҳи арамиён садои аробаҳо, са-дои аспон, садои лашкари бузургеро шунавонид, ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Инак, подшоҳи Исроил подшоҳони ҳит-тиён ва подшоҳони мисриёнро ба муқобили мо киро карда-аст, то ки бар мо тохт оваранд».
  7. Ва онҳо бархоста, дар вақти говгум гурехтанд, ва хай-маҳо ва аспон ва харони худро — тамоми ӯрдугоҳро, чунон ки буд, — тарк карда, аз тарси ҷони худ рӯ ба гурез овар-данд.
  8. Ва он махавиён ба канори ӯрдугоҳ расида, ба як хайма даромаданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд, ва  аз он  ҷо нуқра ва тилло ва либос гирифта рафтанд ва пинҳон карданд; ва баргашта, ба хаймаи дигар даромаданд, ва аз он ҷо гирифта рафтанд ва пинҳон карданд.
  9. Ва ба якдигар гуфтанд:   «Кирдори  мо  дуруст   нест; имрӯз рӯзи башорат аст,   валекин   мо   хомӯш   мондем,   ва агар то рӯшноии   саҳарӣ   даранг   кунем,   гуноҳе   бар   сари мо хоҳад   афтод;   ва   алҳол   биёед,   биравем  ва  ба  хонаи подшоҳ хабар диҳем».
  10. Ва омада, дарвозабонони шаҳрро хонданд ва ба онҳо хабар дода, гуфтанд: «Мо ба ӯрдугоҳи арамиён рафта будем, ва инак, дар он ҷо на касе ҳаст ва на садои одамизод, балки аспони  басташуда,  ва харони  басташуда,   ва  хаймаҳо, чунон ки будаанд».
  11. Ва дарвозабононро хонданд, ва онҳо ба андаруни хо-наи подшоҳ хабар доданд.
  12. Ва подшоҳ шабона   бархоста,   ба  навкаронаш гуфт: «Ман ба шумо мегӯям, ки арамиён бо мо чӣ хоҳанд кард: онҳо  медонанд, ки мо гурусна ҳастем, ва аз ӯрдугоҳ   ба-ромада,  дар  саҳро пинҳон шудаанд, ва мегӯянд:  «Ҳамин ки аз шаҳр бароянд, онҳоро зинда дастгир карда, ба шаҳр дохил хоҳем шуд»».
  13. Ва яке аз навкаронаш ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигзор панҷ нафарро аз бақияи аспсаворон, ки дар он боқӣ монда-анд, бигиранд, — онҳо мисли тамоми ҷамоати Исроил,  ки дар он боқӣ мондаанд, мисли тамоми ҷамоати Исроил, ки нобуд шудаанд, мебошанд, — ва онҳоро мо мефиристем ва мебинем».
  14. Ва ду аспсаворро   гирифтанд,   ва  подшоҳ аз ақиби ӯрдуи арамиён фиристода, гуфт: «Биравед ва бубинед».
  15. Ва аз ақиби онҳо то Ӯрдун рафтанд, ва инак, тамоми роҳ аз либосҳо ва чизҳое ки арамиён саросема шуда партофта буданд, пур буд. Ва қосидон баргашта, ба подшоҳ хабар доданд.
  16. Ва қавм берун рафта, ӯрдугоҳи арамиёнро тороҷ кар-данд; ва як сео орди маҳин ба як сиқл, ва ду сео ҷав ба як сиқл, бар тибқи каломи Худованд, фурӯхта шуд.
  17. Ва подшоҳ он саркардаро, ки бар  дасти вай такья менамуд, назди дарвоза гузошт, ва қавм варо назди дарвоза поймол карданд, ки мурд, бар тибқи сухане ки марди Худо гуфта буд, яъне вақте ки подшоҳ назди вай фурӯд омад, вай сухан ронда, гуфта буд:
  18. Ҳангоме ки марди Худо ба подшоҳ сухан ронда, гуфт: «Ду сео ҷав ба як сиқл, ва як сео орди маҳин ба як сиқл фардо дар ҳамин вақт назди дарвозаи Сомария фурӯхта хо-ҳад шуд», —
  19. Он саркарда ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».
  20. Ва бо вай чунин рӯй дод: қавм варо назди дарвоза поймол карданд, ки мурд.

© IBT 1992

Реклама